Истиқлолият ва ташаккули низоми судӣ

№107 (4057) 05.09.2019

Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, ки 28 сол муқаддам ба он ноил гаштем, арзиши баланди маънавиест, ки заминаҳои ҳуқуқии ҳаёти шаҳрвандони мамлакатро асос гузоштааст. Он ҳамчун падидаи нодири сиёсиву иҷтимоӣ пешрафту дастоварди соҳаҳои гуногуни ҷумҳуриро зина ба зина таъмин намуд, ки низоми судӣ низ аз ин радиф истисно нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояшон истиқлолиятро барҳақ «рукни бунёдии озодии инсон» ва «ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон» номидаанд.

Дар ҳақиқат, институтҳои ҳуқуқӣ, ҳуҷҷату асноди муҳим маҳз пас аз соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ таъсис ва қабул гардиданд. Чунончӣ, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакат қабул гардид, ки муқаррароти он Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд. Инчунин, инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯро арзиши олӣ шинохта, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитриашро дахлнопазир дониста, риоя ва ҳифзи онро барои шаҳрвандон кафолат додааст.

Зимнан, Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави таърихии ҳокимияти судии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, зеро дар ин давра ислоҳоти конститутсионӣ сурат гирифт. Қабули Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар кишвар замина гузошт. Маҳз дар ҳамин давра ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд. Судҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфтанд. Таъсиси онҳо амри зарурӣ буд, зеро раванди ташаккули ягон давлати муосирро бе фаъолияти самараноки мақомоти судӣ, ки таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Чизи дигаре, ки дар даврони истиқлолият дар низоми судӣ муҳайё гардид, мустақил будани ҳокимияти судӣ, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани судҳо, манъи дахолат ба фаъолияти судяҳо, яъне дахлнопазирии онҳо мебошад. Ин ҷиҳат аз талаботи асосии давлати ҳуқубунёд ба ҳисоб рафта, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғараз, инчунин таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Ҳарчанд фаъолияти судҳо, хусусан, судҳои иқтисодӣ аз қабули Конститутсия маншаъ мегирад, лек то ин давра комиссияҳои арбитражӣ фаъолият менамуданд. Онҳо мақомоти давлатӣ оид ба ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ маҳсуб ёфта, замина барои ташаккул ва таъсиси судҳои иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ гаштанд. Хусусан, 4 ноябри соли 1995 бо қабули Қонун «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман судҳои иқтисодӣ ташкил ёфтанд, ки адолатро дар соҳаи соҳибкорӣ ва фаъолияти иқтисодӣ мувофиқи Конститутсия ва Қонун «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо роҳи баҳсҳои иқтисодӣ ва баррасии парвандаҳо ба амал мебароранд.

Воқеан, таъмини риояи волоияти қонун дар фаъолияти шохаҳои ҳокимият, иҷрои бечунучарои талаботи қонун аз тарафи шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият кафолати адолати иҷтимоӣ маҳсуб мегардад. Таъмини адолати иҷтимоӣ бошад, бе таъмини адолати иқтисодӣ имконпазир нест. Зарурати фаъолияти судҳои иқтисодӣ низ дар ҳамин асос меёбад.

Ҷои баҳс нест, ки дар мамлакат суд мавқеи воқеан ҳам мустақилро танҳо баъди соҳибистиқлолии давлат ба даст овард. Ин ҳам бо шарофати таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими ҳокимияти судӣ ва самаранокии фаъолияти судҳо муяссар гашт.

Илова бар ин, ҳадафи асосии талоши ҳар як халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи умури давлатдорист. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад. Барои миллати сарбаланди тоҷик мояи хушбахтист, ки ба Истиқлолияти давлатӣ шарафёб гашт. Истиқлолияти давлатӣ бошад, роҳро барои бунёди давлати озоду осоишта, мустақилу ҳуқуқбунёд боз намуд. Умедворем, ки миллати тоҷик бо шарофати ин арзиши воло ба рушду пешрафтҳои нав ба нав ноил хоҳад гашт. Танҳо зарур аст, ки қонунписанд бошем.

САМАДЗОДА Бахтиёр Қурбонхон, сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон