Ба муносибати 25 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия ва сабабҳои печидагиҳои буҳрони ҳуқуқии олам

№131 (4081) 31.10.2019

(Идома аз шумораи гузашта)

DSC_1677Ба назар чунин мерасад, ки тазодҳои олами муосир дар паҳнои муборизаи озодихоҳонаи атбои аз ҷониби созмонҳои бонуфуз дастгириёбанда ҳамчун ҷараёни босуръати тандеми ҳуқуқу озодиҳо, ки дар як ҷо дар шакли талаби автономияҳои сиёсӣ (Украина) ва дар ҷойи дигар дар қолаби талаби ҳуқуқҳои сиёсӣ (Венесуэла) сурат гирифта истодаанд, аз як ҷониб, дар сатҳи муайян ифодаи вусъатёбии озодиҳои ботинии давлат дар қолаби соҳибихтиёрии халқист, ки ба фаъолнокии «озодии қонунӣ» дар заминаи қонунҳои озод хизмат менамояд ва дар муқобили он ҳаракати соҳибони қудрат ҷиҳати таъмини пойдории давлат, тартиботи мавҷуда, устувории низоми идора, тамомияти кишвар ва амнияти давлатӣ, кӯшишҳо дар ҳифзи хориҷӣ томмияти озодии миллатҳои сиёсӣ буда, то дараҷае ифодагари сатҳ ва сифати соҳибихтиёрии давлатии халқҳост, ки ҳастӣ ва фаъолнокии истиқлолияти давлатиро таъмин мегардонад.

Ин аст, ки ҳар ду неру дар ҷараёни муборизаҳо ва талаби ҳаққу озодиҳо на танҳо асосу далелҳои мантиқии худро меоранд, ҳатто ҷонибдорону дастандаркорони хориҷии онҳо, новобаста аз манфиатҳои молию моддиашон, амалҳои худро дар ин самт назди масъулиятҳояшон бо асосу фарзияҳои одилона собит месозанд.

Модом ки ҳар ду неру ва ҷонибдорони онҳо ба адлу инсоф такя мекунанд ва ба сӯи ҳадафҳои муайяни мусбат равонаанд, пас ин ҷангу ҷидол ва хархашаю нофаҳмиҳо аз чист?

Мушкилию ноамнӣ аз вайрон шудани ҳамин сарҳади озодиҳои ботинӣ ва зоҳирии давлатҳо дар замону макон аст, ки ба паҳнои соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ такя задааст. Ин ҳолати яксӯгароӣ, худбинии ботинӣ ва зоҳирии иҷтимоӣ дар заминаи фарҳанги пасти сиёсии давлатсозӣ озодиҳоро аз доираи талаботи қонунҳои амалкунанда ҷиҳати ҳимояи манфиат ё ҳаққонияти ғояи худ берун намуда, дар пасманзари он муқовимати ногузири ҳадафҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии миллатҳои соҳибдавлатро дар шакли тазоди соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ ба бор овардааст.

Ин ҳолат дар ниҳояти кор истиқлоли давлатии онҳоро осебпазир сохта, хатари ҷиддии пӯсидашавии пояи давлатдориро эҷод  мекунад. Мушкил дар он аст, ки неруҳои давлатсоз ва орзуи давлатсозидош­та дар таъмини соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ ҳадафҳои аслӣ ва стратегии миллати соҳибдавлатро аз мадди назар дур монда, дар татбиқи ҳадафҳои ҷузъӣ афзалиятҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро нодуруст татбиқ кардаанд.

Номувофиқатии вазъи зуҳури озодиҳои ботинӣ ва хориҷии соҳиб­ихтиёрии давлатӣ аз бисёр ҷиҳат ба гунаи озодиҳо ва амалкардҳои инсони ҷудогона шабоҳат дорад, ки аз ҷанбаҳои  дохилӣ ва зоҳирӣ иборат аст. Агар инсон ба хотири қонеъ сохтани талаботи нафс бидуни меъёр ба истеъмоли маводи ғизоӣ даст занад ё ба роҳи гуногуни қонунию ғайриқонунӣ даст ба қонеъ кардани он занад, ки майли табииаш ба он кашиш дорад, он гоҳ ӯ тан ва рафтори худро назорат накарда, саломатӣ ва оромии ҳуқуқиашро аз даст дода, зоҳири худро, ки муаррифгари ҳастии ӯ дар муносибат бо дигарон аст, дар ҳолати таассуфангез қарор хоҳад дод. Айнан чунин иштибоҳро иддае аз эътиқодмандони кӯрназар ва озодихоҳони тундрав дар зиндагии худ содир менамоянд, ки яке ба ҷойи маънӣ шаклу сурат, дигаре ҷойи салла калларо металабад. Яъне, озодиҳои ботинӣ ба ҳастии тан ва мақоми зоҳири ӯ на танҳо зарар мерасонанд, инчунин, дар маҷмӯъ, усул ва тариқаи муносибати мутавозинро халалдор, ҳуқуқи интихоби дурусти роҳро вайрон ва татбиқи хирадмандонаи  афзалиятҳои фардӣ ва иҷтимоиро  нодуруст роҳандозӣ менамояд.

Агар, баръакс, инсон ба хотири зебоии зоҳирӣ аз истеъмоли маҳсулоти ногузир даст кашад, эҳтимол ӯ на танҳо дар назди талаботи табиӣ маҳдудият эҷод менамояд, инчунин, зарар ба саломатӣ расонида, ҳолати худро номуназзам мегардонад. Пас барои инсон низ мисли ҷомеа таносуби оқилонаи истифодаи озодиҳо ва талабот ногузир аст ва ё шояд, баръакс, барои ҷомеа низ мисли инсон бошад.

Вазъияти ишорашуда шабеҳи як навъи бемории мавҷудаи раванди давлатсозист, ки дар омехтагиҳои мухталиф дар масири таърихи давлатдории кишварҳои гуногун зиёд рух додааст ва оянда низ рух хоҳад дод. Даврони таърихи бостон, асрҳои миёна, замони нав зиёд аз ин ҳодисаҳоро медонад, ки чӣ тавр давлатҳо ба ин ҷурм ба нестӣ рафтанд ё салтанатҳои бузург  пош хӯрданд. Дуруст аст, ки боз дигар омилҳо низ дар ҷараёни фурӯравии давлатҳо нақш доштаанд, вале омили ҷудо шудани халқ аз қудрат, дастгирӣ накардани омма аз соҳибони давр, паҳнои сарҳади давлатро ҳифз накардани халқ дар шакли афзоиши озодиҳои ботинии афрод дар муқобили ҳокимияти давлатӣ нуктаи ниҳоии парокандагии давлатҳо  будааст, ки ибтидои худро аз сиёсати нодурусти озодиҳои ботинӣ ва зоҳирии давлат дар шакли маҳдудияти  ҳуқуқу озодиҳо ва худнамоию лашкаркашиҳои беҷо, ки ба шиддати тазоди миёни давлату мардум неру медод, мегирифт.

Ин ҳолат, бахусус, дар давронҳои буҳронии ҳаёти иқтисодии олам ва аланга гирифтани низоъҳои байнидавлатӣ, ҷангҳои ҷаҳонӣ ва ҷаҳонишавии манфиатҳои ҷудогона бо тобишҳои хоса сурат гирифтааст. Замони ҷаҳонишавии муосир ба ин раванд зери фишори манфиатҳо суиистифодаи арзишҳои башариро ба таври зебо зам намудааст. Раванди мазкур ба зоти худ ҳодисаи нангин аст, ки ба заҳролуд намудани хӯришҳои инсонӣ шабоҳат дорад, зеро дар заҳролудшавии арзишҳо ба назар мерасад.

Заҳролудшавии арзишҳо ба заҳрогин шудани тухмаи онҳо дар иҷтимоъ ва ҳуқуқ ба сони суиистифода шудани падидаҳои бунёдии демократия, озодии сухан, эътиқод, ҳуқуқҳои интихоботӣ ва дигар ҳақҳои сиёсӣ асос гузошта, дар умум ҷомеа ва давлатро аз бунёдашон  ба фурӯравӣ маҳкум менамояд. Ин ҳолат ҳамроҳ бо ноҷуриҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дигар ислоҳнопазир гашта, падидаҳои бо ном демократию либералӣ дигар ба онҳо кумак накарда, ногузир ҷомеаро ба  табдили режим ва шаклҳои идора мекашанд.

Чунин пасманзар, албатта, барои иддае аз кишварҳои бузурги манфиатҷӯй мутобиқи мақсад аст. Дар чунин ҳолати заҳролудшавии арзишҳо ҳама кӯшишу ғайрати роҳбарият ва ҳукуматҳои давлатҳои рӯ ба рушд дар кори дастрасӣ ба адлу инсоф ва ислоҳи вазъият бенатиҷа мемонанд.Мисоли равшани инро мо дар иддае аз кишварҳои ҷангзадаи олам, чӣ дар таърих ва чӣ дар замони муосир, дида истодаем. Яъне, дарк бояд кард, ки дар чунин ҳолатҳо танҳо халқу миллатҳое метавонанд истиқлоли давлатии худро ҳифз карда, аз найрангҳои авомфиребона халосӣ ёбанд, ки соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатии худро ҳамқадам бо озодиҳои ботинӣ ва зоҳириашон дар хизмати ҳадафҳои стратегии миллат қарор дода, ҳадди озодиҳои дохилӣ ва зоҳириро дар паҳнои Конститутсияи кишвар ва қонунҳои амалкунанда устувор нигоҳ дошта, ба зиёдаравии якҷонибаи кашишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ба манфиатҳои ҷудогона созгор роҳ надиҳанд. Дар ин кор омилҳои муайянкунандаи дигар, амсоли роҳбари хирадманд, муттаҳидии халқ дар атрофи он, сатҳи саводу дониши саросарии мардум низ  то андозае таъсир мерасонанд.

Инак, чун мебинем ва дарк менамоем, ки озодшавии аз ҳад зиёди усулҳои ташкили идора (як навъи либерализатсияи сиёсӣ) дар ҳамбастагӣ бо ҳуқуқҳои бесарҳади шахсӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд бидуни ба назаргирии таърихи чандҳазорсолаи фарҳангии халқу миллатҳо ва соҳибихтиёрии давлатии онҳо, тимсоли модели ғарбӣ бо усули иҷборӣ, ба ҷуз ҳолати ноамнӣ ва фитнаю ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки саодати мардумро хору залил намудааст, дигар чизеро ба бор намеорад,  дар бораи кадом намунаи муваффақ ҳарф бояд занем?

Ин ҳолат бо интиқоли иҷбории арзишҳо ва ташкили инқилобҳои ранга тақдири бузургтарин арзиши башарӣ — демократияро ҳамсон бо соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатии халқу миллатҳо дар ҳолати ногувор қарор додааст.

Дар чунин шароит мақоми қонунбарор, идораи  давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ ва шаҳрвандони озодидӯстро зарур аст, ки дар пешгирӣ аз бадбахтиҳои эҳтимолӣ талаботи моддаҳои 6, 8, 10, 12 ва 100  Конститутсияро чун сипари устувори ҳуқуқӣ ва маънавӣ дуруст дарк, ҳазм ва татбиқ намоянд. Яъне, давои ин дарди сироятиро мо бояд аз Конститутсия ҷустуҷӯ кунем, танҳо зарур аст, ки онро дар ҳолати зарурӣ бамаврид ва мақсаднок ба роҳбарӣ гирем.

Сониян, дар қиболи ҳодисаҳои нангини ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойи таъкид аст, ки ин ҳама тарафкашию майдоншинии миллатҳо ва ҳангомаю хунрезиҳо зери парчами ҳуқуқу озодиҳо ва равандҳои демократикунонии дар конститутсияи ин кишварҳо тарҳрезишуда рух дода истодааст.

Мушкил он аст, ки неруҳои мухталифи  муосири дохилию хориҷӣ, ки халқу миллатҳоро ба гирдоби чунин ҳодисаҳои нохуш гирифтор кардаанд, ба конститутсияҳои худ муносибати яктарафа менамоянд. Онҳо озодиро дида, сарҳади онро гум кардаанд, ҳуқуқро қабул карда, вазифаро аз хотир баровардаанд, имконияту афзалиятҳои фардиро эҳсос намуда, дар ҳолати сархушии эҳсосотӣ масъулиятро назди бародарони худ, ҷомеа, миллат ва дирӯзу фардои миллаташон аз ёд баровардаанд. Мисли Руссо ба демократия  такя мекунанд, вале сарҳади озодиро чун ӯ дидан намехоҳанд, дар атрофи ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ монанди инқилобгарон ҳарф мезананд, аммо реҷаи қонуниятро нодида гирифта, панди Имоми Аъзам, Мотуридии Самарқандӣ, Абӯҳакими Самарқандиро роҷеъ ба афзалияти тобеият ба қонун ва қудрат дарк кардан намехоҳанд. Қудсияти озодиро дар тарозуи хирад, он тавре ки Кант масъалагузорӣ менамояд, санҷиданӣ нестанд (ниг. Кант И. Ответ на вопрос: что такое просвещение? Соч. в 4. т.  Т 1.М., 1993. с. 131).

Ба қавле, озодӣ тимсоли шабаҳи ҷин аз кӯзаи андешаи мардуми ғайрифарҳангӣ берун ҷаста, шишаи низоми идораи демократиро шикаста, рӯ ба майдони сиёсат  задааст, ки содиқону муҳиббони худро дар ҳолати гурез аз худ (ишора ба «Бегство от свободы»  Э. Фром ниг:  Фром Э. Бегство от свободы. М., 2016. — 288 с.) қарор дода, фарҳангҳои оламро, ки намунаи зебоии табиати ҳастии инсонанд, бо олудасозии рангҳо ба ҳолати муноқишаи тамаддунҳо (С. Ҳангтинтон) кашида, сиёсати ҳикматомези идораи фарзандони махлуқи бошуур — инсонро дар сатҳи байналмилал ба муборизаи тахтаи шоҳмот (З. Бжезинский) табдил дода, ояндаи инсониятро тира (назарияи «Анҷоми таърих» — и Ф. Фукуяма) гардонида, офарандаи таърихро тобеи офаридаҳои худ намуда, ҳикмати маҳдудияти инсонро дар ташкили ҳаёти иҷтимоӣ    (К. Маркс), иқтисодӣ (Г. Ф. Хайек)  собит сохта, назарияи ҳанӯз ҳам тобеъ будани иродаи инсонро ба савқи табиӣ (дар кунгураи дидгоҳи Ч. Дарвин ва Азозили илоҳӣ) муаррифӣ  менамояд. Озодӣ ба сони олиҳа, тимсоли маъшуқае вонамуд мегардад, ки ҳама  ӯро мехоҳанд, ҳама ба сӯи ӯ метозанд, вале ин маъшуқаи худро озод аз бандҳо намуда, хеле устодона маҷнунҳои худро қурбон менамояд.

Ин ҳолати печидагӣ вазъи муҳандисони фикрии замони навро аз вазъи пешгузаштагони худ бамаротиб мураккабу мушавваш гардонида, роҳи илмии шинохти табиати  ҳуқуқро дар формулаи  «ҳуқуқ бояд чӣ гуна бошад?» (Фуллер)  ва «ҳуқуқи воқеӣ чӣ гуна аст?»(Ф. Бекон, Г. Харт) хеле ва хеле душворгузар кардааст.

Аммо, бо вуҷуди ин мушкилиҳо, вазъият ҳанӯз ҳам ислоҳшаванда мебошад. Зарур аст, ки илмҳои ҷамъиятӣ ба буҳрони фурӯрехта дар ҳамбастагӣ муносибат намоянд, зеро ин буҳрони таҳти амвоҷи флуктуатсионии оламӣ (назарияи П. Сорокин) қарордошта  танҳо иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ набуда, тавассути махлути ҷаҳонишавии манфиатҳо дар паҳноҳои гуногун сар задааст. Дар ин вазъият ба мақсад мувофиқ аст, ки  арҷгузории навъҳои ҷаҳонбиниро  дар фазои рақобати озоди илмӣ таъмин карда, вазифаҳои аслии шохаҳои мафкураи инсонӣ дуруст роҳандозӣ, дину ахлоқ ба тарбияи ботинии инсон машғул ва ҳуқуқу сиёсат ба шаклгирии зоҳирии ҳаёти арзандаи фардӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шавад. Дар ин раванд ҷойи муқобилгузории ҷаҳонбиниҳо ҳамоиш ва ҳамоҳангии онҳо дар кори саодати аслии инсон бояд авлавият касб намояд.

Дин ва эътиқод кори шахсии ҳар инсон аст (моддаи 26 Конститутсия) ва зарур аст, ки олудасозии он бо сиёсат, ғаризаҳои шахсию гурӯҳӣ дар асоси талаботи дунявияти конститутсионӣ (моддаи 1 Конститутсия) қатъиян пешгирӣ гардад.

Давлат дар масири таърих  аз қаъри пур аз печидагию олудагиҳои нафсонӣ ва манфӣ ҳамчун фарзанди баркамоли сиёсат убур намуда, вобаста ба шароит ҳамсони хиради инсонӣ барои такмили худ навъҳои зуҳури шоистаро ҷустуҷӯ ва бо гузашти айём рӯзгори пешинро инкор карда, шаклу усулҳои нав қабул менамояд, аммо динҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки қолаби худро дар мафкураи пайравони худ устувор кардаанд, зотан аз ин ислоҳоти даврӣ аз бисёр ҷиҳат маҳруманд.

Пас, ҳифзи тозагӣ ва беолоиш нигоҳ доштани арзишҳои динӣ аз ғаризаҳо дар паҳнои боварии ботинӣ  ба сони арзишҳои умда, ки дар сарчашмаҳои аслии динӣ борҳо таъкид шудааст, беҳтарин воситаи  ҳифзи муназзамии ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ аст. Ҳимояи ин тозагӣ аслан бар уҳдаи давлат не, балки бар уҳдаи худи мардуми диндор аст ва давлат барои ин танҳо шароит фароҳам меорад. Давлати демократӣ ба озодиҳо таъсир  намерасонад, балки барои зуҳури онҳо  шароит фароҳам меорад, паҳнои онҳоро бо қонун муқаррар менамояд ва масъулияти атрофро барои риояи онҳо таъмин месозад.

Иддае аз ҳангоматалабони муосир, ки ба осиёби ноамнии сайёра, бахусус, дар кишварҳои Шарқ, об мерезанд, дин ва эътиқодро воситаи мубориза қарор додаанд. Онҳо бо ин амалашон ба вазнинтарин ва сангинтарин амали ахлоқӣ дар кори сиёсати ҷаҳонӣ даст зада, динро ба сиёсат мекашанд, эътиқоду эътимоди мардумро аз роҳи поку беолоиши боварии ботинӣ ба Зоти пок ба ғаризаҳои молӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ олуда менамоянд ва дарк кардан намехоҳанд, ки ин амали онҳо ба қонунияти офарандагии худи Офаридгор созгор нест.

Онҳо иштибоҳу камбудиеро, ки пайравони  динҳои дигар то замони нав (дар асрҳои XVII- XVIII) роҳандозӣ  карда, садди роҳи илму тараққӣ гашта, Аврупоро дар ҳолати қафомонӣ ва зулмату истибдоди асримиёнагӣ нигоҳ дошта буданд, имрӯз дар Шарқ ва Осиё такрор карда истодаанд.

Бо ин амалашон олудасозони дин бо сиёсат, демократия ва озодиҳои сиёсию шахсиро хеле устокорона истифода менамоянд.

Онҳо аз назари ахлоқӣ гӯё ба меъёрҳои динӣ арҷ мегузоранд, аммо ҳикмати «Ватан гӯшае аз имон аст» (ҳадиси Паёмбари ислом) — ро фаҳм карда наметавонанд. Тоатро қабул доранд, Каъбаро мепарастанд, аммо бузургӣ ва қадру манзалати инсонро, ки Паёмбари ислом молу ҷону шарафашро назди Худованд муътабар аз хонаи Худо донистааст, дарк накарда, кайҳо ба шаклпарастӣ гузаштаанд: «Мусулмонӣ агар, каъбапарастист, Парасторони бутро таъна аз чист?». Онҳо намозу рӯзаю ҳаҷро иҷро мекунанд, вале садои қалби модарон, падарон, фарзандон, ятимон ва дар маҷмӯъ, инсонро намешунаванд. Гӯё ҳама ба сӯи Ӯ мераванд, аммо бародарашон, падару модари меҳрубонашонро, ки Худованд сабаби ҳастии эшон гардонидааст, хоҳарону нафарони дастнигари дар ҳамсоягиашон бударо намебинанд, гӯё хабар аз ҳикмати ислом надоранд, ки Ӯ қадру манзалати падару модар, хоҳару бародар, ятиму камбизоатро аз ин ҳама афзалтару асоситар дониста, талабгорони даргоҳи худро борҳо аз роҳ гардонида, ба сӯи эшон ҳидоят кардааст. Онҳо то ба ҳанӯз ҳикмати  ояти каломи раббонии «ва бил волидайни эҳсоно», ҳадиси пайғамбари гиромӣ — «биҳишт дар зери қудуми модарон аст» — ро амиқ дарк нанамудаанд.

Ин гурӯҳи ҳангоматалаб на танҳо фаҳмидан намехоҳанд, ки тибқи қонуни Илоҳӣ ва инсонӣ сифати олии ахлоқи инсонӣ аз номи худ сухан гуфтан аст, аз номи худ ҳарф задан аст, зеро Худованд низ дар Каломи раббонияш  масъулиятро фардӣ намудааст.

 (Давом дорад)

Холиқзода Абдураҳим Ғафор, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор