Меҳргон ҷашни кишоварзон аст

№124 (3918) 13.10.2018

44041543925_7aa9ce9477_oМеҳргон дар радифи ҷашни Наврӯз бузургтарин ва пуршукӯҳтарин ҷашни аҷдодии мардуми форсизабон, аз ҷумла, тоҷикон, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парваришнамудаи марди деҳқон мебошад. 

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митр ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст». Дар ин бобат Масъуди Саъди Салмон гуфтааст:

 Меҳрубонӣ кун ба ҷашни меҳргону рӯзи меҳр,

Меҳрубонӣ беҳ ба рӯзи меҳру ҷашни меҳргон.

Идҳои суннатию таърихии аҷдодон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардиданд ва ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳи заррин яке аз онҳо — ҷашни Меҳргон  бо шукӯҳу тантанаи хоса таҷлил мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки ҷашнгирӣ танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда ҳидоят намояд. Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори  он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани кишвар аз лиҳози таъмини маҳсулоти ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.

Аз ин лиҳоз, ба истиқболи ҷашни Меҳргон пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ин аст, ки сол то сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда, кишоварзон ҳазорҳо тонна меваю сабзавот ва меваи хушкро ба хориҷи кишвар содирот менамоянд.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзист ва ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвора далели он аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар партави сиёсати Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаш­таи фарҳангӣ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошараф медонад.

Дар гузашта иди Меҳргонро тайи чанд рӯз  пуршукӯҳ таҷлил менамудаанд. Анъанаҳои неки кишоварзону деҳқонон, оростани дастурхон ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ маҳз хоси ин ҷашн буд.

Рӯзи Меҳргон дастархоне аз матои сурх (арғувонӣ) густурда, онро бо нону меваҳои шаҳдбор оро медоданд. Ҳунармандон аз ҳафт навъи зироат — гандум, ҷав, арзан, ҷуворӣ, наск, биринҷ ва лӯбиё нон мепухтанд. Рамзи дастурхон ва ороиши онро бобои деҳқон фоли нек медонист ва омадани соли навро бахосият мегуфтанд.

Дар давраи шӯравӣ  мардум Меҳргонро бо номи «Иди ҳосил» ҷашн мегирифтанд. Ҳар тирамоҳ бо нишонаи шукргузорӣ аз ҳосилғундорӣ ва фаровонии зироату мева маъракаи пуршукӯҳ барпо мегардид. Ҳамчунин, кишоварзону деҳқонон бо омадани Меҳргон ҳашару идҳои оммавӣ, мисли сайругашт ва идҳои харбуза, себ ё маросими хурсандӣ, доир менамуданд.

Ҳамин тавр, дар тирамоҳи нозанин фаро расидани  иди Меҳргон бесабаб нест. Зеро дарахтон  ғарқи ҳосил, хирмани деҳқон пур аз маҳсулот ва марди деҳқон аз заҳмати кашидааш қаноатманд мегардад.

Аз охири сентябр то нимаи аввали октябр бо карнаю сурнай, мусиқиву шодӣ, рақсу тарона дар деҳот, ноҳия ва шаҳрҳои мамлакат расман ҷашни Меҳргон барпо мегардад. Кишоварзон дар бозорҳо маҳсули дастранҷ ба намоиш мебароранд, гурӯҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бо нархи арзон ба мардум пешниҳод мегардад.

Меҳргон иди касбии олимони соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини илмии рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ пурсамар фаъолият намуда, иди Меҳргонро бо дастовардҳои шоиста пешвоз мегиранд.

Соли ҷорӣ натиҷаи таҳқиқоти селексионии олимон назаррас аст. Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақабоб гардонда шудани 9 навъи зироат — 1 навъи пахта, 2 -гандум, 1-нахӯд, 1-ҷав, 1-картошка, 1-зардолу ва 2 дурагаи дарахти тут, 2 дурагаи кирмаки абрешим тасдиқ гардид. Бори аввал технологияи парвариши такрории кирмаки абрешим дар шароити нави хоҷагидорӣ тарҳрезӣ ва семинари соҳавӣ гузаронида шуд.

Навигарии дастовардҳои олимон бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз ҷумла, 6 патент, 2 қарори мусбат барои гирифтани патент ва 8 шаҳодатномаи муаллифӣ тасдиқ гардидааст. Инчунин, ба Маркази миллии патенту иттилоот 6 арзнома барои гирифтани патент пешниҳод шуд.

Аз ҷониби олимон бори аввал дар ноҳияи Мурғоб, вобаста ба шароити тағйирёбии иқлим, дар баландии 3576 метр аз сатҳи баҳр қитъаи таҷрибавӣ ташкил гардид. Омӯзиши хусусиятҳои парвариши 8 навъи зироати кишоварзӣ ва 4 намуди буттаю дарахт идома дорад.

Дар соҳаи чорводорӣ низ натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд. Дар ин самт таҳқиқоти бисёрсолаи олимон ҷамъбаст ва саршумори ҷавҳари зотӣ, ҳуҷҷатҳо барои ба Комиссияи давлатии апробатсионӣ пешниҳод намудани зоти нави говҳои сиёҳалои тоҷикӣ ва типи қутосҳои зарафшонӣ омода гардид. Дар Маркази ҷумҳуриявии биотехнологияи чорво гурӯҳи мобилии бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор бори аввал ташкил карда шуд. Инчунин, усулҳои самараноки пешгирӣ, табобати касалиҳои чорвою паранда тарҳрезӣ ва бо истифода аз хайлҳои микроорганизмҳои маҳаллӣ зиёда аз 113 ҳазор ваксина, 63 ҳазор воя доруи кимиётерапевтӣ истеҳсолу дастраси хоҷагидорон гардид.

Дар раванди механиконии соҳаи кишоварзӣ олимон мошину мошинолоти хурдҳаҷмро ҷиҳати шинонидану ғундоштани ҳосили картошка, коркарди замину кишти тухмии зироатҳо барои хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ихтироъ намуданд.

Ҳамчунин, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимон 13 пешниҳод оид ба ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи рушди илму истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ ирсол карда шуд.

Бар илова, олимони Академияи илм­ҳои кишоварзӣ дар таҳияи «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», лоиҳаҳои «Барномаи рушди парандапарварӣ барои солҳои 2019-2023» ва «Барномаи нави давлатии амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин, бо мақсади васеъ татбиқ намудани дастовардҳои илму технологияҳои инноватсионӣ зиёда аз 150 кори илмӣ, 36 тавсияю дастур нашр намуда, 26 конференсияю семинар ва «Рӯзҳои саҳро» баргузор намуданд. Доир ба масъалаи рушди соҳаҳои кишоварзӣ тавассути воситаҳои ахбори омма 177 маротиба баромад ва тавсияҳои илман асоснокро ба ҷомеа пешниҳод карданд.

Робитаи олимони соҳа бо донишгоҳҳои марказҳои илмию тадқиқотии ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ низ беҳтар гардид. Аз ҷумла, миёни Академияи илм­ҳои кишоварзии Тоҷикистону Академияи илмҳои кишоварзии Хитой ва Академияи илмҳои Беларус шартномаҳои тарафайн ба имзо расиданд. Айни ҳол созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳуриҳои Ҳиндус­тон ва Ӯзбекистон омода гардидаанд.

Ҳоло, ки офтоб ба бурҷи мизон расидаасту Замин-модар меҳрашро ба воситаи ҳосили зироат, меваҳои  шаҳдбор ба ҳама ҳадя мекунад, бошад, ки Меҳргон ба мардуми тоҷик  файзу баракат ва  фаровонӣ  ато намояд.

Н. АСОЗОДА, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, узви  вобастаи АИ КТ, Д. КОМИЛЗОДА, академики АИ КТ