Ба «садои мардум» ҷавоб омад

Кай заминҳои бекорхобида обёрӣ мешаванд?

№116 (3910) 25.09.2018

Мақолаи «Кай заминҳои бекорхобида обёрӣ мешаванд?»- и Мирзо Қулов, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 21 августи соли ҷорӣ нашр гардидааст, аз ҷониби мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Айнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пойгоҳи обкашии номбурда дар мавзеи Устообиди деҳаи Урметани деҳоти «Урметан»- и ноҳияи Айнӣ ҷойгир мебошад. Пойгоҳи обкашӣ, ки аз се зина иборат буда, соли 1980 аз ҷониби собиқ колхози «Ӯзбекистон»- и ноҳияи Айнӣ сохта шудааст, дар мувозинаи хоҷагии мазкур қарор дошт. Масоҳати заминҳои обёришавандаи пойгоҳи обкашӣ 60 гектарро ташкил медиҳад. Баъд аз таҷдиди колхозу совхозҳо, соли 1994, пойгоҳи обкашии мазкур ба мувозинаи Идораи давлатии хоҷагии оби шаҳри Панҷакент ва соли 1997 ба мувозинаи Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Айнӣ гузаронида шуд.

Барои бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои обии хоҷагиҳои сеюм ва чоруми Урметан (ҳоло хоҷагиҳои деҳқонии «Урметан» ва «Лангар») бояд пойгоҳҳои обкашии Устообид, ёрирасон, 1 ва 2 бонизом фаъолият намуда, обро аз як зина ба зинаи дигар бароранд. Пойгоҳи обкашии мазкур дорои 5 адад дастгоҳи обкашӣ бо самаранокии умумии 1,15 м3/ сония, иқтидори 855 кВт ва 920 метр қубурҳои баландфишори қутрашон 250 мм мебошад.

Бояд қайд кард, ки дар ҳолати фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашии Устообид, 1, 2 ва ёрирасон хароҷоти неруи барқ дучанд мегардад. Аз рӯйи ҳисоби мутахассисон, бо дарназар­дошти музди меҳнати кормандон ва хароҷоти нигоҳдории пойгоҳи обкашӣ, андозаи ҳаққи хизмати обрасонӣ 24- 28 дирамро ба 1м3 ташкил медиҳад, ки аз андозаи амалкунанда (2 дирам) 12 — 14 маротиба зиёд аст.

Бо супориши роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумаки бевоситаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ моҳи июн ба кор дароварда шуд.

Бинобар сабаби корношоям шудани шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, аз ҷумла канали 80-метра, таъминоти оби полезии мавзеи номбурда аз тариқи пойгоҳи обкашӣ муваққатан боздошта шуд.

Новобаста ба зараровар будани нигоҳдории пойгоҳи обкашии зикршуда, дар ҳолати барқарорсозии шабакаҳои обёрии дохилихоҷагӣ, кормандони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия омодаанд, ки заминҳои хоҷагиҳоро тибқи дархосташон бо оби полезӣ таъмин намоянд.

Тазаккур бояд дод, ки дар доираи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016- 2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №791 тасдиқ шудааст, гузаштан ба идоракунии ҳавзавӣ ва дар ин замина таъсис додани ҳавзаи дарёи Зарафшон ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба ин тадбирҳо, лоиҳаи «Барқарорсозии низомҳои ирригатсионӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёи Зарафшон» бо маблағгузории Ассосиатсияи байналмилалии рушд оғоз гардидааст, ки дар доираи он барқарорсозӣ ва такмили идоракунии шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ дар назар аст.

Холмурод РАҲМОН, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон