Кумак ба кӯдакони имконияташон маҳдуд

№1 (3951) 03.01.2019

Дар арафаи Соли нави мелодии 2019 масъулини Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» кумаки моддӣ расонданд. Ҳамчунин, барои болидарӯҳии тарбиятгирандагон барномаи рангини фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 кӯдаки маъюб доимӣ ва 30 нафар муваққат парасторӣ мешаванд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»