Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиқзода Қаноатшо Холиқ: «Корҳои созандагию бунёдкорӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд»

№149 (3943) 15.12.2018

РаштСоли 2018 барои сокинони ноҳияи Рашт соли дастовардҳои бузург буд. Дар соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар ин робита хабарнигори рӯзнома бо раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо Холиқ суҳбат доир намуд.

- Соли равон дар Рашт беш аз 37 километр роҳ мумфарш гардид. Умуман, ба ҳар тарафе, ки нигарем, мардум ба ободониву созандагӣ машғуланд. Асрори пешрафт дар чист?

- Алҳол на танҳо дар Рашт, балки дар саросари кишвар созандагию ободкорӣ дар авҷ аст ва ҳар рӯз шаҳру шаҳрак, деҳкадаву деҳаҳо пеши назари мардум симояшонро тағйир медиҳанд. Ҳамаи ин аз роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат аст. Азбаски муҳаб­баташон дар дили сокинони кишвар ҷо гирифтааст, ҷавонмардони баору номус ва ватандӯсту миллатпарварро, ки имкони молиявӣ доранд, водор менамояд дар ободкориҳо саҳм гузоранд.

Хушбахтона, сафи соҳибкороне, ки зодагони Рашт мебошанд, сол то сол зиёд мегардад ва чанде аз онҳо, ки дар Россия фаъолият доранд, дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муттаҳид шуда, моро дастгирӣ менамоянд. Раҳимҷон, Бегиҷон ва Шараф Бобоҷоновҳо, Раҳматшо, Резвоншо, Асомуддин, Садриддин ва Сироҷиддин Шоевҳо, Ватан Фарозов, Ғаюр Ҷӯрабеков, Ёрибек, Муҳаммадсафо ва Маҳфизулло Лоиқовҳо, Сияршо ва Дилшод Ҷабборовҳо ва боз даҳҳо нафари дигарро номбар кардан мумкин аст, ки бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия робитаи наздик доранд. Маҳз бо дастгирии онҳо соли равон 37 километр роҳи дохили ноҳия ва 10 километр шоҳроҳи Душанбе — сарҳади Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Нуробод мумфарш гардид. Ин оғози кор аст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони бонангу ор ва ватандӯст то ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ 100 километр роҳҳои дохили ноҳияро мумфарш намояд. Итминони комил дорам, ки нақшаи пешбининамударо пеш аз муҳлат иҷро хоҳем кард.

Рӯзҳои дар шаҳри Москва буданам фурсат пайдо карда, бо соҳибкороне, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, вохӯрӣ гузаронидам. Ҷойи хушнудист, ки онҳо аз барномаҳое, ки Пешвои миллат пешниҳод намудаанд, огоҳӣ доранд ва омодаанд дар амалӣ гардидани онҳо саҳм гузоранд. Ҳамин аст сирри пешравии кори мо.

DSC_2090- Вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мехостам дар хусуси имконияти рушди соҳаи сайёҳӣ ҳарф мезадед.

- Муаррихи маъруфи асри XIX Муҳаммад Саидхоҷа Гулшании Бухороӣ дар асари машҳураш «Таърихи Ҳумоюн» баъди тамошои Рашт менависад: «Дар фасли рабеъ нузҳат ва сафои сабзазору чашмаи обҳои он ва сайду шикори кабк ва тамошои он ва фазои саҳнаи гулистони даштиву кӯҳии он дар ҳеҷ амсору булдони тавобеи Бухоро нест».

Лашкаркаши маъруфи рус Я. А. Мелкумов соли 1921, замони барқароршавии Ҳукумати Шӯравӣ, ба водии Рашт омада, дар хотираҳояш ёдовар шудааст:

«Қаротегин (Рашт) яке аз зеботарин районҳои Тоҷикистон мебошад. Шаҳрҳои Ғарм, Оби Гарм, Қалъаи Ҳоит ва Қалъаи лаби об дар даруни боғу роғ ғӯтида буданд».

Ин иқтибосҳоро барои он овардам, ки хеле барвақт зебогиҳои диёр диққати мардуми дигар мамоликро ба худ ҷалб карда буд.

Дар ноҳияи Рашт мавзеъҳои нодир кам нестанд. Дараҳои Камароб, Тагоба, Файзосор, Қалъанак, Ҳиҷборак, Ясман, Ҳоит бо манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо, мардуми меҳмоннавозашон шуҳратёр гардидаанд.

Камароб, ки асрҳо номаш вирди забонҳост, ҳар сол садҳо сайёҳро мепазирад. Шаршараҳои хурду бузург, оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо, дарахтони худрӯй, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандагони гуногун диққати сайёҳонро ҷалб менамоянд. Соли панҷум аст, ки дар дараи Камароб фароғатгоҳи «Шарики боэътимод» ба сайёҳон хизмат мерасонад. Он дорои боғу гулгашт, айвонҳои хурду калон, майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварист.

Парваришгоҳи давлатии «Камароб», ки соли 1960 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия  таъсис ёфтааст, 10 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади асосӣ аз фаъолияти он парвариши гулмоҳӣ, хирси малла ва бузи кӯҳӣ буда, дорои 23 намуд паранда ва 350 намуд гиёҳи шифобахш аст.

Шоҳроҳи байналмилалии Душанбе -  сарҳади Қирғизистон ва роҳи шаҳраки Ғарм — шаҳраки Навобод низ баъди ба истифода супоридан ба рушди соҳаи сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшиданд. Дар шафати онҳо аз тарафи соҳибкорон чойхонаю тарабхона, мағоза, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, таъмири автомобил ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта шудаанд.  Дар  даромадгоҳи ноҳия чашмаи «Навдонак» ҷойгир аст ва дар паҳлуи он чойхонаи барҳаво бо нақшу нигори миллӣ қомат афрохтааст.

Дараи хушманзараи Хӯҷашамсиддин дар деҳоти «Тагоба» макони беҳтарин барои шикор мебошад. Дар ин мавзеъ барои қабули сайёҳон бошишгоҳи замонавӣ сохта шудааст.

Дар деҳаи Оби меҳнат оромгоҳи яке аз шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони ислом — Хоҷа Абдуллоҳи Валӣ қарор дорад, ки оид ба рӯзгори ӯ дар китоби «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридуддини Аттор ёд шудааст. Ба ҳамин монанд дар ноҳия оромгоҳи шахсони маъруф ва олимони соҳибкитоб кам нестанд. Дар деҳаи Белгӣ мақбараи олим ва шоири маъруф Мавлавӣ Одинамуҳаммади Қаротегинӣ — муаллифи китоби машҳури «Возеҳ-ул-баён» ҷойгир аст.

Дар деҳаи Сафедтундак ҳавлии Мавлавӣ Ҷомии Сонӣ, дар деҳаи Аскалон оромгоҳи олим ва табиби машҳур Эшони Малеҳ, дар деҳаи Нимич суфа ва тарҳи осиёи бобогии шоири машҳур Мирзо Азизбеки Ҳаҷрӣ, дар деҳаи Барот Шарифзода оромгоҳ ва ҳавлии фарзанди диловари тоҷик Усмон, ки ба муқобили манғитҳо мубориза бурдааст, дар мавзеи Ҳоит, оромгоҳи Мавлавӣ Нозими шоир, ки бо амри амир Музаффар шаҳодат ёфтааст, оромгоҳи яке аз аввалин омӯзгорони маъруфи тоҷик Каримҷон Ҳусейнзода, се нафар муаллимаи аввалини водӣ ва ғайра воқеъ гардидаанд.

- Дар даврони Ҳукумати Шӯравӣ оид ба таърихи водии Рашт кам маълумот вуҷуд дошт. Ёдгориҳои таърихӣ низ мавриди омӯзиш қарор нагирифта буданд…

- Солҳое, ки дар вазифаи директори Коллеҷи омӯзгорӣ кор мекардам, ин масъала диққати маро ҷалб менамуд. Болотар аз шаҳраки Навобод нишонаҳои қалъаи куҳна боқӣ мондааст. Таърихи бунёд гардидани онро ҷӯё шудам, лекин маълумоти аниқ пайдо карда натавонистам. Баъд қарор додам, ки доир ба таърихи ноҳия маълумоти бештар пайдо намоям. Ҷойи таассуф аст, ки дар сарчашмаҳо қариб ёд намешавад. Ёдгориҳои археологӣ низ хеле каманд. Қалъаҳое, ки боқӣ мондаанд, аз ҷониби бостоншиносон омӯхта нашудаанд. Аммо он даврон коре аз дастам наомад.

Баъди ба вазифаи раиси ноҳия таъин гардидан дар қатори дигар вазифаҳое, ки пеши худ бо мақсади ба роҳ мондани корҳои созандагию бунёдкорӣ мондам, ин масъаларо низ фаромӯш накардам. Ҳамин тариқ, тибқи нақшаи чорабиниҳо, дар ҳар муассисаи таълимӣ бо сарварии омӯзгорони соҳибтаҷриба оид ба омӯзиши таърихи деҳа ва кофтукови нигораву ҷойҳои таърихӣ аз ҳисоби хонандагони боистеъдод гурӯҳҳо ташкил карда шуданд. Ин таҷрибаи нав нест. Агар ба ёд дошта бошед, дар даврони шӯравӣ дар мактабҳо «Пайшиносони сурх» ба ҳамин кор машғул буданд. Ба ин кори хайр кормандони бахши фарҳанг ҳам сафарбар гардиданд. Яъне, онҳо дар лаҳзаҳои фориғ аз кор ба омӯзиши таърихи зодгоҳ машғул мешуданд. Ба роҳ мондани таҷрибаи хуби гузашта манфиатовар шуд. Имрӯз дар аксар муассисаҳои таълимӣ ва хонаҳои фарҳангии ноҳия осорхонаҳои хурд ва гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил шудаанд, ки баёнгари таърихи дирӯзу имрӯз мебошанд.

Соли гузашта бо даъват бостоншинос Юсуфшоҳ Яъқубов ба ноҳия омад ва тибқи нишондоди вай як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Баъдтар як ҳайати дигар бо сарварии директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш Акрамӣ Зикриё Имомзод омаданд.

Ба наздикӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия маркази бостоншиносӣ таъсис ёфт ва бовар дорем, ки он дар муҳлати кӯтоҳ масъалаи бозёфт ва эҳё намудани ҷойҳои таърихии аз хотирҳо зудударо дубора ҳал намуда, саҳифаҳои кӯршудаи таърихи миллатро дар минтақа равшан мегардонад.

- Имрӯзҳо дар мамлакат барои сазовор пешвоз гирифтани сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ омодагиҳо ҷараён доранд. Сокинони Рашт дар ин робита чӣ нақша доранд?

- Истиқлолият бузургтарин неъмат аст ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар кишвар аз хурд то калон ин ҳақиқатро дарк кардаанд ва ба қадри он мерасанд. Миллати мо миллати соҳибиқболу хушбахт аст, ки барояш соҳибмухторӣ насиб гардидааст ва, албатта, дар ин ҷода хизмати фарзанди баруманд, фарзонаву соҳибдил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро набояд фаромӯш кунем. Маҳз талошҳои пайвас­таи Пешвои миллат буд, ки дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ дар мамлакат сулҳу оромӣ барқарор шуд. Тоҷикистони азиз аз бунбасти коммуникатсионӣ берун омад. Дар мамлакат чандин НБО-и хурду калон сохта шуд ва он рӯз дур нест, ки яке аз кишварҳои содиркунандаи неруи барқ ба хориҷ мегардад. Дар чанд соли охир шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Рашт низ афзоиш ёфт ва онҳо беш аз 150 нафар сокини ноҳияро ба кори доимӣ таъмин намуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нақшаи чорабиниҳоро қабул ва тасдиқ намудааст, ки мутобиқи он дар се соли оянда бунёди 159 иншооти хурду калон дар назар дошта шудааст. То имрӯз бунёди 30 иншоот ба итмом расонда шуд ва сохтмони иншооти дигар идома дорад. Аксари сохтмонҳо дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда истодаанд.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки сокинони ноҳияи Рашт санаи барои мардуми кишвар муқаддасро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»