Маёзор мӯре, ки…

№10 (3960) 24.01.2019

Амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб рафта, таъмини он дар сархати масъалаҳои мубрам қарор дорад. Мутаассифона, солҳои охир шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупою Амрико гардидем ва рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи олам қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Ҳамин тариқ, терроризм хусусияти  фаромиллӣ касб намуда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлат ва минтақаҳо хатар эҷод менамояд.

Сарфи назар аз  тадбирҳои солҳои охир дар бахши мубориза бо терроризм андешида, таҳдиди амалҳои нави террористӣ афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни олам фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносон, дар ҷаҳон 500 созмони террористии пинҳонкор амал намуда, солҳои охир аз худ зуд — зуд дарак медиҳанд. Маблағи барои терроризм сарфшаванда, дар маҷмӯъ, аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоиро ташкил менамояд. Дар натиҷаи амалҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам садҳо ҳазор нафар одам ба ҳалокат расида,  миллионҳо нафар тарки манзили зист намудаанд. Зарари иқтисодии ба кишварҳо расида, садҳо миллиард доллари амрикоиро ташкил менамояд.

Дар ин ё он кишвар зуҳур кардани гурӯҳҳои террористӣ боиси ба ҷанги дарозмуддати  харобиовар кашида шудани он мегардад. Рӯйдодҳои Афғонистони ҳамсоя мисоли равшан аст. Дар  саҳнаи сиёсии он зуҳур кардани  ҷунбиши иртиҷоии «Толибон», ба паноҳгоҳи гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва манбаи қоҷоқи нашъа табдил ёфтани ин   мамлакат тасодуфӣ набуд. Сабаби асосӣ, пеш аз ҳама, хароб гардидани иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Афғонистон мебошад, зеро вақте одамон ғайр аз  шомил гардидан ба дастаҳои мусаллаҳи террористӣ ё мафияи нашъа роҳи дигари зиндагӣ намеёбанд, вазъият тезутунд хоҳад шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ бахшида ба мубориза зидди терроризм аз вазъи кишвари ҳамсоя ёдовар шуда, изҳор медоранд, ки  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон наметавонад дар танҳоӣ бо терроризму ифротгаройӣ мубориза барад ва сулҳу суботро таъмин намояд. Истиқрори сулҳ дар натиҷаи кӯшишу хоҳиши кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо расонидани кумакҳои самарабахшу муассир бо мақсади рушди иқтисодиёти Афғонистон  муваффақият пайдо карда метавонад.

Терроризм дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё  тавъам донистани терроризм бо дину  мазҳаби мушаххас ба манфиати террористон аст ва онро тамоман маҳкум бояд кард.

Мардуми мусулмон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздор гарданд, зарур аст, ки садои маҳкумкунандаи ҳукумати кишварҳои олами ислом ва ходимони  намоёну бонуфузи динӣ  бар зидди терроризм шунида шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар ҷомеаи ҷаҳон то ҳол дар бораи мафҳуми «терроризм» ба хулосаи ягона  нарасидаанд. Ҳол он ки бе ин гуна ваҳдати назар ба низом даровардани масъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм ғайриимкон аст. Терроризм лоиқи омурзиш набуда, бояд қатъиян маҳкум карда шавад. Маънидод кардани терроризм ҳамчун зуҳуроти дорои ҳадафи сиёсӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқ сохтани қонунгузории миллӣ талаби замон мебошад.

Бояд мардум аз расму оин ва арзишҳои волои миллию динӣ пурра огоҳ бошанд. Инро ман, ҳамчун омӯзгор, аз роҳҳои беҳтарини истодагарии мардум дар муқобили ҳама гуна  тундравию ифротгароӣ меҳисобам. Инчунин, ҳамчун  мураббии насли наврасу  ҷавон, аз падару модарон даъват ба амал меорам, ки дар тарбияи фарзандон муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар бораи таълиму тарбияи фарзанд»- ро ба инобат гирифта, лаҳзае ҳам таълиму тадриси насли ояндасози кишварро аз мадди назар дур намонанд.

Ба қавле, зарур аст, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем, бозичаи  дасти дигарон нашавем, фарзандонро аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои тундрав нигоҳ дорем. Ҳоло  фурсати он аст, ки модарони дунё садди роҳи фарзандони  камонбадаст шаванд, зеро асоси гурӯҳҳои террористию экстремистиро ҷавонон ташкил намуда, фирефтаи саркардагони ҷинояткору ҷиноятпеша шудаанд ва ба даст  силоҳ гирифта, зидди ҳамватанони хеш меҷанганд, ба дигар кишварҳо дохил шуда, зиндагии осоиштаи халқҳоро  халалдор мекунанд.

Мардуми сайёра ташнаи сулҳу салоҳанд, ба ояндаи нек бовар доранд. Аз байн бурдани ҷони ширини инсони бегуноҳро динҳои олам  мамнӯъ донистаанд. Барҳақ, Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.

Ҳама вазифадорем, ки фарзандонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи  ҳамида, дарки дӯст доштани Ватани азизу маҳбуб ба камол расонем. Сиёсати собитқадамонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва ташаббусҳои наҷибонаашонро дастгирӣ намоем.

Давлатмоҳ САФАРОВА, омӯзгори муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №60, шаҳри Душанбе