Матинирода

№56 - 57 (3850-3851) 08.05.2018

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Ванҷ 260 нафар ба фронт рафтанд. Аксари онҳо дар набардҳои хунин ҳалок гардида, танҳо ҳаштод нафар ба зодгоҳ баргаштанд. Ҳоло дар ноҳия  як нафар  собиқадори ҷанг — Муҳаммадниёз Мухторов ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чор собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд. Умри Муҳаммадниёз Мухторов аз навад  гузашта бошад ҳам, хотираи қавӣ дорад:

- Вақте ки ҷанги хонумонсӯз сар шуд, шонздаҳ сол доштам. Пай дар пай ба деҳаҳои Лугад, Баравн, Лахшу Узбай хати сиёҳ мерасид. Рӯзе набуд, ки садои гиряву нола дар деҳоти «Водхуд» баланд нашавад. Ҳамон вақт мактаби ҳафтсоларо хатм карда, дар колхоз кор мекардам.

Охири соли 1943, вақте ки синнам ба ҳаждаҳ расид, аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома доданд. Се моҳи аввал дар шаҳри Самарқанд истифодаи автомату пулемёт, партофтани норинҷак ва ҳарбу зарби тан ба танро омӯхтам, — изҳор дошт ҳамсуҳбатам.

- Аввали соли 1944 ба хатти пеши фронт рафтем. Қисми мо дар ҳайати яке аз полкҳои пиёдагарди тирандозии Фронти дуюми Украина баҳри озод кардани ҷумҳуриҳои Украина,  Беларус ва Молдова меҷангид. Қисмҳои танкӣ ва мошинҳои зиреҳпӯши артиш, ки ба он генерали номдор Ватутин фармондеҳӣ мекард, сарзаминро батадриҷ аз гитлерчиён озод намуд. Охири соли 1944 баҳри аз асорат озод кардани кишварҳои Аврупо муҳориба вусъат гирифт.

Ҷанговарони  ҷузъу томҳои мо рӯзи деринтизори ғалабаро дар пойтахти Полша — шаҳри Варшава истиқбол гирифтанд. Баъди ду моҳ ба зодгоҳ баргаштам. Оиладор шудам, фарзандон ба дунё омаданд. Аз он ифтихормандам, ки писару духтарон ва наберагонро хуб ба воя расонида, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва меҳнатдӯстӣ тарбия намудам, — иброз намуд ӯ.

- Бештар аз чил сол сардори филиали почтаи ноҳия дар деҳоти «Водхуд» будам. Дар деҳаи баландкӯҳи Ӯзбай хонаву дар сохтам, боғ бунёд намудам ва то ба нафақа баромадан ба мардуми диёр  хизмат кардам. Аз он мутаассифам, ки аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки зодагони Ванҷ буданд, танҳо ман барҳаётам ва рӯзи Ғалабаро бе ҳамяроқон истиқбол мегирам.

Сипосгузорам, ки заҳмати собиқадорони ҷангу меҳнат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам қадр мегардад. Махсусан дар Рӯзи Ғалаба бо туҳфаҳои пурарзиши Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар идораву ташкилот сарфароз мегардам.

Пайваста ҷавононро панду насиҳат менамоям, ки Тоҷикистони биҳиштосоро дӯст доранд, дар сафи Артиши миллӣ хизмат намоянд, аз гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва моҷароҷӯй дур бошанд.

Суханони пурарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро талқин менамоям, ки гуфта буданд: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

 Сироншоҳи ДИЛОВАР,

рӯзноманигор