Маҳсули меҳнате, ки зинатбахш аст, вале…

№67 (4173) 06.06.2020

20200502_082517Сухан дар бораи он занону модароне меравад, ки қариб ҳар рӯз онҳоро мушоҳида мекунем, ки дар назди манзилҳои истиқоматӣ алафзоронро медараванд. Аксари онҳо калонсоланд. Маҳсули заҳматашон гоҳо паймол ҳам мегардад.

Дарвоқеъ, занҳо меҳнатдӯстанд, вале ҳоло ки дар асри баҳрабардорӣ аз фанноварӣ зиндагӣ мекунем, ҷойи досу белу табарро бояд механизмҳои худкор гирад.

Манзур он аст, ки бояд ҷойҳои сералафи гирду атрофи манзилҳои зистро сокинони ҳамон манзилҳо тоза ва гулкорӣ кунанд, на коркунони Идораи истифодаи роҳҳо. Фаъолияти занҳо дар чунин муассисаҳо барои гулпарварӣ ва ободонӣ мувофиқи матлаб аст. Зеро мардум дар гузашта фарҳанги хуби гулпарварӣ доштанд ва гулпарвар марҳамат дошт. Гирду атрофи манзилҳое, ки зикрашон дар боло рафт, баҳорон коҳдарав ва дар тобистон хирмани норӯфтаро мемонад, вале сокинон инро нодида мегиранд. Агар гулкорӣ ва нигоҳубини атрофи хонаҳоро ба сокинони он вобаста мекарданд, дар ин ҳолат кори занон осонтар мешуд. Истифодаи технологияи навин, ки дар борааш бисёр гап мезанем, бояд сармашқи кор бошад. Тасаввур кунед, як механизми худкори алафдаравӣ метавонад кори даҳҳо занро, ки ним рӯз тӯл мекашад, дар як соат ба сомон расонад. Чаро ин корро намекунем?

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки алафдаравию алафчинӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва боғчаҳои бачагона низ ҷой дорад. Ҳол он ки масъулин метавонанд тавассути заҳрхимикатҳои гуногун хорбунҳои саркашро, ки ҳусни кӯчаю роҳравҳо, гулгашт ва саҳни идораю муассисаҳоро мекоҳонанд, нест карда, гиёҳҳои ороишӣ шинонда, он маконро сабзазор кунанд. Гулгашту нишеманҳо, ки канори кӯчаю роҳравҳо зиёданд, интизори шинондани гулу гиёҳҳои ороишианд…

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»