«Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ»

№108 (4058) 07.09.2019

Чанде пеш таҳти ин унвон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз доир гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои марбута, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Истиқлолияти давлатӣ дар рушди арзишҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ ва зикр кард, ки Истиқлолияти давлатӣ падидаи таърихиест, ки халқи тоҷик солҳо интизори он буд. Бинобар ин, баррасии масъалаҳои вобаста ба он бениҳоят зарур аст. Бояд он роҳеро, ки тай намудем,  таҳлил ва натиҷагирӣ кунем: чӣ дастовардҳо доштем, чӣ хато кардем ва дар оянда чӣ корҳоро бояд анҷом диҳем.

- Демократия институтест, ки мақоми фардро дар ҷомеа ҳамчун идоракунанда, қабулкунандаи қарорҳои созанда ва масъулиятнок болотар аз дигар мавҷудоти дунёӣ мегузорад. Яъне, демократия на барои ҳокимияти давлатӣ ҳамчун дастгоҳи идоракунӣ, балки барои мардум хизмат мекунад, ҷамъиятӣ мебошад. Зимнан, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар давлатҳои демократӣ мақоми баланд дорад, дар ҳалли мушкилоти рӯзмарра ҳамқадами ҳокимияти давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ, танҳо бо гуфтани он, ки мо ҷомеаи демократӣ дорем, масъулиятамон тамом  намешавад. Аз ин хотир, ҷиҳати ҳаҷми арзишҳои демократия корҳои фаҳмондадиҳиро бояд хуб ба роҳ монд, то насли ҷавон ва калонсол онҳоро бештар аз худ карда, қарори дуруст бароварда тавонанд, — гуфт ӯ.

Қиёмиддин Миралиён, ҳамчунин, гуфт, ки  арзишҳои заминавии демократия дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле возеҳ оварда шудааст. Яке аз арзишҳои бисёр муҳим, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҷиҳати талқини демократия муаррифӣ мекунад, ҳамон аст, ки дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Ҳоло дар шабакаҳои интернетӣ гурӯҳҳо ё нафароне ҳастанд, ки зери мафҳуми озодӣ ҷомеаро хеле маккорона гумроҳ карда, ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб месозанд. Аз ин рӯ, ин масъалаи муҳиме аст, ки мардум бояд дарк карда тавонанд.

Зикр шуд, ки рушди демократия, ҳам­ёрии институтҳои он ва ҳамқадамӣ бо ҷомеаи муосир, аз ҷумла, муттаҳид ва фаъол будани ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ҳокимияти давлатиро дар татбиқи рукнҳои конститутсионӣ тақозо мекунад. Ҳар кадом аз институти ҷомеаи демократӣ вазифа ва имкониятҳои хос дорад, ки то андозае баробарарзиш ва ҳамрадифанд. Дар сурати ба кор андохтани ҳамаи онҳо ва ё беҳтараш, муттаҳид сохтани онҳо баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат метавон ба рушди бонизом ва устувори ҷомеа ноил гардид.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва чанд тан аз иштирокчиёни дигар низ доир ба ҷанбаҳои гуногуни таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва рушди давлатдории миллӣ дар фазои ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ фикру андеша баён карданд.

Р. УМАР, «Садои мардум»