Мавзӯи рӯз

Киҳо бояд шиносномаи нав гиранд?

№90 (4040) 25.07.2019

изображение_viber_2019-07-22_13-08-44Бақайдгирии симкортҳо аз соли 2018 масъалаи баҳсбарангез дар миёни ҷомеа гардидааст. Ниҳодҳои дахлдор соли гузашта ­эълон карданд, ки барои таъмини амнияти миллӣ ва суиис­тифода нашудани симкортҳо аз ҷониби ашхоси ғайр бояд онҳоро аз нав ба қайд гиранд. Ин «маърака» ба таври густурда ба роҳ монда шуд ва муштариёни ширкатҳои мобилӣ симкортҳоро аз нав сабти ном карданд. Сипас, ­масъалаи то 250 сомонӣ баланд бардош­тани нархи симкортҳо ва ба тарофаи ягона гузаштани онҳо, бамаротиб гарон шудани нархи интернети мобилӣ ба миён омад, ки боиси эътирози моликони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Хушбахтона, бо дахолати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин тасмимоти мақомоти марбута амалӣ нашуд. Аммо моҳи феврали соли ҷорӣ Ҳукумати кишвар Хадамоти алоқаро муваззаф кард, ки азнавбақайдгирии симкортҳоро бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи соли 2014) амалӣ созад ва барои анҷоми ин кор то 15-уми августи соли ҷорӣ муҳлат муқаррар намуд. Дар сурати то санаи муайяншуда ба қайд нагирифтани симкорт мувофиқи қарори мазкур рақами муштарӣ хомӯш карда хоҳад шуд. Ин иқдом дар миёни ҷомеаи кишвар норозигӣ ва баҳси зиёдро ба миён овард.

Ба изофа, дар ин шабурӯз ҳазор­ҳо хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба синни балоғат расидаанд, бояд барои супоридани ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои олии таълимӣ шиноснома гиранд. Аз ин рӯ, татбиқи қарори зикршуда кори масъулини шуъбаҳои шиносномадиҳиро бамаротиб зиёд кард.

Барои мушоҳида чанде пеш ба Хадамоти шиносномавию бақайд­гирии ШВКД- 1 дар ноҳияи Сино рафтем. Мардуми зиёд дар нав­бат буданд. Дар миёни онҳо чашмам ба чанд пиразану пирамард афтод, ки яқин синну солашон аз 60-70 боло буд. Хеле хаста ба назар мерасиданд. Аз як нафари онҳо пурсидам, ки оё телефони мобилӣ истифода мебарад, ки дар гармои рӯз навбат истодааст? Ҷавоби рад дод. Фикр кардам, ки шояд симкорти фарзанд ё каси дигар ба номаш ҳасту аз ин хотир шиносномаашро иваз мекунад. Вале боз хато кардам. Пас сабаби иваз кардани шиносномаашро пурсидам. Гуфт, ки агар шиносномаро иваз нанамоем, на нафақа медиҳанд ва на аз бонкҳо пули фиристодаи фарзандонамро, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Суханони пирамард маро ба ҳайрат овард ва бо мақсади муайян намудани ҳақиқати ҳол ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кардам. Муовини сардори он Сафарзода Нуралӣ иброз дошт, ки иваз кардани шиноснома танҳо ба хотири масоили марбут ба амнияти шаҳрвандон ва мутобиқ гардидан ба стандартҳои байналмилалӣ аст. Агар шаҳрванд зарурати аз сари нав ба қайд гирифтани симкорти худро дошта бошад, бояд шиносномаи намунаи соли 1996-ро ба шиносномаи (корти) намунаи соли 2014 иваз кунад, агар не, ихтиёр дар дасти ӯст.

- Имкониятҳое, ки шиносномаи намунаи соли 2014 дорад, шиносномаи қаблӣ надошт. Аз ин хотир, давлатҳои пешрафта ба ҳамин монанд шиносномаҳоро истифода мебаранд, — зикр кард ӯ.

Нуралӣ Сафарзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки иқдоми Ҳукумат дар миёни ҷомеа ба таври гуногун шарҳу тафсир ёфтааст ва ҳатто қисме аз аҳолӣ моҳияти масъаларо нафаҳмидаанд.

- Иваз намудани шиноснома танҳо барои азнавбақайдгирии симкорт ба роҳ монда шудааст ва амали маҷбурӣ нест. Шиносномаҳои намунаи соли 1996 низ то ба охир расидани муҳлати истифода қурб доранду дар баробари шиносномаҳои кортӣ истифода мешаванд. Баъзе аз шаҳрвандон ҳар чӣ ки аз мардум шуниданд, бо он амал менамоянд. Онҳо, пеш аз он ки ба ниҳоди дахлдор биёянду маълумоти дуруст бигиранд, рафта, дар бонк пул месупоранд. Баъд аз он ки пулро супориданд, омада даъво мекунанд.

Ҳол он ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 336 аз 30 майи соли 2014 «Дар бораи муқаррар намудани ҳаҷми хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», банди 5 иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз пардохти маблағи хироҷ барои додани шиносномаҳои шаҳрвандӣ озод карда шудаанд. Инчунин, шаҳрвандоне, ки бо сабаби гум кардани шиноснома барои гирифтани шиносномаи нав ба шуъбаҳои шиносномадиҳӣ дубора муроҷиат мекунанд, аз пардохти ҷарима озоданд, онҳо танҳо маблағи барои шиноснома муайяншударо пардохт мекунанду халос, — афзуд Сафарзода Нуралӣ.

Ҳамсуҳбатам иброз дошт, ки кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва шуъбаҳои он, тибқи нақша ҳар рӯз дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мефаҳмонанд, ки касе ба номаш симкорт надорад, шиносномаи намунаи соли 1996-ро иваз накунад. Ҳамчунин, бо роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрда, ба онҳо талаботи Қарори Ҳукумати ҶТ таҳти № 64 — ро шарҳ медиҳанд. Гӯшрас мекунанд, ки иваз намудани шиносномаҳо танҳо барои аз нав ба қайд гирифтани симкорт аст. Тамоми амалиёти бонкӣ ва дигар амалиёте, ки вобаста ба шиноснома муқаррар гардидааст, бо шиносномаи намунаи соли 1996 низ ба роҳ монда мешавад.

Сокинонро ин масъала низ нигарон кардааст, ки дар банди 2-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2014, №282 омадааст, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар қаламрави кишвар то ба итмом расидани муҳлати амали он эътибор дорад, вале тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 64 аз 9 феврали соли 2019 бояд нисбат ба шахсоне, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014-ро надоранд, дар 6 моҳ чораҷӯӣ карда шавад. Хадамоти алоқа шаҳрвандонеро, ки симкортҳояшон бо шиносномаи намунаи соли 1996 сабти ном шудааст, уҳдадор кард, ки то 15 августи соли 2019 бо шиносномаи намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гиранд. Пӯшида нест, ки дар ин ҳолат муҳлати амал ё яке аз функсияҳои шиносномаи намунаи соли 1996 беэътибор мегардад ва фармони Президентро зери суол мебарад.

Дар ин бора муовини якуми раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев зимни суҳбат зикр кард, ки мо дар пайи иҷрои амру фармонҳои Ҳукумати кишварем. Ҳар қарору фармоне, ки аз ҷониби Ҳукумат ба мо дода шавад, барои амалӣ намудани он талош мекунем. Дар қарори №64 тамоми муқаррарот барои сабти дубораи симкортҳо муайян шудааст ва ҳанӯз ба он ягон тағйирот ворид нашудааст.

Мушкили дигар барои азнавбақайдгирии симкортҳо муҳлати иваз кардани шиносномаҳо аст. Тибқи иттилои Ассотсиатсияи истифодабарангони симкортҳои мобилӣ, ки ширкатҳои мобилиро ба ҳам муттаҳид кардааст, 5 миллиону 278 ҳазору 354 адад симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 4 миллиону 837 ҳазору 976 нафар муштарии фаъол мебошанд.

Тавре намояндаи Хадамоти мазкур гуфт: ХДШБ дар давоми сол иқтидори тайёр намудани беш аз 600 000 шиносномаи намунаи соли 2014-ро дорад. Аммо, бо дарназардошти он ки ҳоло талабот ба иваз намудани шиноснома пеш омадааст, реҷаи кории шуъбаҳои шиносномадиҳӣ тамдид карда шудааст. Агар ба ҳамин реҷа кор давом ёбад, дар як сол имкони 750000 ва дар як моҳ зиёдтар аз 60 ҳазор шиноснома додан мавҷуд аст.

Ҳамсуҳбатам зикр кард, ки фурсати танг мумкин аст боиси нофаҳмиҳои зиёд гардад. Аз ин рӯ, барои пеш наомадани бебандуборӣ ҳар рӯз дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, онҳоро ба сари вақт иваз кардани шиносномаҳо ташвиқ намудан лозим аст.

Вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода аз иқдоми мазкур истиқбол ва зикр кард, ки иваз намудани шиноснома ва ба қайд гирифтани симкортҳо аз рӯи намунаи шиносномаи соли 2014 вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст. Аммо дар робита ба муҳлати муқарраршуда гуфт, ки ивази шиноснома барои беш аз 4 миллион аҳолии кишвар то 15-уми август ғайриимкон буда, мунсифона нест. Оқибати ин кор паёмади хуб надорад. Пеш аз тасмим гирифтан масъаларо бояд ҳаматарафа меомӯхтанд. Ҳоло зарур аст, ки муҳлат тамдид карда шавад. Дар акси ҳол, қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон бидуни иртиботи телефонӣ мемонанд.

Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, маблағи сарфшаванда барои шиносномаи нав ё корти ID аст. Мувофиқи нархгузории мақомот арзиши шиносномаи намунаи соли 2014 бо далели аз рӯи барномаи олмонӣ ва имкониятҳои муҳофизавӣ сохта шуданаш 10 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин маблағ аз тарафи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», новобаста аз поёну боло шудани қурби асъор, аз рӯи қурби доллари амрикоӣ қабул карда мешавад..

Ин ҷо норозигии шаҳрвандон аз он аст, ки дар баъзе аз хонаводаҳо аз 5 то 10 нафар соҳиби телефони мобиливу симкорту шиносномаанд ва агар ба якборагӣ шиносномаҳоро иваз кунанд, баъзе оилаҳо ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегарданд.

Бо ҳамин далел вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ки нархи шиносномаро бояд паст намоянд.

- Модом ки зарурати дар муддати кӯтоҳ шиносномаҳояшонро иваз намудани шаҳрвандон пеш омадааст, бояд нархи он на зиёдтар аз 20 сомонӣ бошад, — афзуд ӯ.

Аз омӯзиши масъала метавон ба чунин хулоса омад: новобаста аз он ки мардум пайи иҷрои талаботи қарори Ҳукуматанд, имконият ва иқтидори мақомоти марбута барои сари вақт иваз намудани шиносномаҳои шаҳрвандон маҳдуд аст. Зеро барои азнавбақайдгирии симкортҳо ҳадди ақал иваз намудани зиёда аз 3 миллион шиноснома зарур аст. Аз ин рӯ, дар гармои тоқатфарсои тобистон, ки мардум бо азобу уқубат барои иваз намудани шиноснома соатҳо зери офтоб интизорӣ мекашанд, дароз кардани муҳлати он кори савоб мебуд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»