Маъюб ба назди аъзои комиссия равад ё баръакс?

№52 (4158) 25.04.2020

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки маъюбон бояд дастгирӣ ва аз кумакҳои муқарраргардида бархӯрдор бошанд.

Дар моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар хусуси муайян намудани дараҷаи маъюбӣ чунин омадааст: «Маъюбон вобаста аз дараҷаи гум кардани қобилияти кор ба се гурӯҳ тақсим мешаванд.

Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурӯҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва муҳлати маъюбии шаҳрвандонро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад». (ҚҶТ аз 18 марти соли 2015, №1199).

Тибқи ин муқаррарот, дараҷаи маъюбӣ барои давраи муайян муқаррар мегардад.

Дар ин ҳолат бояд маъюбони модарзод, ки аз роҳ гаштану ҳаракат кардан маҳруманд, дар вақти муқарраргардида, ба Комиссияи давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ омада, аз ташхиси навбатӣ бояд гузаранд.

Ба касе пӯшида нест, ки дар маҳаллаҳо овардани маъюбон ба назди аъзои комиссия мушкил аст. Саволи матраҳ он аст, ки чаро аъзои комиссия дар ин сурат назди маъюбон намераванд?

Пайшанбӣ ШОҲЗОДА,

«Садои мардум»