Июл — моҳи ширинӣ ва дӯстӣ

№81 (4031) 06.07.2019

ШахматАҷиб аст, ки ба тақвими ҷаҳонии ҷашн ва рӯзҳои махсуси моҳи дуюми фасли гармо ду маҳсулоти ширину писандидаи аҳли башар, ки гармиро намеписанданд — Рӯзи умумиҷаҳонии шоколад (11 июл) ва Рӯзи байналмилалии торт (20 июл), ворид гаштааст. Шоколади аввалин аз ҷониби атстекҳо тайёр шуда, рӯзи шоколад аз соли 1995 бо ташаббуси фаронсавиҳо таҷлил мешавад. Рӯзи байналмилалии торт (International Cake Day) ҷашни нисбатан ҷавон буда, шиори он «I CAKE YOU» — «Бо торт меҳмонат мешавам», мебошад.

Ҷашни аҷиби дигар Рӯзи умумиҷаҳонии бӯса (6 июл) мебошад. Умуман ҷашнҳои моҳи равон бо Рӯзи байналмилалии рӯзноманигорони соҳаи  варзиш (2 июл) оғоз меёбад, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ аз соли 1995 инҷониб қайд карда мешавад. Қобили зикр аст, ки журналистикаи соҳаи варзиш дар кишвар ривоҷ пайдо намуда, намунаи барҷастаи он фаъолияти телевизионҳои «Варзиш», «Футбол» ва ҳафтаномаи «Варзиш — Спорт» мебошад. Дар аксар нашрияҳои дигар гӯша ва саҳифаҳои варзиш мавҷуданд.

ТортДар тақвими июл, инчунин ду ҷашни дигар ба соҳаи варзиш алоқаманданд. Аввалӣ, Рӯзи байналмилалии шоҳмот (20 июл) мебошад, ки аз соли 1966 таҷлил мешавад.

Ҷашни дуюм — Рӯзи байналмилалии бокс (22 июл) буда, соли 2017, пас аз шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудан ба тақвими ҷашнҳо пешниҳод ва бори нахуст соли гузашта (2018) таҷлил шуд.

Дуюми моҳи июл, ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии уфологҳо (World UFO Day) аст. Он илмест, ки бо омӯзиши ҳодисаву зуҳуроти аз нуқтаи назари илми муосир шарҳдоданашаванда, ба монанди лаълӣ ва оташакҳои паррон, машғул аст.

Рӯзи умумиҷаҳонии кит ва делфинҳо (23 июл) ва Рӯзи байналмилалии паланг (29 июл) ба соҳаи ҳифзи муҳити зист марбут аст.

Бокс28 июл дар аксар кишварҳо Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо гепатит (зардпарвин) қайд мегардад. Чунки олими амрикоӣ, барандаи мукофоти Нобелӣ, кашшофи гепатити В Барух Самюэл Блумберг дар ин рӯз ба дунё омадааст.

Ҷашнҳои дигари муҳим — Рӯзи умумиҷаҳонии адлия (17 июл), рӯзи нахустин забони маснуъӣ – эсперанто (26 июл) ва Рӯзи байналмилалии дӯстӣ (30 июл) мебошанд. Сабаби таҷлили ин рӯзҳо ба ҳама маълум аст. Рамзӣ хоҳад буд, агар ба хотири мустаҳкамтар гардидани риштаҳои дӯстӣ ҳар кас бо ширинӣ дӯстону ҳамкасбонро бо ҷашнҳои зикршуда табрик намояд.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»