Ман партизандухтар будам

№57 (4163) 09.05.2020

Рӯзи Ғалаба рамзи садоқат, нишонаи ҳисси баланди ватандӯстӣ, шараф, ваҳдат ва рӯҳи устувору шикастнопазири халқҳои сулҳпарвару озодихоҳи олам аст.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

DSC01855Дар набардҳои ҶБВ, ки ҳазорҳо шаҳру деҳотро ба хок яксон намуда, ҷони миллионҳо нафар аҳолии оламро рабудаааст, беш аз 92 ҳазор нафар фарзандони далеру шуҷои кишвар низ қурбон гардидаанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар бораи ин ҷанг, аз ҷумла, гуфтаанд: «Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷиҳати миқёсу фарогириаш набарди мудҳиштарин ва фоҷиабортарини таърихи аҳли башар дониста мешавад. Зеро дар ин ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозу афсар аз кишварҳои гуногун сафарбар шуда, беш аз 50 миллион қурбон гардиданд.

Зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи беамони мардумӣ дучор гардид…».

Яке аз ин шуҷоатмандон Леокадия Дмитриевнаи 93-сола аст, ки дар чордаҳсолагӣ силоҳ ба даст гирифта, қаҳрамонӣ нишон додааст. Ӯ 71 сол боз сокини пойтахт асту имсол низ ният дорад Рӯзи Ғалаба ба Боғи Ғалаба рафта, айёми мудҳиши ҷанг, пайвандони қурбоншуда ва ҳамяроқонашро аз бригадаи 5-уми партизании Воргово, ба номи Сергей Лазо, бори дигар ёд орад.

Ковтун Леокадия Дмитриевна зодаи кишвари Беларус аст. Падараш духтур, модараш муаллима буд. Ду бародар низ дошт. Бисту дуюми июн ҷанг оғоз ёфт ва пас аз ду ҳафта фашистон ба хоки Беларус ворид шуданд. Дар ҳама ҷо овоза паҳн гардид, ки фашистон кӯдакони шаҳру деҳаҳои ишғолкардаашонро ба қатораҳо бор карда, ба корхонаҳои Германия ба кор мефиристанд. Дар ҳамин айёми ноором фармондеҳии Шӯравӣ аз Москва барои ташкили мубориза бар зидди қӯшунҳои фашистҳо ва барбод додани нақшаҳои онҳо ба ҳудуди аз тарафи немисҳо ишғолшудаи вилояти Могилёв афсаре фиристод, то ки дастаи партизанӣ ташкил намояд. Ҳамроҳи ӯ алоқачӣ низ будааст ва онҳо аз уҳдаи ин кор ба хубӣ баромаданд. Аз ҳисоби мардони деҳоти гирду атроф дастаи партизанӣ созмон дода шуд, ки дар ибтидо аз 10 нафар иборат буд. Вазифаи аввалини аъзои даста ҷамъ овардани маълумот дар бораи ҳаракату ҷой­ивазкунии қувваи душман ва ба марказ фирис­тодани он будааст.

Пас аз ду-се рӯзи оғози ҷанг падар ва бародарони Леокадия, ки 16 ва 18-сола буданд, ба кадом як дастаи дигари партизанӣ ба ҷанг рафтанд. Баъд аз чанд рӯзи дигар модари Леокадия аз овозаҳои паҳншуда тарсида, ба хотири зинда мондани духтараш ӯро ба назди дастаи даҳнафараи партизанҳо фиристод ва худ ба хонаи хешовандонаш ба Украина рафт. Охирин суханони модараш чунин буданд: «Ба назди партизанҳо рав! Намедонам, ту зинда мемонӣ ё не, вале он ҷо ҳама одамони худианд».

Леокадия низ мисли дигар аъзои даста дар амалиёти иктишофӣ (разведка) иштирок мекард.

- Аввалин супориши ҷангӣ барои ман муайян намудани теъдоди сарнишинони ҳавопаймоҳои фашистон буд, ки дар яке аз деҳаҳо истироҳат мекарданд, — мегӯяд Леокадия. — Ман фармонро иҷро намуда, ба командир маълумоти заруриро расонидам. Дар асоси он ҳамон шаб ба душман ҳуҷум кардем. Аксари аскарони фашистон маҳв карда шуданд. Дар амалиёти дуюм, ба корвони хӯроквории онҳо ҳуҷум намудем. Мутаассифона, зимни ин амалиёт яке аз командирони мо ба ҳалокат расид.

Азбаски аъзои дастаи партизанӣ хеле кам буд, пас аз муддате онро бо дастаи калонтар пайвастанд. Дастаи якҷоя номи Сергей Лазоро гирифт ва тахминан 60 нафар партизан дошт. Илова бар ин, ҳар рӯз ба даста одамони нав ҳамроҳ мешуданд. Бархе фарзандони хурдсолашонро низ меоварданд. Ҳамчунин, гоҳ-гоҳ сарбозону афсарони аз асорати фашистҳо гурехта ё аз муҳосира баромада бо мо мепайвастанд. Баъзе аз политсайҳо низ ба тарафи мо мегузаштанд. Вале чанд маротиба бо хиёнати онҳо ҷосусони фашист ба отряд роҳ ёфтанд, ки дар натиҷа, бисёре аз партизанҳо қурбон шуданд.

Амалиёти калонтарине, ки Леокадияи наврас дар он ширкат намуд, дар Россия сурат гирифт. Дастаи партизании Сергей Лазо фармон гирифт, ки ба аэродроми деҳаи Понитовка ҳуҷум кунад. Дар амалиёт ду қисми партизании дигар низ ширкат варзидааст, ки Леокадия дар бораи онҳо чизе намедонад. — «Ин сирри ҳарбӣ буд», — бо ваҷоҳати хеле ҷиддӣ мегӯяд ӯ.

Дар он деҳа якчанд ҳавопаймои ҷангӣ ва анбори сӯзишвории душман нобуд карда шуд.

Дар разведка хизмат кардан кори осон нест, хусусан, барои духтараки наврас. Бинобар ин, командири даста Леокадияро ба взводи автоматчиён гузаронд, ҳарчанд хизмат дар ин дастаро низ осон гуфтан мумкин нест. Взвод аз 30 нафар иборат буду қариб ҳар шаб амалиёт мегузаронд ва душманро ба таҳлука меовард. Зимни амалиётҳои аввалин чанд нафар ҳалок гашта, теъдоди зиёди партизанҳо захмӣ гардиданд. Табиист, ки барои табобату нигоҳубини онҳо ҳамшираи тиббӣ лозим буд. Командири дастаи партизанӣ ба хулоса омад, ки ин вазифаро ба собиқ акробат — Леокадияи чобуку чаққон супорад ва фармон дод, ки нозукиҳои касбро ба ӯ омӯзонанд.

- Дар майдони ҷанг, зери тир ба ман шабона боздоштани хун, бастани ҷароҳатҳоро ёд медоданд. Чунки партизанҳо рӯзона амалиёт анҷом намедоданд. Ҳамааш шабона сурат мегирифт. Яъне, дар торикӣ ва дар рӯи замини холӣ зарур буд ба захмиён ёрӣ расонем. Ягон захмиро дар майдони ҷанг намегузоштем. Аввал хунравии ҷароҳаташро боздошта, пасон аз зери тири душман берун меовардем, — ба ёд меорад Леокадия. — Ҷузвдони ҳамшираи тиббӣ калону вазнин буд. Бар замми он, ман автомат ҳам доштам. Ҷузвдон дар китф ва автомат дар даст гаштан бароям хеле душворӣ мекард. Охир, автомати ППШ 72 дона тир дорад… Командир душвории маро эҳсос намуда, рӯзе автоматро гирифту наган дод ва дертар — таппончаи ТТ. То охири ҷанг он таппонча бо ман буд.

Фашистон аз амалиётҳои пайвастаи партизанҳо ба ғазаб омада, қувваашонро бар зидди дастаҳои партизанӣ равона менамуданд. Боре пас аз ҳуҷуми бобарори партизанҳо ба анборҳои хӯроквории фашистон чанд қисми ҳарбии фашистҳо онҳоро думболагир шуд. Ҷои гурез набуд ва даста ба тарафи ботлоқзор ақибнишинӣ намуд. Партизанҳо ғанимати бадастовардаашонро ба ботлоқ партофта, се шабонарӯз он ҷо пинҳон шуданд. Ҳама оби гандидаи ботлоқро менӯшиданд.

- Аз Москва ба мо хӯрокворӣ намефиристоданд. — Шумо дар ҳудуди Ватани худ ҳастед, худатон ғизову силоҳатонро пайдо намоед, — мегуфтанд роҳбарон. Бинобар ин, дар дастаи партизании мо як гурӯҳи махсуси разведкаи хӯрокворӣ таъсис шуд. Гурӯҳ ҷои анборҳои хӯроквории душманро муайян менамуд ва мо ба он ҳуҷум мекардем. Аммо ҳангоми амалиёти партизанӣ дар деҳаҳои Россия, ки колхозҳо ташкил шуда буданд, мо аз ҷиҳати хӯрокворӣ танқисӣ надоштем. Аҳолӣ моро бо ҳама чиз таъмин менамуд, — ба аксҳои ҷавонӣ ва даврони ҷангии худ нигариста мегӯяд бонуи партизан.

Леокадия Дмитриевна Ковтун ҷанг­ро дар Смоленск ба анҷом расонд. Ба назди модар баргашта, ба Донишкадаи металлургии шаҳри Днепродзержински Украина дохил шуд. То ҳол намедонад, ки падар ва бародаронаш дар куҷо ҳалок ва дафн шудаанд.

Донишкадаро соли 1949 хатм намуда, бо ихтисоси таҳлилгари кимиёвй аз рӯи тақсимот ба Тоҷикистон фиристода шуд.

- Ман 30 сол дар лабораторияи кимиёвии соҳаи геологияи Тоҷикистон кор кардам. Метавон гуфт, хусусиятҳои моддаҳои кимиёвии ҷадвали даврии Менделеевро омӯхтаам, зеро он моддаҳоро дар кӯҳҳои Тоҷикис­тон пайдо кардан мумкин аст. Ман ҳаётамро ба Тоҷикистон бахшидам, пушаймон нестам ва худро фарзанди ҳамин сарзамин медонам, — бо ифтихор мегӯяд мусоҳиби мо.

Бидуни шак, ин бонуи қаҳрамон, ки пеши бари ӯро 12 мукофоти гуногун оро медиҳад, ҳуқуқ дорад худро фарзанди ин сарзамин бидонад, зеро дар ҳамин ҷо оила барпо кард, фарзанду набераҳояшро ба воя расонд ва ҳоло ба аберагонаш дарси зиндагӣ меомӯзад.

Мо мукофотҳои ҷангии Леокадия Дмитриевнаро аз назар гузаронида, пурсидем, ки кадоме аз онҳо барояш азизтар аст. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад ва даст сӯи «Медали партизан» («Медаль партизана») бурда гуфт: «Ман партизандухтар будам!».

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»