МАҚСАД — ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ!

№64 (3544) 19.05.2016

Пӯшида нест, ки рушди соҳаҳои гуногун дар ҳар мамлакат аз қонунгузории мукаммал, устувор ва ҷавобгӯ ба муносибатҳои муосири ҷамъиятӣ вобаста аст. Аз ин хотир, ҳама гуна санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсия бо мурури замон, баробари ба вуҷуд омадани муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ, вазъи мураккаб ва тағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, ки пешгӯйии он аз имкон берун аст, тағйирпазир мегардад. Ба ин маънӣ, имрӯз барои мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ, мутобиқ гардонидани вожаву имлоҳои забонӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омадааст.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ ибораи назарияи иҷтимоии фаҳмиши ҳуқуқ мавҷуд аст, ки тибқи он ҳуқуқ бо муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста дар инкишоф аст. Яъне, ҳуқуқ бояд ҳамрадифи муносибатҳои ҷамъиятӣ бошад. Ин ҷо мехоҳам оид ба зарурати тағйироти пешниҳодшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон чанд сухан гӯям.

Яке аз пешниҳодҳо хориҷ кардани калимаи «Сарқонун» аз ном ва матни Конститутсия мебошад, ки мувофиқи мақсад аст. Мафҳуми «Конститутсия» нисбат ба «Сарқонун» маънии васеъ дошта, он на танҳо ба маънии санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки ҳамчун ҳуҷҷати дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, яъне ҳуҷҷати   муайянкунандаи самтҳои ҷамъиятиву давлатӣ ва сиёсӣ мебошад, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳокимияти давлатӣ, асосҳои сохтори иқтисодию иҷтимоии ҷамъият, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтор ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ муқаррар мешавад. Мафҳуми  Сарқонун бошад, ин ҳамаро пурра ифода карда наметавонад.

Илова бар ин, истилоҳи конститутсия умумиэътирофшуда буда, барои ҳама фаҳмо ва мақбул аст. Баръакс,  истилоҳи сарқонун сохта буда, фаҳмиши маҳдуд дорад.

Тағйироти дигар ба қисми шашуми моддаи ҳаштум тааллуқ дорад, ки чунин аст:-            «Дар Тоҷикистон  фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст». Бояд қайд намоем, ки иловаи мазкур амнияти давлатӣ, миллӣ ва динии моро дар се ҳолат ҳифз менамояд.

Якум, мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсия  Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр мебошад. Соҳибихтиёрии давлат ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам беруна паҳн мегардад. Ҳизбҳои исломӣ мақсади ба сари ҳокимият омадан ё тағйир додани режими сиёсии давлатро доранд, ки тибқи  муҳтавои соҳибихтиёрӣ  ин танҳо ба иродаи умумии шаҳрвандони Тоҷикистон марбут аст.

Дуюм, тибқи Конститутсия ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳама халқу миллат дар назди қонун баробар аст. Боло гузоштани як миллат нисбат ба миллати дигар мухолифи ин меъёрҳо мебошад. Аз тарафи дигар, эътиқоди динӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мафҳумҳои гуногун буда, мақсаду мароми онҳо аз якдигар ба куллӣ фарқ дорад. Эътиқоди динӣ бояд орӣ  аз ғаразҳои сиёсӣ бошад. Дар акси ҳол, он ба бархӯрди манфиатҳои давлативу ҷамъиятӣ оварда мерасонад, ки оқибатҳои мудҳиши онро мо дар ҳодисаҳои охири  олам ва ҳатто давлати хеш дидем. Илова бар ин, аксарияти аҳолии Тоҷикистон пайрави дини ислом буда, дар сурати роҳ додан ба чунин падидаи нодуруст, дигар динҳо низ метавонанд аз муқаррароти конститутсионӣ истифода намоянд, ки ба заиф гардидани ин дини пок оварда мерасонад.

Сеюм, манъи чунин ҳизбҳо, инчунин манъи  маблағгузории ҳизбҳои қонунан фаъолияткунанда аз тарафи давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ  воқеан ҳам ба манфиати амнияти давлату миллат аст.

Маълум аст, ки баъзе аз ҳизбҳои сиёсӣ дар барномаҳояшон  худро  ватандӯст ва ободкор вонамуд мекунанд,  вале дар асл мақсадҳои пардапӯшонаи онҳо ба манфиати хоҷагони хориҷиашон хизмат кардан мебошад, ки дар таъсиси ин ҳизб ва фароҳам овардани шароити мусоид кумакашон кардаанд. Дар чунин ҳолат на манфиатҳои милливу давлатии мо, балки манфиат ва ғаразҳои нопоки бегонагон ҳифз мегардад.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳо Конститутсияро боз ҳам мукаммал ва ба талаботи замони муосир мутобиқ мегардонад.

 Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод, унвонҷӯйи кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати ДМТ