Истиқлолияти сиёсӣ ва рушди арзишҳои миллӣ

№107 (4057) 05.09.2019

ИстиклолиятТаърих шоҳид аст, ки барои мушарраф гаштан ба истиқлолияти пойдор ва рушду нумӯи он одамон чӣ қадар ҷоннисорӣ намудаанд. Муборизаи истиқлолиятталабона гиромитарин фасли таърихи ҳар як кишвар аст. Агар ба таърихи башарият назар афканем, хоҳем донист, ки аз замони пайдоши нахустин давлатҳо одамон кӯшиш менамудаанд, истиқлолияти давлатии хешро ҳифз ва мустаҳкам намоянд. Зеро ҳар давлате, ки нисбатан неруманд мегардид, талош менамуд, ки аз ҳисоби забт намудани ҳудуди кишвари дигар ва ба даст овардани захираҳои моддию маънавии он инкишофи хешро таъмин намояд. Аз ин ҷост, ки муборизаи истиқлолхоҳонаю истиқлолталабона баробари пайдоиши давлатҳои аввалин ба вуҷуд омадаанд.

Дар ҷаҳон халқияту миллатҳое, ки ҳанӯз ба озодӣ дастёб нагардидаанд, ҳамеша талош меварзанд, ки ба истиқлолияти давлатӣ мушарраф гарданд. Бинобар ин, истиқлолият ва истиқлолиятталабӣ ҳамчун гиромитарин саҳифа дар таърихи давлат бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шуда, дар зеҳну тафаккури одамон ҳамчун воситаи асосии дарёфти озодӣ ва таъмини ҳуқуқу уҳдадориҳо пазируфта мешавад. Дар илми сиёсӣ аксар вақт мафҳуми «истиқлолият» — ро бо мафҳуми соҳибихтиёрӣ ҳаммаъно медонанд, вале бояд гуфт, ки истиқлолиятро эълон медоранд, аммо соҳибихтиёрии давлатро эътироф менамоянд. Тавре аз таҷрибаи таърихӣ бармеояд, будаанд давлатҳое, ки истиқлолияти ­худро эълон намудаанд, вале аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нагардидаанд. Соҳибихтиёрӣ ё истиқлолияти комил доштани давлат ин молики ҳақиқии воситаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ будани халқро мефаҳмонад. Худ аз худ эълон гардидани соҳибистиқлолии давлат, ҳатто дар дараҷаи конститутсионӣ, ҳанӯз комилҳуқуқиро таъмин карда наметавонад. Фақат дар заминаи мустақилии иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоӣ халқ метавонад озодона идоракунии корҳои давлат ва ҷамъиятро ба даст гирад. Соҳибихтиёрию истиқлолияти давлат бо асосҳои демократии сохтори ҷамъиятӣ, давлатӣ ва татбиқи ҳақиқии онҳо вобаста мебошад.

Маълум аст, ки бо ба даст овардании истиқлолияти сиёсӣ шароити Тоҷикистон тағйир ёфт. Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таърихи ҷумҳуриҳои шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, давраи нави тағйироти сиёсӣ ва рушд оғоз гардид. Ҷумҳурихоҳони пешини шӯравӣ давлатҳои мустақил шуданд. Вазъияти душвор, муборизаи шадиди минтақавӣ дар дохили кишвар, пайдоиши идеологияи исломи радикалӣ ва вазъи бесобиқаи иҷтимоию иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шароит барои рушди муноқишаро тад­риҷан ба вуҷуд овард. Ҷараёни мунтазами вазъи иҷтимоию сиёсӣ ба норасоии захираҳо, нотавоноии ҳокимияти сиёсӣ, бетаъсир будани қарорҳои қабулшуда ва фалаҷ шудани системаи муносибатҳои ҳокимият дар ҷомеа мусоидат кард. Барои Тоҷикистон ин давраи хеле душвор буд. Дар ин давра қувваҳои мухталифи иҷтимоӣ ба муборизаи ҳокимият ворид ва назоратнашаванда шуданд, ки боиси оқибатҳои сангин гардид.

Пас аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва пайдо шудани давлати нави тоҷикон дар харитаи сиёсии ҷаҳон, мушкилоти зиёд вобаста ба ташаккули ҳувияти нав ва худшиносии миллӣ ба вуҷуд омад. Аз солҳои аввали истиқлолият дар Тоҷикистон раванди дарёфти роҳҳо барои ҳалли мушкилот ва эҳёи ҳувияти миллии дунявӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, таҳкими тамоюли динии бунёдӣ идома ёфта истодааст.Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз шаклҳои дарёфти ҳувият ва баландбардории худшиносии миллӣ, ки аз ҷониби давлат амалӣ карда мешавад, Қонун «Дар бораи забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро (аз 05.10.2009) қабул кард ва чорабиниҳои назарраси фарҳангӣ ва ҷашниро роҳандозӣ намуд. Ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таърихӣ — 1100-солагии таъсисёбии нахустин давлати мутамаркази Сомониён, 1150-солагии Асосгузори адабиёти классикии форс — тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ, 1310 — солагии Имом Абӯҳанифа — асосгузори мазҳаби ҳанафӣ дар ислом ва ғайра, аз ҷумлаи чорабиниҳое маҳсуб мешаванд, ки ягонагии иҷтимоиро мустаҳкам ва ҳисси худшиносии миллиро баланд бардоштанд.

Имрӯз истиқлолияти сиёсӣ барои рушди доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳама ҷанбаи ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст. Сиёсати забонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре ба роҳ монда шудааст, ки дар амалӣ намудани он сокинони кишварро лозим аст, якҷоя кӯшиш намоянд. Дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро онҳо оинаи забони миллӣ маҳсуб меёбанд. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар ташкилоту муассисаҳои кишвар амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Бузургтарин вазифаи ашхоси худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забон эҳтиром мегузоранд, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он мебошад.

Забон бузургтарин омили рушди инсон дар ҷомеа аст, ки миллату халқиятҳоро бо хусусиятҳои хосашон ба ҳамдигар муаррифӣ менамояд. Асоситарин вазифаи забон муоширату муносибат дар миёни инсонҳо мебошад. Ҳар як давраи таърихӣ махсусиятҳо дорад, ки ба соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ таъсир мерасонад. Забони тоҷикӣ низ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти иҷтимоӣ марҳилаҳои гуногуни рушдро аз сар гузаронидааст.

Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, хоҳем дид, ки воқеан ҳам ин ёдгории таърихӣ ва решаҳои он сарчашмаи бисёр забонҳои дигари дунёст. Замоне онро ориёӣ, замоне авестоӣ, сипас бохтариву суғдӣ, баъдан паҳлавӣ ва билохира форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ хондаанд. Замоне ин забон дар қатори забонҳои чинию ҳиндиву бобулӣ ба тамаддунҳои гуногун таъсир дошт. Махсусан, ба Юнони қадим. Нақши пои вожаҳои ин забонро Куруши Кабир, Дориёвуш, Хашоёршоҳ ва Ардашер то ба ҷануби Юнон бурда буданд. Ҳатто имрӯз ҳам садои вожаи «боракалло»- и мо дар тамоми Юнон гӯшрас аст.

Забон яке аз бузургтарин омилҳоест, ки на танҳо бартарияти инсонро аз дигар махлуқоти олам фарқ мекунонад, балки бузургӣ, ифтихор ва баробарии ҳар як халқиятро муаррифӣ менамояд. Забони миллат нисбат ба забонҳои халқӣ нав ва шакли дар давраи нави тараққиёти ҷамъиятӣ инкишофёфтаи он аст. Ҳарчанд забони тоҷикӣ дар замони шӯравӣ (соли 1989) мақоми забони расмиро соҳиб шуда бошад ҳам, маҳз дар давраи Истиқлолият, махсусан, пас аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба забони сиёсат, иқтисод ва илму фарҳанг табдил ёфт. Гуфтан мумкин аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ низ ба зинаи баландтари инкишоф гузашт. Бояд қайд намуд, ки дар ин самт саҳми Пешвои миллат бағоят бузург аст. Тавре Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: «Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост». Пас, ҳар як фарди ватандӯстро зарур аст, ки забони миллиро ҳамчун арзиши бебаҳо эҳтиром намояд ва баҳри рушду такомули он талош варзад.

Хулоса, қайд намудан бамаврид аст, ки миллати тоҷик баробари ба даст овардани истиқлолият дар роҳи рушди мақому манзалати забони давлатӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонид. Истиқлолият шароит фароҳам овард, ки тоҷикон арзишҳои гаронбаҳоро бо шакли нав муаррифӣ намоянд. Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати оқилона пеш гирифта шуд, ки ба рушди забон мусоидат намуд. Сиёсати забони давлатӣ сиёсате мебошад, ки барои пуштибонӣ аз забони давлатӣ, рушд ва такомули он дар алоқамандӣ бо идеологияи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Ба таври дигар гӯем, забон асоси рушду нумӯи сиёсати замони соҳибистиқлолӣ ва дурнамои пешрафти миллати тоҷик мебошад.

Рухсора Тағоева, аспиранти соли 3 — юми АИ ҶТ