Ба мо муроҷиат мекунанд

Майдончаҳои ободро вайрон карданианд

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

Як сол мешавад, ки мо, истиқоматкунандагони бинои 28 маҳаллаи 19 шаҳри Хуҷанд, барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ талош дорем.

Моҳи январи соли 2019 дар пайравӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба обод кардани маҳалли зист тасмим гириф­тем дар майдончаи назди бинои истиқоматиамон, ки партовҷой буд, майдончаи футбол ва бозии кӯдакон бунёд намоем. Бо ин мақсад ба МИМҲД шаҳри Хуҷанд бо мактуб муроҷиат кардем. Моҳи марти соли 2019 мактуби расмии МИМҲД шаҳр таҳти № 5/19-437 бо имзои муовини раиси шаҳр А. Раҳматзода ба мо расид, ки дар он барои оғози корҳои ободонӣ иҷозат дода мешуд. Моҳи июни соли гузашта бо харҷи зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ маблағи сокинон сохтмони майдончаҳои футбол ва бозии бачагонаро ба итмом расонидем, вале чанд рӯз нагузашта, соҳибкори инфиродӣ Олимов Содиқҷон Солиҷонович аз шаҳри Истаравшан ба маҳалла омада, даъво кард, ки ин минтақа бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд № 446 аз 18 июни соли 2019 барои сохт­мони бинои баланд­ошёна ҷудо шудааст.

Ба прокуратураи шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардем. Аз номи прокурори шаҳр А. Н. Назарзода таҳти №8/493 а19 аз 15 июли соли 2019 ҷавоб омад. Дар он гуфта мешавад, ки «омӯзиши қарори мазкур нишон дод, ки зимни интихоб ва додани қитъаи замини мазкур талаботи қонунгузорӣ риоя нагардида, ҳуқуқу манфиатҳои ҳифзшавандаи сокинони бинои № 28 маҳаллаи 19 ба таври ҷиддӣ поймол шудааст».

Дар асоси эътирози прокурори шаҳр қарори мазкур 19 июли соли 2019 таҳти № 530 бекор карда шуд. Дар ин бора бо имзои муовини раиси шаҳр А. Раҳматзода нома таҳти № 5/19-2650 аз 29 июли соли 2019 расид ва сохтмонро идома додем.

Баҳс, ҳамчунин, дар суди иқтисодии вилоят низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Суди иқтисодӣ дар асоси ҳалнома аз 15 ноябри соли 2019 таҳти №1-482/2019 даъвои моро асоснок ва қонунӣ ҳисобид.

Соҳибкор С. Олимов бошад, аз болои ҳалномаи суди иқтисодии вилоят ба Суди Олии кишвар шикояти кассатсионӣ кардааст. Суди Олии мамлакат бо таъинот аз 11 феврал парвандаи №1-482/19, № 4-36/20 шикояти кассатсионии соҳибкор С. Олимовро, бинобар беасос будан, бе баррасӣ монд.

Ҳоло соҳибкор С. Олимов даъво дорад, ки баррасии аризаи касатсиониаш бе иштироки ӯ баргузор шудаасту гӯё он ғайриқонунӣ бошад. Ҳол он ки дар таъиноти Суди Олии кишвар дар ин бора чунин оварда шудааст: «Намояндаи шикояткунанда, соҳибкори инфиродӣ Олимов Содиқҷон ба маҷлиси суд марҳилаи кассатсионӣ бе сабабҳои узрнок ҳозир нагардид, инчунин аз ҷониби онҳо дар бораи баррасӣ намудани шикояти кассатсионӣ дар ғоибашон аризаи хаттӣ пешниҳод нагардидааст».

С. Олимов ҳоло ҳам моро ором намегузорад, ҳарчанд биное, ки ӯ сохтанӣ аст, ба талабу меъёрҳои амалкунандаи сохт­мон ҷавобгӯ нест. Бар замми ин, аз ин ҷо шоҳқубури оби нӯшокӣ ва партов гузаштааст, ки иқтидори обгузаронии онҳо барои обҳои зиёдатӣ басанда нест. Иловатан, дар ҳолати бунёди бинои истиқоматӣ байни бинои сохташаванда ва бинои мо ҳамагӣ 15 метр ҷой мемонаду халос, ки тибқи талабот қатъиян манъ аст. С. Олимов иддао дорад, ки дар ҷойи иншоот навашро сохта медиҳад. Магар дар 15 метр ҷой чизе сохтан мумкин аст! Оё беҳтар нест, ки тибқи маслиҳати Суди Олии кишвар, С. Олимов нақшаҳои сохтмонашро дар ягон макони озоду ноободи шаҳр амалӣ созад?!

Хоҳишмандем, ба мо ёрӣ расонед.

Бо эҳтиром Р. Турсунов, А. Нормуҳаммедов