Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Истифодаи кортҳои пардохтӣ тарзи нави хизматрасонист

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

Шарипов А

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузории кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таъмини нафақа мебошад. Ба ин хотир, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар доираи имкониятҳои молиявии Буҷети давлатӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешавад».

Дар Паёми мазкур ҳамчунин зикр шудааст, ки «Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кумакҳои суроғавӣ, иҷтимоӣ чораҳои муассир андешида мешаванд».

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор ба хотири таъмини саривақтии хизматрасонии иҷтимоӣ, нафақа ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ рӯзҳои истироҳатӣ дар бинои раёсат аз ҳисоби кормандон навбатдориро ба роҳ мондааст, ки корафтодагон метавонанд бо пешниҳоду дархостҳои худ муроҷиат кунанд.

Бо ин мақсад рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаригардида роҳ сӯйи ин идора пеш гирифтем. Дар даромадгоҳи бинои Раёсат як нафар корманди он муроҷиаткунандагонро ба шуъбаи лозимӣ роҳбаладӣ мекард.

Суҳбати мо бо сардори раёсати мазкур Аҳрор Шарипов дар ҳуҷраи кориаш сурат гирифт.

- Дар ҷомеа табақаҳое ҳастанд, ки муҳтоҷи дастгирианд ва мо вазифадорем ба онҳо ёрӣ расонем. Ба ин гурӯҳ камбизоатҳо, маъюбон, ятимон, нафақахӯрон ва ғайраҳо шомиланд. Аз ин рӯ, кормандони соҳаи иҷтимоӣ бояд дастгирии худро нисбат ба чунин гурӯҳҳо ба таври доимӣ роҳандозӣ намоянд. Ташкили навбатдорӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ аз тарафи кормандони раёсат маҳз ба ҳамин самт равона гардидааст, — мегӯяд Аҳрор Шарипов.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам намудани фазои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ дар робита ба ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»,«Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ» ва дигар санадҳои ҳуқуқию меъёрӣ қабул гардида,  мавриди амал қарор доранд. Кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ҳисор фаъолияташонро дар асоси ҳамин қонунҳо ба роҳ мондаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки баҳри тақвият додани ҳифзи иҷтимоии маъюбону пиронсолони нафақагир аз тарафи раёсат корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст. Солҳои пеш ба фаъолияти идора таҳлили кори хизматрасонии шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ шомил буд. Баробари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории соҳа раёсат корро тибқи талабот роҳандозӣ намуда, ҳуҷраҳои қабулро омода сохта, бо нафақагирон оид ба тарзи нави хизматрасонӣ – истифодаи кортҳои пардохтӣ суҳбатҳо доир намуданд.

Ноҳияи Ҳисор оид ба ин масъала аз ҷумлаи 13 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин самти кор ба кормандони раёсат имкон дод, ки дар нуҳ моҳи соли 2014-ум 17811 нафар нафақагиронро бо кортҳои пардохтӣ таъмин намоянд. Айни ҳол раёсат барои пардохти саривақтии нафақа якҷо бо сохторҳои филиали БДАТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Ҳисор корҳои зиёдеро ба сомон расонида, нафақаро тариқи кортҳои пардохтӣ пардохт карда истодаанд. Таъмини нафақа зери назорати қатъии кормандони раёсат қарор дорад.

Айни замон дар ҳудуди ноҳия 18634 нафар нафақагирон зиндагӣ мекунанд. Ба аҳолӣ 15 оҷонсии БДАТ «Амонатбонк» дар маҳалҳо хизмат мерасонанд ва дар ҳар оҷонси POS –терминалҳо гузошта шуданд, ки нафақагирон метавонанд аз онҳо истифода баранд. Акнун нафақагир метавонад бидуни дахолати кормандони бонк аз хизматрасониҳои муқарраргашта мустақилона истифода барад. Ҳамчунин дар маркази ноҳия барои хизматрасонии сокинон банкомат насб карда шудааст, ки ҳамеша омодаи хизмат аст.

-Дар ҳудуди ноҳия ба ғайр аз БДАТ «Амонатбонк» дигар бонкҳои саҳомӣ дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт саҳм мегузоранд. Дар сурати доштани шартномаҳои ҳамкории байни бонкҳо нафақагирон метавонанд аз хизматрасонии банкоматҳои дигар бонкҳо низ истифода баранд, — изҳор дошт сардори раёсат.

Дар нуҳ моҳи соли равон ба Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор оид ба таъин ва бозҳисобии нафақа 1317 нафар бо ариза муроҷиат кардаанд, ки аз ин теъдод 506 аризаи шаҳрвандон оид ба нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ мебошанд, ки баррасӣ гардида, ҳалли худро ёфтанд. Айни ҳол дар қайди Раёсат 867 шахсони ҳуқуқӣ (корхонаю муассиса ва ташкилотҳо) сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолият ба сифати пардохткунандагони андози иҷтимоӣ номнавис шудаанд. Нақшаи саҳми суғуртавии якфоизаи онҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи нақша як миллиону 42 ҳазор сомонӣ муайян шуда, ба ҳолати имрӯза ба андозаи як миллиону 52 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки 101 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Мутаассифона, то ҳол дар ноҳия корхонаву ташкилотҳое мавҷуданд, ки аз супоридани маблағҳои иҷтимоии якфоиза саркашӣ менамоянд. Ба ин ҶДММ «Промстрой Навобод», Корхонаи нобиноён, шуъбаи алоқаи ноҳия ва ғайра мисол шуда метавонанд.

Пардохти нафақаи маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоби миёна 787,56 сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбати ҳамин давраи соли 2013-ум 71,23 сомонӣ ё даҳ фоиз баланд аст. Нафақаи миёнаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошад, 711,88 сомонӣ буда, нисбати соли гузашта 110,88 сомонӣ ё 18 фоиз баланд гардидааст.

Дар ноҳия 50 нафар нафақагирони аҳамияти ҷумҳуриявидошта умр ба сар мебаранд, ки онҳо дар ду сол як маротиба ҳуқуқи истифодабарии ройгони роҳхат ба осоишгоҳҳоро доранд.

Дар корхона ва хоҷагиҳое, ки аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ҳисор ба қайд гирифта шудаанд, 11 ҳазор нафар бо рақами идентификатсионии суғуртавӣ таъмин шудаанд. Мутахассисони соҳа ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки баҳри таъмини вазифаҳои ба зиммаашон вогузоршуда аз тамоми имконият самаранок истифода намоянд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Аҳрор Шарипов.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»