Конститутсия – меҳвари сиёсати танзими ҳуқуқӣ

№134 (4084) 05.11.2019

УстодСиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон, ки меҳвари онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ҳамчун қисми таркибии сиёсати умумидавлатӣ аз раванди қонунияти объективии инкишофи ҷомеаи ҳозира, аз талаботе маншаъ мегирад, ки асоси таҳаввулоти гузаранда ва пешгӯишавандаро дар кишвар ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, барои манфиати давлат ва шаҳрвандони он хизмат менамояд. Аз ин хотир, мустаҳкамкунии давлатдорӣ, дар навбати аввал, пойдории асосҳои ҳуқуқии қонунгузории онро мадди назар дорад. Сиёсати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, бояд барои таъмини ҳуқуқии соҳаҳои афзалиятноки давлатдории муосир, аз ҷумла, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд, ҷамъияти шаҳрвандӣ, такмили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи он, барпо кардани заминаҳои боэътимоди ислоҳоти гузаронидашаванда, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, таҳияи чораҳои зиддикоррупсионӣ, пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кафолати он, бартараф сохтани нигилизми ҳуқуқӣ ва ғайра равона карда шавад.

Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи муҳими азнав­созии ҷомеа дар доираи фазои конститутсионӣ амалӣ мегардад, чунки Конститутсия санади меҳварии сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон буда, дигар қонунҳо бояд ба талаботи он мувофиқ бошанд. Сиёсати ҳуқуқӣ, ҳамчун қисми таркибии сиёсати умумидавлатӣ, дар замони истиқлолият роҳ ва мазмуни худро куллан тағйир дода, ба воқеияти мавҷудаи замони муосир рӯ овард, мақсад ва вазифаҳои он дигаргун, дурнамои ояндааш муайян ва самаранокиаш баланд гардид. Барои ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ фазои ҳуқуқии заруриро муҳайё намуд ва дар ҳамин замина нақши воситаҳои ҳуқуқӣ (меъёрҳои ҳуқуқ, шартнома, ҷавобгарӣ, муҷозот ва ғайра)-ро дар амалӣ намудани сиёсатҳои зикр­шуда баланд бардошт. Ҳамзамон, ташаккули соҳаҳои нави ҳуқуқ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, инчунин, эътироф намудани санадҳои байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои ҳуқуқии байналмилалӣ  мусоидат намуд ва ин гувоҳи чандир будани сиёсати ҳуқуқии кишварамон мебошад. Чунин сиёсат, ҳамзамон, барои таъмини ҳуқуқии манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла, таъмини мустақилияти энергетикӣ, бехатарии озуқаворӣ ва иттилоотӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии кишвар равона шудааст.

Воридшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, дигаргуниро дар соҳаи сиёсати ҳуқуқӣ талаб менамояд. Дар замони истиқлолият рушди муносибатҳои нави ҷомеа аз мо зарурати барпо кардани механизми нави танзими ҳуқуқиро тақозо намуд ва тавонис­тем, ки чунин механизмро барпо намоем. Бояд зикр кард, ки сиёсати ҳуқуқӣ дар асоси воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Аз ин ҷиҳат, такмили ҳамаҷонибаи воситаҳои мазкур, баланд бардоштани самаранокӣ, эътимоднокӣ, аниқӣ ва мунтазам амал намудани онҳо барои инкишофи босуботи мамлакат ниҳоят муҳим мебошад. Ин, пеш аз ҳама, ба қонунҳо, фармонҳо, қарорҳо, санадҳои дигари механизми танзими ҳуқуқии фаъолияти ҳуқуқтатбиқнамоӣ, таҷрибаи судӣ, прокурорӣ ва тафтишотӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ ва ҳамаи дигар элементҳо, қисмҳои таркибӣ ва ниҳодҳое, ки низоми ҳуқуқии Тоҷикис­тонро ташкил медиҳад, дахл дорад.

Вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) бо тағйиру иловаҳои минбаъда сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон марҳила ба марҳила инкишоф ёфта, ба сифати сиёсати бевоситаи меъёрии ҳуқуқӣ дар дохили кишвар ва берун аз он эътироф гардидааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун меҳвари танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ  муқаррар менамоянд. Барои сиёсати ҳуқуқии кишвар талаботи ҳар чаҳор принсипи давлати ҳуқуқбунёд, ба монанди арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, инчунин, кафолати он, волоияти қонун, масъулияти тарафайни давлату шахс ва низоми таҷзия ва ба ҳам таъсиррасонии шохаҳои ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ), ки дар Конститутсия эътироф ва меъёран мустаҳкам карда шудаанд, нақши ҳалкунанда мебозанд. Чунин эътироф ва мустаҳкамнамоӣ таҷассуми худро дар баёни соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ (қисми 1 моддаи 6), арзиши олӣ доштани инсон (қисми 1 моддаи 5),  таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ (моддаи 9), мустақиман амал намудани меъёрҳои Конститутсия (моддаи 10) меёбад. Ҳамзамон, асосҳои дар мамлакат ташаккул ёфтани ҷамъияти шаҳрвандӣ (моддаи 8), гуногуншаклии моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ, дар меъёрҳои Конститутсия мустаҳкам шудаанд (моддаи 12). Конститутсия инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, инчунин, бисёрҳизбӣ ва баробар будани ҳизбҳою иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар назди қонун эътироф намуд (моддаҳои 8,28). Бояд зикр намоем, ки дар боби 2 Конститутсия доираи васеи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон ва шаҳрвандон мустаҳкам карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санадҳои байналмилалии эътироф­намудаи  Тоҷикистон мебошад. Ин нуқта дар қисми 3-юми моддаи 14 чунин оварда шудааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Ҳамзамон, дар Конститутсия (моддаи 47) омадааст, ки дар давраи вазъияти фавқулода як қатор ҳуқуқ ва озодиҳои дар моддаҳои алоҳидаи Конститутсия пешбинишуда маҳдуд карда намешаванд. Сухан дар бораи баробарии ҳама дар назди қонун, ҳуқуқ ба зиндагӣ, кафолати ҳифзи судӣ, дахлнопазирии манзил, муттаҳид шудан ва як қатор ҳуқуқу озодиҳои дигар меравад. Давлат, тибқи Конститутсия (моддаи 17), ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молумулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 2 моддаи 14), ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Яке аз қисматҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон таъмини самаранокии фаъолияти низоми ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Принсипи мазкур дар (моддаи 9) Конститутсия дар шакли зерин ифода ёфтааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Муқаррароти мазкур дар бобҳои дахлдори Конститутсия — Маҷлиси Олӣ (боби 3), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 4), Ҳукумат (боби 5), Ҳокимияти маҳаллӣ (бобҳои 6,7) таҷассуми худро ёфтаанд, ки гувоҳи аз тариқи конститутсионӣ мустаҳкам кардани модули ба худ хоси Ҷумҳурии президентӣ дар Тоҷикистон мебошанд.

Боби 8 — уми Конститутсия ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст. Тибқи Конститутсия (моддаи 84) ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ карда мешавад. Мурофиа бо тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад (моддаи 88). Конститутсия салоҳият ва тартиби ташаккули Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро (моддаҳои 84 — 92) муайян менамояд.

Ҷиҳати дигари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани масъулияти тарафайни давлат ва шаҳрванд дар назди ҳамдигар мебошад. Тавре ки дар қисми 3 моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эъти­роф мекунад, балки уҳдадор аст онҳоро риоя ва ҳифз намояд. Ҳамчунин, давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд (моддаи 10 Конститутсия). Агар ба шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида зарари моддӣ ва маънавӣ расонида шавад, ин зарар бояд аз ҳисоби онҳо мувофиқи қонун рӯёнида  ва ё ҷуброн карда шавад (моддаи 32). Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад (моддаи 21).

Бо мақсади ба танзим овардани фаъолияти соҳаҳои зикршуда, тибқи нишондоди Конститутсия, зиёда аз 340 қонуни конститутсионӣ, кодекс ва дигар қонунҳо  қабул карда шуд. Хусусияти характерноки қонунҳои қабулшуда аз он иборат мебошад, ки ба воситаи онҳо барои мустаҳкам намудани асоси сохтори конститутсионии кишвар, баланд бардоштани нақши мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон шароит муҳайё карда шуд. Ҳамзамон, танзими муносибатҳои уфуқӣ ва амудии иқтисоди бозорӣ пайваста амалӣ карда, танзими давлатии онҳо  ба воситаи маҳдуд намудани фаъолияти инҳисорӣ, танзим ва назорати асъор, иҷозатдиҳӣ, танзимӣ техникӣ, дастгирии давлатӣ, инчунин, ба воситаи омилҳои муҳими таъсиррасонӣ, ба монанди андоз ва пардохт, пурзӯр карда шуд. Ин кӯшишҳо натиҷаи мусбат доданд.

Ҷаҳонишавии муносибатҳои ҷамъиятӣ ба сиёсати ҳуқуқии ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон, бе таъсир намемонад. Чунин ҳолат аз мо талаб менамояд, ки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар муносибатҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Асоси онро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани санадҳои байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ ва дар ҳолатҳои мутобиқат накардани қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба меъёрҳои санадҳои эътирофшудаи байналмилалӣ бартарӣ доранд (моддаи 10), ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, мо бояд проблемаҳои асосии инкишофи низоми ҳуқуқии худро бо дарназардошти талаботи дохилидавлатӣ ва музаффариятҳои умумибашарӣ дар соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монем. Бояд зикр намуд, ки устуворӣ ва пойдории модели конститутсионии давлатдории мо аз сиёсати самараноки ҳуқуқӣ дар дохил ва берун аз мамлакат вобастагӣ дорад. Барои ҳамин ҳам дар асоси принсипҳо, меъёрҳо, механизмҳо ва муқаррароти Конститутсия рушд ёфтани давлатдории навини тоҷикон бақои миллат ва кафолати пойдории давлатамон маҳсуб меёбад.

Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир ба ҳисоб рафта, барои рушди давлатдории муосири тоҷикон аҳамияти хос дорад. Аз ин ҷо давлати Тоҷикистон барои мунтазам амалӣ гардидани он аҳамияти аввалиндараҷа дода, барои дар асоси консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ  амалӣ гаштани он  диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳамин буд, ки Консепсияи инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 феврали соли 2011), Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2 ноябри соли 2013), инчунин, шаш барномаи давлатӣ оид ба соҳаҳои гуногуни қонунгузорӣ, аз ҷумла, ҷиноятӣ, маъмурӣ, молиявӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, байналмилалӣ, мурофиаи гражданӣ, иқтисодӣ ва ғайра, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул ва амалӣ карда шуданд. Дар онҳо бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои муҳими низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосӣ ва тарзу усулҳои такмили қонунгузорӣ муайян карда шуда, зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо ва татбиқи самарабахши онҳо дар ҳаёти ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, такмили ислоҳоти ҳуқуқӣ бо дар назар гирифтану рушди ҷомеа муқаррар гардида,  оид ба баланд бардоштани дониши касбӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз байн бурдани ихтилофи санадҳои қонунгузорӣ, таъмини ҳамоҳангӣ ва фазои ягонаи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, такмили қонунҳои амалкунанда, таҳия ва қабули қонунҳои нав масъалагузорӣ гардид.

Ҳамчунин, ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 феврали соли 2018  «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2028» қабул карда шуд, ки он  на танҳо рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии кишвар, аз ҷумла, одатҳо ва шартномаҳо, инчунин, масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ, илмӣ ва тарбиявию омӯзиши ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Ҳамин тавр, 25 сол пеш кишвари мо фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро дар асоси Конститутсия ҳамчун меҳвари сиёсати танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷомеа босуръат вусъат дод, ки он  хеле самаранок буд.

Маҳмад РАҲИМЗОДА, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, профессор