Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад.Чунки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуда, дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Мардуми Тоҷикистон дар марҳалаи нави давлатдории худ бо роҳи демократӣ ба эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ шурӯъ намуд. Гуфтан мумкин аст, ки дар кишварамон давраи нави мустақили рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ, мероси ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оғоз шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги ҷомеаи навин заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлол, шакли ифодаи ормонҳои давлатдории миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллиро фароҳам овард. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳуқуқии кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забон ва рамзҳои давлатӣ, шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеа эълон шудаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии кишвар ифодаи қонунии худро пайдо намуд ва дар заминаи он дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд. Барои дар заминаи ҷомеаи демократӣ ташкил кардани ҳокимияти давлатӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти он Конститутсия пойдевори устувори ҳуқуқӣ ва нақши он дар бунёду инкишофи давлат ҳар чӣ равшантар гардид.
Мардуми Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки сазовори чунин Конститутсия мебошад, зеро агар мавқеи илмӣ ва шаҳрвандии мутахассисони худиро дар масъалаи арзёбии Конститутсия як сӯ гузорем, ба эътибори коршиносони як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳонист. Албатта, моҳияти Конститутсия аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин падида хусусияти мушаххаси таърихӣ дорад. Яъне, тоҷикон ба гурӯҳи қадимтарин миллатҳои дунё шомиланд. Онҳо ҳанӯз дар асрҳои IX-X давлати миллии худро созмон дода, дар тӯли ду садсола мустақилияти хешро нигоҳ дошта тавонистаанд. Тибқи тадқиқоти олимон, халқу миллатҳое, ки умри дарози таърихӣ дидаанд, ваҳдаташон комилтар ва иттиҳоди ҷамъиятиашон мустаҳкамтар аст.
Барои ҳифзи миллат аз хатари парокандашавӣ ва аз байн бурдани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили маҳалгароӣ ва бегонапарастӣ, ки омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ваҳдату ягонагии мардуми кишварамон нақши бағоят муҳим дорад. Президенти кишвар ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омил ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид кардааст: «якум, муттаҳидшавии миллат, пойдор намудани ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва иқтидори давлати миллии соҳибистиқлол, сулҳпарвар, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ; дуюм, дар заминаи ваҳдати миллат, муҳаббат ба Ватан, забон, илму адабиёту фарҳанг ва тафаккури миллӣ бедор намудани ҳисси худшиносию ифтихори миллӣ; сеюм, таҳти парчами Ватан, ғояҳои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарҷамъ омадани ҳамаи созмонҳо ва ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, дар доираи қонун, бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал намудани ҳамаи ихтилофи бамиёномада; чорум, ҳифз намудани бойигариҳои моддӣ ва маънавии миллат, бузургдошт ва қадршиносии ашхосе, ки дар ҷодаи ваҳдати миллат, худшиносию ифтихори миллӣ, муттаҳидии мардуми Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардаанд».
Албатта, барои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмият даровардани Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини таҳкими ваҳдати халқу миллат, пеш аз ҳама, қабули Конститутсия зарур буд.
Аз ин хотир, 6 ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсияи нави миллӣ ҷавобгӯйи орзую омол ва ормони тоҷикон ба мақсади бунёди давлати миллии худ мебошад.
Дар Конститутсия халқ бунёди ҷомеи адолатпарварро вазифаи дурнамои худ эълон кардааст. Роҳи ноил гаштан ба ин ҳадаф дар гуногуншаклии моликият ҳамчун асоси иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, зоҳир мегардад. Дар Конститутсия мақсаду мароми халқи Тоҷикистон оид ба созмони ҷомеа ва давлати оянда, сохтор, усулҳои ташкилшавӣ, фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва рукнҳои асосии амаликунандаи он муайян шудаанд. Халқи Тоҷикистон арзишҳо ва қолабҳои давлатдории муосири ҷаҳониро қобили қабул шуморида, эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро пеша кард, ки инкишофи минбаъдаи ҷомеа зарурат ва дурустии онро собит намуд.
Имомдод ОЛИФТАЕВ,
корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон