Меҳрона гадо нест

№29 (3979) 16.03.2019

На дар ҳусну ҷамол, андар мурувват,

Занони мардсонро дӯст дорам.

Лоиқ Шералӣ

СемечкаИн ҳикояи воқеӣ аз рӯзгори духтаракест, ки ду сол пеш тасодуфан бо рӯзгори талхаш ошно ва аз ғурури баландаш огоҳ шудам. Мутаассифона, дигар вонахӯрдамаш.

Бегоҳирӯзӣ. Бо ҳамсинфонам дар як гӯшаи саҳни назди бинои Сирк даври ҳам менишастем. Суҳбатамон гарм – гуфтугӯ аз хотираҳои мактабӣ…

- Донаи офтобпараст намехаред?

Ин овози ҷозибу маҳин нигоҳи моро ба сӯи соҳибаш дӯхт: дар назди мо духтараки ситорагарми 7-8-солае меистод, ки дар даст халтачаҳои донаи офтобпараст дошт.

- Не, — гуфт яке аз ҳамсинфонам, ки яқин аз «савдои кӯчагӣ» ғашаш меомад.

- Кӯдакро наранҷон, — гуфта ба духтарак рӯ овардам:

- Мехарем, номат чист, хоҳарҷон?

- Меҳрона, — наздиктар омада гуфт ӯ.

- Падару модар дорӣ? Дар куҷоянд? – аз ҷоям хеста даст ба киса бурдам.

- Падарам бо мо нест, вай моро партофтагӣ. Очаам ҳаст. Дар он ҷо, дар паси арчаҳо нишастааст.

Ду халтачаи донаи офтобпарастро аз дасти Меҳрона гирифта, ба дӯстонам додам:

- Шумо «чақ-чақ» карда истед, ман зуд бармегардам.

Аз дасти Меҳрона гирифта, ба он ҷое, ки ишора кард, равон шудем.

* * *

- Салом. Шумо модари Меҳрона?

- Бале, чӣ шудааст? – духтарашро бо одами ношинос дида, хавотиромез аз ҷо хест.

- Шумо шарм намедоред, ки худатон ин ҷо нишастаеду кӯдакро кор мефармоед?

- Ҳеҷ гап не, нонашро худаш ёфта хӯрад, худам ҳамин хел калон шудам, — «хушк» ҷавоб дод зан. — Додар, ту ҳоло ҷавонӣ, ин чизҳоро  намефаҳмӣ.

Ҳисси кунҷковӣ ором намегузошт. Бояд донам, ки ин духтарак кист ва чӣ саргузашт дорад.

Ҳарчанд зан бо «дили нохоҳам» гап мезад, ман оромона идома медодам:

- Шумо ҳам донаи  офтобпараст мефурӯшед ё кори дигар мекунед? Чаро худатон ин ҷо нишастаеду..?

- Не, ман дар ягон ҷо кор намекунам. Фарзандонам ҳамин корро мекунанд, — ба халтачаҳои дасти Меҳрона ишора кард. – Нонашонро аз ҳамин заҳмат меёбанд. Чораи дигар надорем…

Ҳамин вақт духтараку писарбачае халтачаҳои донаи офтобпараст дар даст омада дар паҳлуи Меҳрона, ки гоҳ ба модарашу гоҳ ба ман ҳайрон нигоҳ мекард, нишастанд.

- Инҳо ҳам фарзандони мананд.

Аз дидани онҳо ва шунидани гап­ҳои зан ба риққат омада, аз бачаҳо пурсидам:

- Соли хониш оғоз шуд, китобу дафтар доред?

Писарак сукут кард. Духтар дарҳол ҷавоб дод:

- Дафтару қалам дорем. Фақат ман китоб­ҳои «Забони англисӣ», «Таърихи умумӣ», «Забони русӣ» надорам.

Ба зан рӯ овардам:

- Апа, рақами телефонатонро ба ман диҳед. Пагоҳ, вақте ки ба шумо занг задам, духтарчаатонро ба мағозаи «Олами китоб» фиристед, китобҳояшро харида медиҳам.

- Даркор нест, мисли ту чанд каси дигар ин гуна ваъда дода, бедарак шуданд.

Рӯзи дигар Дилрабо бо табъи болида китобҳоро гирифта, аз назди мағозаи китоб дур мешуду пеши назари ман фақат симои кӯдакони маъсуми гирифтори сахтиҳои рӯзгор намудор буд.

* * *

Аз рӯи нақли зан маълумам шуд:

Онҳо аллакай соҳиби се фарзанд – ду духтару як писар ва дар интизори фарзанди чаҳорум буданд. Зиндагии миёнаҳол доштанд, касе аз чизе камӣ надошт, фақат зан…

Ӯ эҳсос мекард, ки рафтори шавҳар дигар шудааст. Ба хона дер меояду бо занаш ва (фарзандонаш) дуруст гап намезанад. Дили модари ҷавон кадом воқеаҳои нохушро эҳсос карда, хотираш парешон мегашт. Ҳамин тавр ҳам шуд. Шавҳар зани ҷавонтаре гирифту ҷавоби ӯро дод.

Аз он рӯзҳо се сол гузашт. Зани бечора дар хобгоҳ бо модари пир ва бародари зану кӯдаконаш якҷо зиндагӣ мекунад. Се фарзанди калонӣ мактабхон, писари хурдӣ сесола аст.

Дар ин муддат ба ҷустуҷӯи кор баромад. Кори муносиб  пайдо накард. Барои аз субҳ то шом кор кардан 15-20 сомонӣ медоданд. Маълумоти олӣ надошт, дар ягон корхона кор карда наметавонист. Худаш азоби бепадариро кашида буд (солҳои ҷанг падарашро кушта буданд), дарк мекард, ки фарзандонро чӣ қисмати талхе интизор аст.

Оҳиста-оҳиста кӯдакон ба сахтиҳо хӯ мегирифтанд, кор мекарданд. Мактаб мерафтанд, аъло мехонданд. Фақат як чиз ба онҳо намерасид – дасти шафқат ва меҳри падар…

- Рӯзе шавҳарам (ӯ калимаи «шавҳар»-ро бо нафрат ба забон овард) омад, – нафаси чуқур кашид зан. — Гуфт, ки «биё, давраҳои ҷавониро ёд кунем. Ба зиндагии пешина баргардем!». Ба фикрам, он қадар зиндагии хуб надорад бо зани дуюмаш…

* * *

Баъди чанд рӯз ману дӯстам Хушдил дар сари роҳ бо Меҳрона вохӯрдем. Дар як даст халтача ва дар дасти дигар даҳ сомонӣ дошт.

Роҳгузарон ба гумони «талбанда» будани духтарак ӯро ба тундӣ меронданд. Дӯстам Хушдил ин ҳолро дида, дилаш сӯхт ва як сомонӣ аз кисааш бароварда, ба Меҳрона дароз кард.

- Ман гадо нестам, — дасти Хушдилро пас зад Меҳрона. – Мехоҳам ҳамин даҳсомонаро «майда» карда, бақия диҳам. Агар донаи офтобпараст хоҳед, марҳамат…

Р. УМАР, «Садои мардум»