Малах. Мубориза бо он низ нозукӣ дорад

№43 (3993) 18.04.2019

Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» чанде пеш дар хоҷагии таҷрибавии «Зироаткор»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва кормандони бахшҳои «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинар — машварат доир гардид.

DSC01808Корманди масъули Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ҷ. Дадабоев ва мутахассис – агроном Файзиддин Комилов иштирокдоронро бо усулҳои мубориза бар зидди малах, аз ҷумла ба таври механикӣ, агротехникӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва омода намудани маҳлулҳои кимиёвӣ, риояи техникаи бехатарӣ, ҳифзи саломатии коргарон, муҳити зист ва истифодаи дурусти дорупошакҳо ошно сохтанд.

Муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Саидова гуфт, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ баҳри мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах, аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ ва Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» чораҳои зарурӣ андешида шуданд.

Сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» Саидмурод Хайриддинов оид ба натиҷаи фаъолияти филиалҳои муассиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар соли 2018 ва омодагӣ ба мавсими нави мубориза бар зидди малах дар соли 2019 ҳарф зада, минҷумла иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ ду намуди малах — марокашӣ ва ғайригалагӣ бештар ба чашм мерасад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки коркарди кимиёвӣ бар зидди малах дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли 2015 дар 8575 гектар бар зидди малахи марокашӣ ва дар 953 гектар бар зидди малахи ғайригалагӣ, соли 2016 дар 534 гектар ба муқобили малахи марокашӣ ва 594 гектар, бар зидди малахи ғайригалагӣ, соли 2017 дар 7522 гектар баҳри нест кардани малахи марокашӣ ва 930 гектар бар зидди малахи ғайригалагӣ ва соли 2018 дар 9679 гектар бар зидди малахи марокашӣ ва дар 1447 га ба муқобили малахи ғайригалагӣ амалӣ карда, зироатҳои кишоварзӣ эмин нигоҳ дошта шуданд.

Номзади илмҳои кишоварзӣ Усарбек Мустафоқулов гуфт, ки аз ҳафт намуди ҳашароти зараррасон якеаш малах мебошад. Дар мамлакат зиёда аз ҳафт намуди малах ба қайд гирифта шудааст, ки чор намуди он бештар зараровар аст. Қайд гардид, ки сол то сол кори пешгирии паҳншавии малах беҳтар мегардад.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»