Комёбии кормандони рӯзномаи «Садои мардум»

№109 (3746) 13.09.2017

20170913_142658Дар арафаи ҷашни миллӣ — Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмунҳои ҷумҳуриявиро, ки дар самти ҳифзи муҳити зист байни шоирону нависандагон ва кормандони воситаҳои ахбори омма эълон гардида буданд, ҷамъбаст намуд.

Тибқи ҷамъбасти озмуни «Шеъри беҳтарин» дар байни шоирону нависандагон раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим ҷойи аввал ва корманди рӯзномаи «Садои мардум», шоир ва рӯзноманигор Мирзо Рустамзода ҷойи дуюмро сазовор гардиданд. «Қасидаи об»-и М. Рустамзода аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳои баланд гирифт.

Кормандони дигари рӯзномаи «Садои мардум» Б. Каримзода ва С.Суннатӣ низ дар байни рӯзноманигорон аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста, бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин, дар озмуни «Шеъри Истиқлол»-и ҳафтаномаи «Тоҷикис­тон» достони «Шоҳномаи Роғун»-и М.Рустамзода бо мукофоти пулии махсус ва ифтихорнома сазовор дониста шуд.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»