Меваи давобахш ва серғизо

№105 (4055) 31.08.2019

43aa92982791bce9eeae1bbfe766e52cҚувватнокии як литр шарбате, ки аз 1,5 кг ангур омода мешавад, ба 650 грамм гӯшти гов баробар аст

Токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, таърихи ҳазорсола дорад. Навъҳои гуногуни хушсифати он шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Халқи тоҷик аз қадимулайём навъҳои хушсифату хушмазаи ангурро ихтироъ карда, аз насл ба насл боқӣ гузоштааст. Ҳоло дар боғоти шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 190 навъи гуногуни маҳаллӣ ва зиёда аз 30 навъи бурунмарзӣ (интродусионӣ) парвариш мешаванд.

Дар замони муосир токпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, барои ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳми бориз дорад. Ангур ва маҳсулоти коркарди саноатии он дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти озуқавории кишвар нақши калон мебозад. Барои мисол, токпарварони таҷрибадор аз як гектар бо усули уланг (чойлоб) 35  — 40 тонна ва аз ин ҳам зиёд ангур ҷамъоварӣ мекунанд.

Ангур растании бисёрсола буда, мевааш на танҳо дар намуди тару тоза, балки хушконидашуда дар саноат истифода мешавад, ки барои саломатии инсон хеле муфид аст. Хусусияти дигари ангур дар он аст, ки бисёре аз навъҳои онро дар сардхона ва биноҳои махсус 6 — 7 моҳ (октябр — май) нигоҳдорӣ кардан мумкин мебошад. Ин барои бо ғизои сервитамин ва тару тоза таъмин намудани аҳолӣ мусоидат мекунад.

Дар таркиби ангур гурӯҳи калони витаминҳо, ба монанди А, В, С, Д ва глюкоза, фруктоза то 35 фоиз, кислотаҳои органикии ангурӣ, себӣ, сафедаҳо, пектинҳо, моддаҳои минералӣ — калий, калсий, фосфор ва оҳан мавҷуд аст. Дар 1 кило ангур аз 18 то 27 фоиз қанд мавҷуд буда, дорои 700-900 килокалория қувватнокӣ мебошад. Қувватнокии як литр шарбате, ки дар он 1,5 кг ангур истифода мешавад ба 650 грамм гӯшти гов баробар аст. Дар осоишгоҳҳо бо ангур (ампелотерапия) бемориҳои диққи нафас, гурда, дил, меъда, рӯда, камхунӣ, сили шуш, харобии системаи асаб, сусту лоғар шудани организм ва ғайраро табобат мекунанд.

Мева ва барги токро дар тайёр кардани зиёда аз 100 номгӯи таом ва маҳсулоти саноатӣ истифода мебаранд. Дар саноати хӯрокворӣ меваи ангур ҳамчун ашёи хом барои тайёр кардани афшура, нӯшокиҳои беалкагол, шаробҳои гуногуну шампон истифода мешавад. Меваи хушки он дар қаннодӣ, пухтупази таом (палов) ва нонпазӣ низ васеъ истифода мегардад.

Олимону селексионерон зиёда аз 80 навъи самти таъиноташон гуногунро офаридаанд, ки ҳоло қисми зиёди онҳо, ба монанди «Тойфии гулобӣ», «Тойфии сафед», «Кишмиши сиёҳ», «Кишмиши сафед», «Нимранг», «Миёна», «Ҳусайнии сиёҳ», «Ҳусайнии сафед», «Султонӣ» «Ҷавз», «Муғҷалонӣ», «Шоҳона», «Ғалаба» ва ғайра парвариш мешаванд. Аз рӯи самти таъинот ангурро ба навъҳои хӯрданибоб, мавизию кишмишӣ ва техникӣ ҷудо мекунанд.

Маҳсулоти содиротӣ будани ҳосили ангурро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Бояд зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ токзор 38106 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 33258 гектар ҳосилдиҳанда мебошад. Ҳосилнокӣ бошад, ба 72,7 сентнер баробар аст. Соли 2018 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 241900 тонна ангур истеҳсол гардид, ки ба ҳар сари аҳолӣ зиёда аз 26,8 кг рост меояд. Меъёри таъмини физиологии меваю ангур 400 г дар як рӯз буда, ҳиссаи ангур 40 — 45 граммро ташкил медиҳад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба комё­биҳои назаррас ноил гашта, дастовардҳои илмро дар истеҳсолоти кишоварзӣ зина ба зина ҷорӣ намуда истодааст. Бо пешниҳоди олимони ин боргоҳи илм навъи ангури «Миёна» минтақабоб ва соҳиби шаҳодатномаи муаллифӣ гардид. Баробари ин, навъҳои ангури «Сарвар», «Суғдиён» «Нимранг», «Султонӣ» («Ҷавз»), «Зариф», «Мухчалонӣ» барои пешниҳод намудан ба истеҳсолот мавриди омӯзиш қарор доранд.

Минтақаҳои барои парвариши ток мусоид шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, ноҳияҳои Деваштич, Б. Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Хуросон, Ёвон, Данғара, Восеъ, Кӯлоб, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг, Муъминободи вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз қабили Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва Варзоб мебошанд.

Рушди минбаъдаи токпарварӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд кардани навъҳои серҳосил ва бо истифодаи агротехникаи пешқадам имконпазир буда, дар ин самт аз тамоми имконият самаранок истифода бояд кард.

Ҳикматулло НАЗИРОВ, директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ,

Рустамхуҷа ҚАЛАНДАРОВ, мудири шуъбаи токпарварӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, 

Ҷалолиддин ФОЗИЛОВ, котиби илмӣ