Ҳизби террористӣ ва ғаразҳои аҳримании он

№91 (4196) 28.07.2020

Дар замони муосир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопок дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардумро ба амалҳои ношоиста, бадбиниву ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, тақлидкорӣ ба либосҳои бегона роҳнамоӣ созанд. Ин ашхос, ки дар асл аз аркони дини мубини ислом фарсахҳо дур мондаанд, худро гоҳ муллову гоҳ хирадманд вонамуд месозанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум тафриқаангезӣ менамоянд.

Сар карда ва аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ ба гуфтаҳои боло ҳамчун намунаи возеҳу равшан муаррифӣ шуда метавонанд, зеро парда аз рӯи амалҳои террористиву экстремистии онҳо боз гардидааст ва ҳадафҳои ғаразмандонаашонро пиру ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон басо хуб медонанд. Аз ибтидои фаъолият барои ин ташкилоти террористӣ даъват ба ислом воситае буд, ки ашхоси манфиатҷӯ бар хилофи талаботи дин ва ҷомеа аз ҷониби намояндагон ва ё аъзои ин ҳизб, дар асоси нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагон, ба амал мебароварданд. Чунин рафтор боиси авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар аз байн бурда шуд, сохторҳои қудратии кишвар фалаҷ гардиданд. Иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба буҳрон рӯ ба рӯ гардид.

Бузургони илму адаб барҳақ таъкид кардаанд, ки «Ҳар ҷое агар дӯстӣ бошад, он ҷо душманиро ҳам мебинӣ». Вақт, ки довари асосии ҳаёт маҳсуб меёбад, нишон дод, ки ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ ҳаргиз таҷаллии хуршеди орзуву ормонҳои мардум, сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни халқи тоҷикро ба Ватан — Модар намехоҳад.

Сиёсати интихобнамудаи роҳбари фирории он бо номи «сиёсати сабр», ки онро солҳои охир пеша кардааст, нусхаи аслии барномаи «Ҳизб-ут-таҳрир» аст. Мутобиқи «сиёсати сабр» наҳзатиҳо дар навбати аввал бояд «қадам ба қадам» вазъи инқилобиро тайёр ва пасон инқилобро роҳандозӣ намоянд.

Ифротгаройӣ ва террори динӣ-мазҳабӣ, ки аввал дар кишварҳои Ховари Миё­наю Осиёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ мешуд, ҳоло тавассути наҳзатиҳои террорист ва амсоли онҳо ҳудуди хешро тавсеа бахшида, ба Аврупо «кӯч» бастааст.

Аммо халқ бо иродаи матин, қалби пурэҳсос, неруи созанда, боварӣ ба фардои дурахшон фаъолияти ғаразмандонаву ҷинояткоронаи ташкилоти террористии наҳзатиро қотеона маҳкум менамояд.

Мардум медонад, ки мушкилоти мо фақат дар ҳолати сулҳу осоиштагӣ метавонад ҳал гардад. Аз ин рӯ, ҳар фарди солимфикру ватандӯст, хоса мо — ҷавононро зарур аст, ки масъулиятро дар назди халқу Ватан содиқона анҷом диҳем. Сулҳу суботи кишвар, арзишҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги аҷдодиро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азиз камари ҳиммат бандем, зеро обод кардани Ватан масъулияти инсониву имонист.

Шуҳрат ШАМСУДДИНОВ, ходими калони илмии АМИ ҶТ