КОА: 117 диссертатсияи номзадӣ ва 17 докторӣ ҳимоя шуд

№46 (3996) 25.04.2019

Чанде пеш дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати котибони илмии шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмию омӯзгории кишвар дар мавзӯи «Баррасӣ ва барасмиятдарории диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ» баргузор гардид. Дар он 54 котиби илмии шӯроҳои диссертатсионӣ иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи аттестатсионии илм­ҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ, номзади илм­ҳои техникӣ Ҳ. Гулаҳмадов оид ба баъзе аз паҳлуҳои баррасмиятдарории диссертатсияҳои доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм, доктори илм, авторефератҳо ва мақолаҳои илмии чопшуда доир ба мавзӯи диссертатсия сухан ронд.

Сипас, корманди бахши иттилоотию коммуникатсионӣ Меҳрдод Ёров оид ба таъсиси махзани маълумот тавзеҳоти зарурӣ дод.

Зимни мубодилаи афкор ширкаткунандагон аз масъулони шуъбаҳои аттестатсионӣ ба пурсишҳо посухи қонеъкунанда гирифтанд.

Қобили қайд аст, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди навтаъсис (соли 2014) буда, фаъолиятро баъди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Низомномаи Комиссия, ҳуҷҷатҳои асосии меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкил ёфтани Раёсати Комиссия, амалан аз соли 2016 оғоз намуд.

Алҳол дар муассисаҳои илмӣ ва илмию омӯзгории кишвар 49 шӯрои диссертатсионӣ дар самтҳои гуногуни илм амал мекунанд, ки то ибтидои соли равон дар онҳо 117 диссертатсияи номзадӣ, 17 диссертатсияи докторӣ ҳимоя шудаанд.

Ҳамчунин, 108 нафар довталаб унвони илмии дотсент ва 13 нафар унвони илмии профессорро гирифтанд. Баробарарзиши 28 ҳуҷҷати дараҷаҳои илмии дар кишварҳои хориҷӣ дарёфтгардида бо ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва ҳуҷҷатҳои дахлдор содир карда шуд. Айни замон дар назди Комиссия 16 шӯрои экспертӣ дар самтҳои гуногуни илм фаъолият доранд.

Ҳоло дар шуъбаҳои аттестатсионии Комиссия як теъдод парвандаҳои диссертатсионӣ ва бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти унвонҳои илмӣ мавҷуданд, ки баъди баррасӣ ва арзёбии онҳо ба дов­талабону унвонҷӯён диплому шаҳодатномаҳои дахлдор дода мешаванд.

Ф. Комилиён, муовини раиси КОА, профессор