Шарҳи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ

Мерос ба ворисон. Он бояд чӣ гуна тақсим карда шавад?

№126 (3920) 18.10.2018

Масъалаи тақсими мерос баъди фавти меросгузор, аксар вақт миёни ворисон норизогӣ ва баҳсҳоро ба вуҷуд меорад, ки баъзеаш ҳатто дар мурофиаҳои судӣ ҳал мегардад. Барои он ки нофаҳмиҳо рух надиҳанд, кӯшиш намудем, ки масъалаи соҳибӣ кардан ба меросро аз нуқтаи назари қонунгузорӣ шарҳ диҳем.

 Масъалаҳои вобаста ба меросро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба танзим медароранд.  Дар моддаи 1138 Кодекси гражданӣ, ки «Ворисии ҳуқуқ ба мерос» ном дорад, мафҳуми меросгузорӣ шарҳ дода шудааст. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ворисӣ ин гузариши ҳуқуқи амволӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба дигар шахс ё ашхос (ворисон) гузаштани ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии ба молумулк вобастаи шахси фавтида (меросгузор) тибқи шартҳои ворисии ҳуқуқии универсалӣ эътироф мегардад».

Моддаи 1139 анҷом додани асосҳои ворисӣ ё меросхӯриро тибқи васиятнома ва қонун муайян кардааст. Дар сурати набудани васиятнома ё агар он як қисмати меросро муайян насозад, ворисӣ тибқи қонун асоснок карда мешавад.

Кушодани меросро моддаи 1142 баъд аз вафот ё фавтида эълон кардани шаҳрванд  муайян кардааст. Дар қисми 2 моддаи мазкур омадааст, ки «замони кушодани мерос  рӯзи (ҳангоми зарурат, инчунин, лаҳзаи) вафоти меросгузор ва ҳангоми фавтида эълон  намудани ӯ  рӯзи эътибори  қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар хусуси  фавтида эълон гардидани шаҳрванд мебошад, агар дар қарори суд рӯзи дигар нишон дода нашуда бошад».

Маҳали кушодани меросро моддаи 1143 маҳали охирини зисти меросгузор муайян намудааст. Дар сурати номаълум будани маҳали зисти охирини меросгузор, маҳали кушодани мерос маҳали ҷойгиршавии амволи ғайриманқули ба меросгузор дахлдошта ё қисмати асосии он ва ҳангоми набудани амволи ғайриманқул-маҳали воқеъ гардидани қисми асосии амволи манқул эътироф карда мешавад. Ворисони меросгузор тибқи васиятнома ва қонун шаҳрвандони дар лаҳзаи кушодани мерос зинда ва ҳамчунин кӯдакони ҳангоми зинда будани меросгузор дар батни модар ва баъди кушодани мерос зинда таваллудшуда буда метавонанд.

Ворис ва ё меросхӯр тибқи васиятномаи меросгузор, метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва давлат бошанд.

Мутобиқи моддаи 1145, шахсоне, ки қасдан меросгузор ё яке аз ворисони имконпазирро аз ҳаёт маҳрум сохтаанд ё ба ҳаёти онҳо суиқасд кардаанд, на тибқи васиятнома ва на тибқи қонун ба ворисӣ ҳуқуқ надоранд. Ҳамчунин, шахсоне, ки қасдан ба меросгузор барои амалӣ шудани охирин нияти ӯ монеа гардидаанд ва бо ин роҳ барои ба мерос ҳамроҳ шудани худ ё шахсони наздикашон ё барои зиёд кардани ҳиссаи мероси ба онҳо марбута мусоидат кардаанд, низ меросхӯр буда наметавонанд.

Моддаи 1149 ҳолатҳои гузаштани мерос ба давлатро муайян кардааст. Мувофиқи талаботи он, дар ҳолати ба давлат васият шудани амвол, ворис надоштани меросгузор тибқи қонун ва васиятнома, меросгузор ворисонро тибқи васиятнома аз ҳуқуқи меросгирӣ маҳрум карда бошад, мерос ба давлат мегузарад. Агар яке аз меросгирон ба фоидаи давлат аз гирифтани мерос даст кашад, ҳиссаи ба ӯ тааллуқдошта моли давлат мешавад.

Меросгирӣ бо васиятномаро боби 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Ин боб, ки аз 15 модда иборат аст, масъалаҳои тартиби ба расмият даровардани васиятнома, таъини ворисони иловагӣ, супориши васияткунандаи мерос, гузаш­тани супориши васияткунандаи мерос ба ворисон, муҳлати иҷрои супориши васияткунандаи мерос, базиммагузорӣ, меросгирии қисми амволе, ки васиятнокарда мондааст, қоидаҳои умумии шакли васиятнома, васиятномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшуда, бекор кардан ва тағйир додани васиятнома, беэътибор будани васиятнома ва иҷрои онро дар бар мегирад. Дар банди 1, моддаи 1150 омадааст: «васиятнома иродаи ихтиёрии шаҳрванд оид ба ихтиёрдории ҳуқуқи амволии ба ӯ дахлдошта ва дар ҳолати пешбининамудаи қонун ҳуқуқи ғайриамволӣ ҳангоми вафот кардан эътироф мешавад, ки ба тарзи зарурӣ ба расмият дароварда шудааст».

Тартиби дигари соҳибӣ намудан ба меросро боби 60 Кодекси гражданӣ муқаррар мекунад, ки «Меросгирӣ мутобиқи қонун» ном дорад. Тибқи моддаи 1666- и он дар навбати аввали ворисони қонунӣ  бо ҳиссаи баробар фарзандон (аз ҷумла фарзандхондашудагон), ҳамсарон ва падару модар, фарзандхондагони меросгузор ва ҳамчунин кӯдакони шахси вафоткарда, ки баъди  вафоти ӯ таваллуд шудаанд, дохил мешаванд. Навбати дуюми ворисони қонуниро, дар сурати набудани меросгирони навбати якум, бародарону хоҳарони меросгузор, бобову бибиҳои тарафи падарӣ ва модарӣ бо ҳиссаи баробар ташкил медиҳанд (моддаи 1167). Дар ҳолати набудани меросгирони навбати якуму дуюм, ҳуқуқи меросгирӣ бо ҳиссаи баробар ба навбати сеюм тағо, амак, хола ва аммаи меросгузор мегузарад.

Моддаи 1171 ҳуқуқ ба ҳиссаи ҳатмии меросро муайян кардааст. Мувофиқи он кӯдакони ба балоғат нарасида ва ғайриқобили меҳнати васиятгар, падару модар (падархонду модархонд) ва ҳамсари ғайриқобили меҳнат, сарфи назар аз мазмуни васиятнома, на камтар аз се — ду ҳиссаеро, ки ба ҳар яки онҳо ҳангоми мероси қонунӣ (ҳиссаи ҳатмӣ) тааллуқ дошт, мерос мегиранд.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки қонунгузорӣ вобаста ба тақсимоти боадолатонаи мерос тамоми нозукиро ба инобат гирифтааст.  Дар сурати ба вуҷуд омадани  баҳсҳо ҳам, бо истифода аз қонунҳои амалкунанда, метавон онҳоро боадолатона ҳал кард. Фақат шаҳрвандонро лозим аст, ки маърифати ҳуқуқиро такмил диҳанд, то ҳангоми зарурат ба нофаҳмиҳо роҳ надиҳанд ва худу пайвандонро дар хиҷолат намонанд.

Баҳодур Соҳибзоданотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе