Стандарт ва сифат

Маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта хатарнок аст

№104 (3089) 20.08.2013

«Саломатии миллат боигарии давлат аст»- ин суханони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро аҳолии мамлакат чун шиор қабул кардаанд. Суханони зикршуда дар шакли овезаҳо дар ҳудуди беморхонаву марказҳои барқароркунии саломатӣ насб гардидааст. Ин гуна суханҳову шиорҳо аҳолиро барои бетараф набудан нисбат ба солимии худу наздикон ҳушдор медиҳад. Боз ҳам хубтар мебуд, агар чунин суханҳо дар назди марказҳои савдо ва бозорҳо низ навишта мешуд. Асоси пойдории саломатии инсон маводи серғизо ва аз нигоҳи экологӣ тоза ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, аксари фурӯшандаҳои бозорҳо ва нуқтаҳои серодами кишвари мо ба оддитарин қоидаҳои гигиениву санитарӣ риоя намекунанд, ки ин амали онҳо боиси пайдо шудани ҳар гуна беморӣ мегардад. Аз ин рӯ, дар пешорӯйи эшон будани шиори дар боло зикршуда ва монанд ба он шояд пас аз чандин бор хондан ба андеша водорашон намояд.

Яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯза ин дастрасии аҳолӣ ба маводи хӯрокаи серғизо ва аз нигоҳи экологӣ тоза ба ҳисоб меравад. Гарчанде  Тоҷикистон бо табиати нотакрори худ имкони истеҳсолу парвариши ҳама гуна молу маҳсулоти ниёзи мардумро доро бошад ҳам, аммо имконияти пурра таъмин кардани аҳолиро бо он надорад. Аз ин рӯ, дар баробари дигар намуди молу маҳсулот, қисме аз маҳсулоти ғизоии аҳолӣ низ аз хориҷи кишвар ворид мегардад. Дар баробари соҳибкорони поквиҷдону ҳалолкор, мутаассифона, ашхосе низ ҳастанд, ки ба хотири манфиати зиёд дидан молу маҳсулоти ғайристандартиро ба фурӯш бароварда, солимии аҳли ҷомеаро зери хатар мегузоранд.

Агентии «Тоҷикстандарт», ки мақомоти ваколатдор оид ба назорати савдои маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯй мебошад, дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолияти пурсамар дорад. Тавре сардори нозироти савдои ниҳоди мазкур Суҳроб Валимадов дар суҳбат гуфт, бо мақсади иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва нигоҳдории бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти бесифати барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зараровар, инчунин ҷорӣ намудани қоидаҳои савдо тӯли панҷ моҳи  соли равон дар 929 корхонаю ташкилотҳои савдо ва бозорҳо санҷиш гузаронида, ба субъектҳои хоҷагидор 402 амрияи ислоҳи камбудиҳо ва 12 амрияи манъи савдо дода шуд. Ба хотири дастгирии соҳибкорӣ, онҳо нуқтаҳои савдои хатарнокиашон камтарро (нуқтаҳои савдое, ки либосворӣ ва монанд ба ин мефурӯшанд) дар як сол як маротиба ва нуқтаҳои савдои хӯроквориро ҳар шаш моҳ аз санҷиш мегузаронанд. Ҳамсуҳбатам афзуд, ки албатта, зимни аз назар гузаронидани нуқтаҳои фурӯш ҳамаи қонуншиканиҳо ошкор карда намешаванд, аз ин рӯ, рейдҳои иловагиро аз рӯйи муроҷиати шаҳрвандон мегузаронанд.  Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ шаҳрвандон  бо даҳҳо аризаи шикоятӣ оид ба паст будани сифати маҳсулоти аз бозорҳо дастраснамудаашон ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намудаанд, ки аз тарафи мутахассисон аризаҳояшон баррасӣ гардида, чораҳои амалӣ андешида шудааст. Бо мусоидати Агентии «Тоҷикстандарт» зарари ба шаҳрвандон расида пурра аз ҷониби соҳибкорон пардохт ва молҳои ғайристандартӣ аз фурӯш боздошта шуд. Аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» танҳо дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе  як тонна маҳсулоти қаннодӣ, 8000 литр нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, 60 декалитр нӯшокиҳои спиртӣ, 500 килограмм консерва ва зиёда аз як тонна қанди «ирис», ки ба талабот ҷавобгӯй набуданд, ошкор ва мусодира гардид.

Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки маҳсулоти боздоштшуда бар асоси ташхиси озмоишгоҳи Агентии «Тоҷикстандарт» ғайристандартӣ дониста, бо дастури комиссияи салоҳиятдор нобуд карда шуд. Як қисми маҳсулоти ғайристандартӣ тибқи муқаррарот ва хулосаи комиссия, ба «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе интиқол гардид.

Тавре маълум аст, баъзе маҳсулотро, ҳангоми гум кардани сифатнокиаш, метавон коркарди дубора карда, аз нав ба бозор баровард. Доир ба ин масъала  Суҳроб Валимадов изҳор дошт, ки дар моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» омадааст, ки маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта хатарнок аст.  Аз ин рӯ, маҳсулоти хатарнок коркарди дубора нашуда, пурра нобуд карда мешавад. Маҳсулот дар ҳолате коркарди дубора мешавад, ки сифаташ паст бошад. Масалан, агар орди гандумӣ бо сифати паст ба фурӯш бароварда шавад, онро барои коркарди дубора фиристодан мумкин аст.  Номбурда дар ҷавоб ба саволи оё таҷрибаи коркарди дубора вуҷуд дорад, гуфт, ки моҳи марти соли равон 120 литр арақ аз савдо боз дошта, ҳамчун маҳсулоти пастсифат барои коркарди дубора ба корхонаи машруботбарории шаҳри Душанбе интиқол шуд.

Дар масъалаи бархӯрди соҳибкорон бо кормандони Агентии «Тоҷикистандарт» ҳангоми аз фурӯш боздоштани маҳсулоти ғайристандартӣ Суҳроб Валимадов мегӯяд, буданд онҳое, ки ба утоқи кории мо омада, бозпас додани молу маҳсулоташонро талаб мекарданд. Ҳарчанд мефаҳмонидем, ки истеъмоли он хатарнок аст, дар ҷавоб мегуфтанд, ки барои истифодаи худ ва аҳли оилаашон мебаранд. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»  агар шаҳрванде  бо сабаби истеъмоли ягон намуди маҳсулот ба беморие гирифтор шавад ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро дар ин бора пешниҳод намояд, бояд зарари расидаи онро соҳибкоре, ки  маҳсулотро фурӯхтааст, пурра баргардонад. Мутаассифона, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон паст аст, аз ин рӯ талаботи қонунро дарк карда наметавонанд.

Мавсуф дар идомаи суҳбат иброз дошт, соҳибкороне низ ҳастанд, ки нисбат ба тақдири истеъмолкунандагон бетараф нестанд ва молу маҳсулоти муҳлати истифодааш гузаштаро худашон барои нобуд кардан меоранд.

Ғайр аз ин, молу маҳсулоте низ вуҷуд дорад, ки ба фурӯш баровардан ва истифодаи он манъ шудааст, вале истифодаи он ба саломатии инсон зарар надорад. Барои тақвияти ин гуфтаҳо метавон лампаҳои тафсонро мисол овард, ки чанд сол пеш ба хотири сарфаи неруи барқ ва фоида ба буҷети оилавии шаҳрвандон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба фурӯш баровардан ва истифода намудани он манъ  шуд. Аммо, бархе аз соҳибкорон бо роҳҳои гуногун то имрӯз онро ба фурӯш мебароранд. Вобаста ба масъалаи зикршуда масъулини Агентии «Тоҷикстандарт» иброз доштанд, ки соле пештар лампаҳои тафсонро  аз фурӯш боздошта, ба анбори нигоҳдории молу маҳсулоти Агентии «Тоҷикстандарт» оварда буданд, ки то ҳол нигоҳ дошта мешавад.

Тавре  зикр кардем, иваз кардани лампаҳои тафсон бо фурӯзонакҳои каммасраф аз иқдомоте мебошад, ки ба хотири сарфаи неруи барқ ва фоидаи буҷети оилавии сокинони ҷумҳурӣ рӯйи даст гирифта шуд, вале шаҳрвандони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки аз пастсифат будани фурӯзонакҳои каммасраф ва тез корношоям шудани он шикоят мекунанд. Суҳроб Валимадов бошад, дар ин бора гуфт, ки то ҳол шикояти расмӣ аз ҷониби шаҳрванде ба Агентии «Тоҷикстандарт» ворид нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ташхисгоҳҳои замонавӣ дар самти муайян кардани сифати фурӯзонакҳои каммасраф дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо  фаъолият мекунанд.

Ҳар як соҳибкор ба хотири ривоҷи фаъолияти соҳибкориаш бояд аз рӯйи қонунҳои амалкунанда ва виҷдону масъулият амал кунад. Харидоронро низ мебояд ҳангоми харидорӣ намудан ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ дода, дар ҳолати ғайристандартӣ баромадани он ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»