Ҳамовозӣ

Маърифатнокии ҷомеа аз сифати таълим вобаста аст

№67 (4017) 13.06.2019

Банда пайваста рӯзномаи «Садои мардум»-ро мутолиа мекунам. Шумораи № 42 (3992)-и он, аз 16 апрели соли равон, ба ман хеле писанд омад. Дар саҳифаи сеюм мақоларо бо номи «Навиштан зи гуфтан муҳимтар аст», ки ба қалами омӯзгори собиқадор Ҳакималӣ Назаралӣ мутааллиқ буд, хондам.

Муаллиф ба рӯзноманигор Т. Солеҳзода, ки 28 феврали соли 2019, № 23 бо сарлавҳаи «Фақри маърифат аз куҷо ибтидо мегирад?» мақолааш ба табъ расидааст, ҳамовоз гардидааст.

Т. Солеҳзода ёдовар шудааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои инкишофи мактабу маориф, дониши мукаммали мактабиён таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Омӯзгори собиқадор барҳақ иброз доштааст, ки барои мукаммалгардонии дониши шогирдон роҳу усули таълимро тавре ба роҳ бояд монд, ки саводомӯзии онҳо натиҷаи дилхоҳ дода, фардо ҳамчун шахсони соҳибихтисос дар соҳаҳои гуногун кор намоянд. Мақсади давлат, мактаб ва омӯзгор ҳам ҳамин аст. Агар хоҳед, ки мактаб рушд кунад, барои ин дар мадди аввал бояд омӯзгор иродаи қавӣ, донишу малакаи хуб, маҳорати хоса дошта бошаду дар дили шогирдон шуълаи илмро фурӯзон карда тавонад. Дар акси ҳол 45 дақиқаи дарс барабас хоҳад рафт.

Ман, ки чун муаллифи мақола — Ҳ. Назаралӣ 50 сол ба шарофати пешаи омӯзгорӣ нон хӯрдам, заҳматталаб буданашро хуб дарк менамоям.

Муаллимон аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд, аммо чун фанҳои математика, химия ва физика душвортар аст, таълим додан ва аз худ намудани онҳо аз муаллиму хонанда масъулиятшиносиву серталабиро талаб менамояд.

Аз хонандагон пурсидани вазифаи хонагӣ, ҷорӣ намудани машғулияти нав, ташкили машғулиятҳои беруназсинфӣ, шабнишиниҳо, хониши китобҳои бадеӣ, баҳсу мунозираҳои илмӣ, иншо дар мавзӯи озод, чорабиниҳои фарҳангӣ ва амсоли инҳо метавонад бачагонро ба ҷус­туҷӯ водор намуда, барои афзун гаштани дониши онҳо замина фароҳам намояд.

Мо — муаллимони собиқадор умедворем, ки насли наврас чун ворисони арзанда неруи ақлонии хешро барои рушди беш аз пеши кишвар харҷ хоҳанд кард.

Қарахон Турсунов, нафақахӯр