Қонун ва иҷрои он

Камбудиҳо бештар аз беаҳамиятии комиссияҳои ҷамъиятӣ рух медиҳанд

№151 (3945) 20.12.2018

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба беҳбуд бахшидани сатҳи накуаҳволии мардум, пешгирӣ аз исрофкориҳо нигаронида шудааст, беш аз 11 сол сипарӣ гардид. Оё меъёрҳои он дар маҳалҳо дуруст риоя мешаванд? Сармутахассиси бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросими деҳоти «Мискинобод»-и ноҳияи Файзобод Анвар Саъдуллоев дар ин робита чунин изҳори андеша намуд:

- Пӯшида нест, ки то қабули қонуни мазкур ҳангоми гузаронидани тӯю маърака, ҳатто маросими азодорӣ, намоишкорӣ ба авҷи аъло расида буд. Кор то ба ҷое расид, ки маъракаҳои азодориро аз тӯй фарқ намекардед ва ин гӯё маънои эҳтирому қадршиносӣ ба шахси фавтидаро дошт. Маъракаҳо бо гирифтани вақту маблағ ва иштироки меҳмонони зиёд гузаронида мешуданд. Дар ­бисёр ҳолат соҳибмаъракаҳо зери бори гарони қарз мемонданд. Дар натиҷа, чунин хонаводаҳо барои дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон, фароҳам овардани шароити мусоиди азхудкунии дарсҳо дар хона, таъминоти онҳо бо лавозимоти зарурии хониш имкониятро аз даст медоданд. Хушбахтона, батадриҷ норасоиҳо аз байн рафт ва мардум низ ба манфиат будани муқаррароти қонунро дарк кард. Дар деҳоти «Мискинобод» — и ноҳияи Файзобод 10 деҳа мавҷуд буда, 18096 нафар аҳолӣ иқомат доранд. Дар он шаш муассисаи таълимӣ, як маркази саломатӣ, шаш бунгоҳи тиббӣ, шаш масҷиди панҷвақта ва як масҷиди ҷомеъ фаъолият мекунанд. Дар даҳ моҳи соли 2018 дар деҳоти «Мискинобод» 110 тӯйи домодию арӯсӣ, 10 маъракаи чил ва 10 маъракаи сол баргузор гардид. Мутаассифона, аз ин шумора дар шаш ҳолат, зимни баргузории тӯйҳои арӯсиву домодӣ, қонуншиканӣ — додани ду таом ба қайд гирифта шуд.

Камбудиҳо бештар аз беаҳамиятии комиссияҳои ҷамъиятӣ рух додаанд, вале санҷишҳои муштараки комиссияи доимии деҳоти «Мискинобод», ки аз ҳафт нафар иборат аст, онҳоро зуд ошкор намуданд. Бояд гуфт, ки комиссияи доимоамалкунандаи оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар деҳоти «Мискинобод» бо шароити мувофиқи корӣ таъмин аст ва фаъолиятро тибқи нақша ва низомнома ба роҳ мондааст. Аъзои он дар 10 моҳи соли равон 27 санҷиши муштарак ва корҳои назоратӣ гузаронида, барои камхарҷу сарфакорона баргузор намудани тӯю маърака ва дигар чорабиниҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он баргузории тӯйи суннатӣ дар доираи оила ва маросими чил ва сол бе додани таом муайян шудааст, аз ҷониби мардуми деҳоти «Мискинобод» хуш қабул гардид. Акнун тӯйҳои арӯсию домодӣ бидуни гузаштан аз ташхиси тиббии арӯсу домод доир намешаванд. Домуллои деҳа танҳо баъди шиносоӣ бо варақаҳои ташхиси тиббӣ, иҷозатнома ва маълумотномаи қайди ақди никоҳи давлатӣ никоҳи суннатии ду ҷавонро ба ҷо меорад.

Бояд ёдовар гардид, ки пеш аз қабули қонун то барпо шудани тӯйи арӯсию домодӣ чанд маъракаи дигар, ба монанди «фотиҳатӯй», «маслиҳатошӣ», «идонабарӣ», «сарупобинон», «чойгаштак» ва баъди баргузории тӯй аз ҷониби қудоҳо «арӯсбинон», «равғанрезон», «чодарканӣ», «қудоталбон», «арӯсталбону домодталбон» ва ғайра баргузор мешуд. Дар рӯзи ақди никоҳ соҳибони маърака намоишкорона мошинҳои зиёди сабукрав, мошини боркаши калон барои бурдани ҷиҳози арӯс, ҳофизону раққосаҳоро фармоиш дода, ба харҷи ҳангуфт роҳ медоданд, ки хушбахтона аз байн рафтаанд.

Барои пешгирӣ аз зиёдаравӣ аъзои комиссия ҳафтае як маротиба якҷо бо раисони маҳаллаҳо, комиссияҳои ҷамъиятӣ, имомхатибон, домуллоҳо ва фаъолон бо мардум вохӯрӣ мегузаронанд. Дар рафти суҳбатҳо таъкид мешавад, ки ба ҷойи маъракаҳои серхароҷот барои фарзандон шароити таҳсилро фароҳам созанд, зеро дар тарбияи онҳо оила нақши муҳим мебозад.

- Дар маҷмӯъ, агар ба даҳ соли гузашта қиёс кунем, дар тӯю маъракаҳо харҷи беҳуда қариб ба чашм намерасад, ки аз фаъолияти хуби мақомоти маҳаллӣ, комиссияи доимоамалкунанда ва комиссияҳои ҷамъиятии деҳаҳо далолат мекунад.

Як роҳи дигари риояи қонун дар «Мис­кинобод» баргузор намудани тӯйҳои дастаҷамъонаи арӯсиву домодӣ ва суннатии фарзандони оилаҳои камбизоат аст. Ин гуна маъракаҳо аксаран дар рӯзҳои таҷлили идҳои миллию давлатӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоту идораҳо гузаронда мешаванд. Чунончӣ, дар арафаи ҷашни Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон тӯйи суннатии 25 нафар кӯдак аз оилаҳои камбизоат гузаронида, ба 70 оилаи дигар ёрии моддӣ расонида шуд.

Ҳамин тариқ, риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби сокинон хуб риоя мегардад ва бовар дорем, ки дар ин самт комиссияҳои дахлдор фаъолиятро боз ҳам густурдатар ба роҳ мемонанд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»