Колхозчизане, ки муовини раиси Шӯрои миллатҳои ИҶШС буд

№30 (3824) 08.03.2018

Колхозчизан-3Дар бораи сокини деҳаи Қарақчиқуми шаҳри Конибодом — вакили Шӯрои Олии ИҶШС (СССР) даъвати ёздаҳум, муовини раиси Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС Фароғат Тоирова ба ман раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ Маҳмудҷон Бобокалонзода маълумот дод.

Рости гап, ба депутати Шӯрои Олии ИҶШС буданаш бовар кардаму то он даме ки шаҳодатномаашро бо чашмонам надидам, ба муовини раиси Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС буданаш боварам наомад.

- Аввали баҳори соли 1984 буд. Дар саҳро кор мекардем, — нақл кард Фароғат Тоирова. Ҳамон вақт котиби ташкилоти партиявии колхоз (Коммунизм) Шарифҷон Дадоҷонов ба наздам омада гуфт, ки пагоҳ ба назди котиби райком Бобо Мансуров равам. Рости гап, ҳайрон шудам, ки чаро мани колхозчии одиро ба райком даъват мекардаанд?

Котиби ташкилоти партиявӣ гуфт:

- Натарс, Фароғат, ту депутати Совети Олии ИҶШС мешавӣ.

Ман суоломез ба ӯ нигаристам. Мазмун: Аз мани колхозчӣ чӣ гуна депутат мебарояд?

- Парво накун, ҳамааш хуб мешавад, — гуфт котиби партиявӣ.

Ҳамин тавр, Фароғат Тоирова моҳи апрели соли 1984 аз ҳавзаи интихоботии «Конибодом» вакили Шӯрои Олии ИҶШС интихоб шуд.

- Барои депутат шудани апаи Фароғат заҳмати бисёр сарф гардид,  — ба суҳбат ҳамроҳ шуд омӯзгори собиқадор Маҳмудҷон Қосимов. — Ба он кас тарзи либоспӯшии урупоӣ ва забони русиро омӯхтанд. Ёд дорам, ки муаллимаи русзабон аз оғози маъракаи интихобот то депутат шудан ба апаи Фароғат забони русӣ омӯзонид.

Ба саволи «Чӣ тавр муовини раиси Шӯрои миллатҳо интихоб шудед?» Фароғат посух дод:

- Ба ҷаласаи нахустини Шӯрои Олӣ 18 нафар вакил ҳамроҳи котиби якуми Кумитаи вилоятии партия Рифъат Ҳоҷиев рафтем. Он кас маро даъват карда гуфтанд, ки «Туро муовини раиси Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС интихоб мекунанд». Ман каме дас­ту по хӯрдам.

- Натарс. Ҳамин хел дастур аст, ки муовин бояд аз ҳисоби колхозчиҳо шавад, — гуфтанд котиби якуми Кумитаи вилоятии партия.

Сафар ба пойтахти Ватани паҳновари советӣ — шаҳри Москва, иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ ба қавле, «чашму гӯши ин ҷавонзани деҳотиро ба кору гапи олам кушода кард». Кам бошад ҳам, дар байни мардум баромад мекард. Сиёсати давлати советиро ба халқ тарғиб менамуд. Дар ҷаласаҳои сатҳи ноҳиявию вилоятӣ дар раёсат менишаст.

- Ба шумо ҳамчун депутат барои ҳалли ин ё он масъала муроҷиат мекарданд?

- Ҳа, албатта. Асосан бо масъалаи гирифтани замини наздиҳавлигӣ наздам меомаданд ё  менавиштанд. Ман, бо истифода аз ваколат дар ҳалли ҳама масъала ба онҳо кумак мекардам.

Бале, буд айёме, ки ба мақоми олии қонунбарори давлати абарқудрати шӯравӣ занони деҳотро низ вакил интихоб мекарданд. Ин ба болоравии маърифату маданияти занони деҳот, васеъ гардидани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекард.

Ногуфта намонад, ки қаҳрамони моро барои колхозчии пешқадам будан депутати Совети Олии ИҶШС интихоб кардаанд. Бригадае, ки дар он апаи Фароғат Тоирова кор мекард, ҳар сол аз ҳар гектар пахтазор зиёда аз 40 сентнерӣ «тиллои сафед» мерӯёнид. Ӯ тамоми умр дар саҳро заҳмат кашидааст. Имрӯз ҳам, агар дар хона зиқ шавад, ба саҳро баромада, каланд мезанад. Кӯфтагиро аз меҳнати ҳалол мебарорад.

Ҳоло Фароғат Тоирова соҳиби 4 фарзанду 20 набера ва 5 абера аст. Гоҳ — гоҳ фориғ аз кор шаҳодатномаҳои вакиливу муовини раиси Шӯрои миллатҳо, расмҳои бо гузашти айём рангашон зардшударо ба даст гирифта, ёд аз он рӯзҳо мекунад.

Фароғат Тоирова зани одии деҳотӣ мондааст. Боре нашудааст, ки аз ваколатҳои вакилӣ суиистифода ё даъво карда бошад. Ҳатто, вақте соли 2013 ба нафақаи пиронсолӣ бо 156 сомонӣ баромад, ҳарфе нагуфт…

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»