Масъулин дар иҷрои қонуну қарорҳо саҳлангорӣ мекунанд

№71 (4021) 20.06.2019

Мусоҳиба бо муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода

IMG_0479- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар, ки 10 — уми майи соли ҷорӣ баргузор шуд, аз вазъи роҳҳо, ки бинобар гузариши мошинҳои гаронвазн вайрон мешаванд, изҳори нигаронӣ карданд. Барои ислоҳи вазъ чӣ чораҷӯӣ шуд?

- Бо мақсади истифодаи самараноки роҳу иншооти роҳдорӣ ва пешгирии вайроншавии бармаҳали онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёри муқарраргардида зиёданд» ва ғайра қабул шудааст, вале муқаррароти онҳо аз ҷониби интиқолдиҳандагон ва мақомоти назоратӣ ба таври зарурӣ риоя намегардад. Мутобиқи меъёрҳои мавҷуда, сарборӣ ба як тири пешбарандаи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ то 10 тонна буда, риоя нагардидани он боиси пеш аз муҳлат вайрон шудани роҳҳо мегардад.

Баъд аз эродҳои Сарвари давлат барои ислоҳи камбудӣ дар вазорат ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовара баргузор гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд.

- Дар соҳаи роҳу нақлиёт лоиҳаҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд. Хоҳишмандам бобати раванди татбиқи онҳо маълумот медодед.

- Бегуфтугӯ, таҳкими иқтидор ва тавсеаи имкониятҳои транзитии кишвар ба иқтисоди миллӣ манфиатовар аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки омили муҳим, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад, татбиқи лоиҳаҳои коммуникатсионии дорои аҳамияти дохиливу минтақавӣ мебошад.

Ҳоло дар соҳаи роҳу нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд. 10 лоиҳа ба соҳаи роҳдорӣ мутааллиқ буда, 88,9 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Барои мисол, лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон — қитъаи роҳ аз пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» (дар чорроҳаи шаҳраки 82) ба  маблағи умумии 36,949 млн. доллари ИМА татбиқ гардид. Дар доираи он чорроҳаи шаҳраки 82 бо сохтмони чорроҳаи сесатҳа азнавсозӣ шуда, моҳи сентябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи марбут ба ҲИМОМ (ЦАРЭС) таҷдиди роҳи Восеъ — Ховалинг анҷом ёфта, 22 июни соли 2018 иншоот аз ҷониби Комиссияи давлатӣ қабул гардид. Таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Восеъ (15 км) ва дар ноҳияи Ховалинг (15 км) аз ҷониби ҶДММ «Аркони соҳибкор» низ ба охир расида, омода намудани иншоот барои қабули комиссияи дахлдор идома дорад.

Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар (марҳилаи 1 — 33,2 км)» бо дарозии 33,7 км тибқи категорияи 1- и техникӣ аз болои дарёи Кофарниҳон босуръат идома дорад.

Лоиҳаи сохтмони қитъаҳои А (Кӯлоб — Ш. Шоҳин — 32 км) ва F (Шкев — Қалъаихумб — 26 км) — и роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб ба маблағи умумии 115,5 млн. доллари ИМА идома дошта, арзёбии пешниҳодҳои молиявии шаш ширкат ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод ва ба фондҳои маблағгузор барои мувофиқа ирсол шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи лоиҳаи «Сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак» низ корҳо оғоз гардид. 14 январи соли ҷорӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи хитойӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва пулҳо (Чайна Роуд) қарордод ба имзо расид. Айни ҳол лоиҳа барои ҳар як қитъа дар алоҳидагӣ омода гардида, баъд аз гирифтани хулосаи мусбати пудратчӣ корҳои сохтмонӣ оғоз мешавад.

Боиси зикр аст, ки чанде пеш тибқи рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтор дар минтақа пешқадам эътироф гардид. Табиист, ки ба ин дастовардҳо иктифо накарда, дар ин самт беш аз пеш фаъол хоҳем буд.

Таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат барои татбиқи ҳадафҳои созанда омили рӯҳбаландкунанда ва таҳрикбахш буда,  мутмаинам, ки аз пештара дида, бештар комёб хоҳем шуд.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»