Мардуми дунёро терроризм ба таҳлука овардааст

№10 (4116) 18.01.2020

Мафҳумҳои терроризму экстремизм имрӯз яке аз мавзӯъҳои асосии баҳсу андеша ва нигаронии мардуми солимфик­ри ҷаҳон гаштааст. Ашхоси хатарноке, ки ба ин зуҳурот даст мезананд, ғасби ҳокимият ва бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлатро мақсади худ қарор додаанд.

Бар асари амалҳои террористиву экстремистӣ беш аз 40 сол аст, ки дар Афғонистони бо мо ҳамсоя мардум тинҷу осуда ҳаёт ба сар бурда наметавонад. Рӯзе нест, ки дар бораи дар ин ҷо ба амал омадани ягон амали террористӣ тавассути расонаҳо хабаре паҳн нашавад ва боиси изтироби мардуми инсондӯсту сулҳпарвари дунё нагардад.

Ман ҳамчун модар ва омӯзгор ба ҷасорату матонат ва сабру таҳаммули занони ин давлати ҷабрдида аҳсант мегӯям, ки бори гарони ғаму андуҳи фарзандону ҷигаргӯшаҳои худро таҳаммул мекунанд. Аммо доду фиғони онҳо ҳаргиз ба гӯши саркардагони ин гурӯҳҳо намерасад. Боз ва боз амалҳои нангинашонро такрор ва ба амнияти тамоми ҷаҳон хатар эҷод мекунанд. Хоса барои мардуми кишвари мо, ки дар ҳамсоягӣ  зиндагӣ дорем, амалҳои манфури ин тоифаи дур аз инсоният воқеан ҳам боиси нигаронист.

Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ оид ба вазъи Афғонистон сухан ронда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки ба таъмини  сулҳ дар ин давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад. — «Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст» — гуфтанд зимни як суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ин суханон заминаи воқеӣ доранд. Барои касе пинҳон нест, ки созмону ҳаракатҳои ифротгарои «Ал-қоида», «Ан-нусра», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва ғайра ҷиҳати ноором сохтани вазъи минтақа ва расидан ба мақсадҳои ғаразноки хеш гурӯҳҳои террористиро маблағгузорию бо яроқу аслиҳа таъмин менамоянд. Аз давлатҳои гуногуни ҷангҷӯй мушовирони ҳарбӣ меоранду ба сарбозони ин ҳаракату созмонҳо сабақ меомӯзонанд ва таълими ҳарбӣ медиҳанд. Дар натиҷа, боз дар ҷое  маводи таркандае ба кор дароварда мешавад, садои тир баланд мегардад. Тавре мегӯяд: «Дар он ҷое, ки садои тир ба гӯш мерасад, садои ақл хомӯш мегардад».

Суханҳои зерини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз ҳар шахси солимфик­ри ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки хеле бамавриданд: «Террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Мо ки солҳои 90 – ум ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем, хеле амиқ дарк менамоем, ки терроризму экстремизм чӣ маъно доранд.

Баъзан дар байни мактаббачагон муноқишаҳо сар зада, бо оқибатҳои нохуш анҷом меёбанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асоси ин ҷангу баҳсҳои миёни бачагон  тамошои филмҳо дар мавзӯъҳои терроризму экстремизм аст.

Аз ин рӯ, вазифаи ҷонии мо — омӯзгорон аст, ки бо шогирдонамон дарсҳои тарбиявӣ гузаронида, ба онҳо фаҳмонем, ки чунин амалҳо чӣ гуна оқибатҳои нохуш дошта метавонанд. Волидон ҳам набояд бетарафӣ ва бетафовутӣ зоҳир намоянд, зеро танҳо бо дастгирии онҳо ва аҳли ҷомеа ҳар гуна амали бадро пешгирӣ кардан мумкин аст. Барои онҳо кофист, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро риоя намоянд. Он гоҳ мо метавонем, ки фориғ аз ҳар гуна ташвиш ва бо боварӣ ба фардои неки  фарзандони хеш орому осуда зиндагонӣ кунем.

Майгуна БОБОМУРОДОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе