Нуқтаи назар

Корвони саодати мардуми кишвар ба пеш равон аст

№153 (3947) 25.12.2018

28475302070_6636086873_o16 ноябри соли 2018-рӯзи ба кор даромадани чархаи якуми НБО-и «Роғун» дар саҳифаи таърихи пурғановати халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шуд. Ин навгонӣ оғози инқилоби бузурги энергетикӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад ва ба кор даромадани воҳид­ҳои минбаъдаи он Тоҷикистонро ба шукуфоӣ хоҳанд расонид. Дар он рӯзи муборак шодию хурсандии хурду калон ҳадду канор надошт, ҳама якдигарро шодбош мегуфтанд, ҷавонон бо шодию сурур роҳпаймоӣ мекарданд.

Пӯшида нест, ки миллати мо дар қатори дӯстдорону ҷонибдоронаш, душман низ дорад, ки заифу нотавону ноуҳдабаро, вале бадхоҳу кинавару нотавонбину бадгӯ ҳастанд. Ҳарчанд мо дӯстони хеле зиёд дорему душманони кам, вале мухолифонамон гоҳ-гоҳе тавассути тавтеаву иғвову сияҳкориҳо аз ҳастиву мавҷудият дарак медиҳанд. Ба қавли мавлоно Бадриддини Ҳилолӣ:

Ҳар ҷо, ки ҳабибест, ба паҳлуш рақибест,

Дар боғи ҷаҳон як гули бехор набошад.

Афсӯс, ҳарифони ноҷавонмард ба рӯй ниқоби дини мубини ислом кашида, лофу газоф мезананд ва кору рафтору гуфторашон мақоли халқ: «Душман агар айбе наёбад, гӯяд, ки думи сагат каҷ»-ро ба хотир меорад. Ростӣ, аз нуру сафо пур гаштани хонадони мардуми кишвар ҳарифони моро сахт ба таҳлука андохта, андуҳгин сохт ва онҳо тавассути сомонаҳои ифротии наҳзатӣ боз ба дурӯғу ҳарзагӯӣ пардохта, ба кор даромадани чархаи якуми НБО-и «Роғун»-ро тадбири намоишиву таблиғӣ хонданд. Чӣ илоҷ, бигзор гуфтан гиранд. Аслан, ба қавли мардум, «Овози гови бешир баланд аст».

Албатта, ин тоифа, ки ғуломони зархариданд,  бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд маблағҳои ҳароми ҳангуфту бедардимиёни аз хоҷагон гирифтаашонро «ҳалол» созанд ва ба ин васила мардуми орому осудаи моро, ки машғули ободии кишвар мебошанд, гӯл зананду «обро лой карда, моҳӣ доранд». Вале ин бахтбаргаштагон бехабар аз онанд, ки мардуми мо содалавҳу зудбоварони дирӯза нестанд, онҳо сиёҳро аз сафед, сараро аз носара хуб фарқ мекунанд ва он рӯзҳои мудҳиши сангину нангини сиёҳро фаромӯш накардаанд, ки наҳзатиҳо ба сарашон оварда буданд.

Хушбахтона, имрӯз дар диёри мо тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешво ва фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои шабонарӯзии мардуми меҳнатпешаи кишвар сулҳу субот ҳукмрон аст. Акнун моро зарур аст, ки ин неъмати худододаро  чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.

Ман, ки шаш соли ҳаётамро ба хотири дифоъ аз манфиатҳои давлати муқтадири Иттиҳоди Шӯравӣ дар давлати Афғонистон сипарӣ кардаам, ба қадри ин неъмати бебаҳо хеле хуб мерасам ва орзу мекунам, ки мардуми ин кишвари ҷангзада низ мисли мо ба рӯзҳои нек бирасанд. Оид ба ҳодисаҳои Афғонистон ва кору рӯзгори мардуми он матолиби зиёд иншо ва бо номҳои «Афғонис­тон. Оташ дар хонаи ҳамсоя», «Шикасти Афғон» асар эҷод кардаам. Банда нахустин ҳикоёти хешро аз кӯлвори хотироту ёддоштҳои Афғонистониам солҳои 2000-2005 дар саҳифаҳои рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ таҳти унвони «Ҳисса аз қиссаҳои «Шикасти Афғон»» ба табъ расонида будам. Вале як гурӯҳи дӯстони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла рафиқони афғонӣ, ки он вақт дар кишварамон хеле зиёд буданд, ба ман эрод гирифтанд, ки «Шикасти Афғон» номидани ин силсилаи ёддоштҳо ба воқеият мувофиқат намекунад, зеро «шикаст-шикасти Афғон набуд, балки шикасти Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ» ва дар маҷмӯъ, шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ буд», — мегуфтанд онҳо. Ин андешаҳо ҳамон вақт, ба назарам, қобили қабул намуда буд. Вале бо гузашти айём ва, хусусан 15-20 соли охир, ман боз ба унвони пешгузоштаи худ баргаштам, зеро ҳарчанд аз хориҷшавии аскарони шӯравӣ аз Афғонистон қариб 30 сол гузашта бошад ҳам, дар ин кишвар оташи ҷанг хомӯш нашуд. Ҳангоми қарор доштани низомиёни шӯравӣ дар Афғонистон иддае аз саркардагони ҳизбу ҳаракатҳои исломии ин давлат даъво мекарданд, ки «чун охирин аскари шӯравӣ аз хоки Афғонистон берун шавад, мо худ давлатамонро тинҷу осоишта мекунем». Вале аз ин суханон 30 сол сипарӣ шуд. Афғонистон дар ин муддат ба дасти чандин қувваю саркардаи гуногуни исломӣ гузашт ва ҳама доди мусулмонӣ зада, худро худотарс вонамуд мекарданд.

Замоне ки мо дар Афғонистон қарор доштем, дар он 10-12 ҳизбу ҳаракати сиёсӣ амал мекард ва аз он 7-8 ададаш ҳизбу ҳаракати исломӣ буд. Бино ба маълумоти расида, ҳоло дар ин мамлакат наздик ба 100 ҳизбу ҳаракати сиёсӣ фаъолият доранд, ки аксари онҳо ба ном «исломӣ» мебошанд. Дар кишвар, ба қавле «мулло» бо «мулло» меҷангад, вале вазъи давлат ҳамоно мушкилтар гардида, шумораи қурбониён афзоиш меёбад. Магар ин шикаст-шикасти Афғон нест?

13 ноябри соли равон, рӯзи мавлуди Паёмбари ислом, узви ҳаракати ба ном «Давлати Исломӣ» зимни тиловати «Қуръон» дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Кобул худро тарконида, 80 олими исломро ба шаҳодат расонд ва садҳо ашхоси дигарро маҷруҳ сохт. Ёд дорем, ки соли гузашта зиёда аз 70 кӯдаки кобулӣ, ки ҷашни хатми «Қуръон» доштанд, бар асари таркиш ба шаҳодат расида, садҳо тифлаки дигар маҷрӯҳу маъюб гаштанд. Чунин мисолҳоро аз ҳаёти Афғонистон зиёд овардан мумкин аст. Оё дини мубини ислом ҳаминро тақозо мекунад? Не, албатта! Онҳое, ки худро мусалмон вонамуд карда, зери ливои ислом хуни ноҳақ мерезанд, мусалмон буда метавонанд?

Ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Ман ҳар вақте рӯзҳои сиёҳи кишварро, ки бо касофати «мусалмонони худотарс» ҷони зиёда аз 150 ҳазор ҳамватан туъмаи аждари ҷанг шуд, ба хотир меорам, суоле дар тафаккурам чарх мезанад: Агар кору рафтори мусалмонсуратон писанди Ҳақ мешуд, магар Худованд дар рӯзҳои майдоннишиниҳояшон дар шаҳри Душанбе қаҳру ғазаби хешро бо барфу борону жола ба сарашон мерехт? Чаро ҷанги наздик ба 40 — солаи муллотарошони Афғонистон, ки ҳама аз номи ислому шариат ҷор мезананд, поён намепазираду мардуми бахтбаргаштаи ин давлат рӯзи сафеду некро намебинад?

Ба назарам, таи 40 сол  хомӯш нашудани оташи ҷанг дар Афғонистон дар худхоҳию худкомагии қумондонҳои ба ном «исломӣ»-и он, ки ҳар яке мехоҳад ҳокими мутлақи Афғонистон шавад ва дар бетарафию парокандагии мардуми ин диёр аст.

Хушбахтона, мардуми Тоҷикистони азизи мо зуд дарк карданд, ки бидуни якпорчагиву ваҳдат ва иттифоқ ба сулҳи пойдор ва тинҷию осоиштагӣ расида намешавад.

Бале, ваҳдату ягонагӣ ва ба қавли халқ, «аз як гиребон сар бароварда», паи ободии кишвар заҳмат кашидан гарави асосии сулҳу сафо ва оромиш аст. Аз ин рӯ, мардуми намакшиносу меҳнатқарини Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фирефтаи «нишондод»-ҳои мусулмонтарошони наҳзатӣ намешаванд. Онҳо шукри ободии кишвар, осудагии халқ ва дуои ҷони Сарвари давлатро карда, сиёсати дурусту ватандӯстона, ободкориҳо ва раҳнамоиҳои Пешвои миллатро ҳамеша дастгирӣ мекунанд ва корвони саодати мардуми Тоҷикистон ба пеш равона аст.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»