Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ таъсин меёбад

№ 02.11.2018

Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ва роҳбари Намояндагии дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич дар мавзўи «Шарҳи якҷояи соли ҳаштуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» суҳбати гирди миз баргузор шуд.

Дар он дастовард ва мушкилоти татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ва саҳми шарикони рушд баррасӣ карда шуд. Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон барои фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба химатрасонии босифат корҳои назаррасро ба анҷом расонид.

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ ёддоштҳои тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар раванди рушди тибби оилавӣ бо муассисаҳои махсусгардонидашудаи Федератсияи Россия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва ба имзо расида, айни замон гуфтушунидҳо бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тибби оилавӣ (WONCA) ва Коллеҷи табибони оилавии Британияи Кабир идома доранд.

Бояд гуфт, ки дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ зиёда аз 50 лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардида, айни ҳол дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. Иттилоъ гирифтем, ки ба ниёзмандон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 511 аробачаи гуногуни маъюбӣ, 196 асо, 227 асо барои нобиноён, 136 ҷуфт асобағал, 23 асобағал бо оринҷ, 40 дастгоҳи шунавоӣ, 76 ортез ва 15 роҳравак дастрас шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи беморони гирифтори гепатитҳои вирусӣ аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ» таҳия шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Шарофат  АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»