Миллат аз ваҳдат бигардад бахтёр

№67 (4017) 13.06.2019

Сарнавишти ҳар як халқу миллат бо шаклу шеваҳои гуногун сурат гирифта, фарогири шебу фароз, бурду бохт, сафеду сиёҳи зиёди таърихист. Аз ҷумла, таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик низ истисно набуда, тӯли мавҷудияти тӯлонӣ имтиҳонҳои сахту мураккаби ҳаётро аз сар гузаронидааст. Аммо муҳим он аст, ки бо ҳама он беадолатии ғосибон тоҷикон бо талафот ҳам бошад, тавонистанд аз  мавқеи худ ҳимоят кунанд.

Иттиҳоди Шӯравии абарқуд­рат, ки Тоҷикистон дар ҳайати он шомил буд, барои миллати тоҷик боз як имтиҳони сахти дигарро пеш овард. Дар мамлакат ҷанги бемаънии бародаркуш, ки мислашро таърих дар хотир надошт, ба вуқӯъ пайваста, хисороти бузурги молию ҷониро ба бор овард. Бо сӯиистифода аз вазъи бамаломада  неруҳои иртиҷоии берунӣ ва дохилии дар сафи ТТЭ ҲНИ муттаҳидгардида, ки алҳол ҳам аъзои боқимондаи паҳну парешони он бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ берун аз Ватан ҳамон сиёсатро идома дода истодаанд, ба мубориза баҳри ғасби ҳокимият ва бо ном исломикунонии ҷумҳурӣ ба мубориза бархостанд. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз, ки миллату давлати тоҷик дар вартаи нобудӣ чун ашк сари мижгон қарор дошт, барои наҷот Ваҳдати миллӣ ба кор омад.

Дар ҳамон вазъияти ниҳоят нобоб, бо ибтикори неруҳои солим ва намояндагони фидокори мардум дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ба кор оғоз бахшид. Яке аз масъалаҳои он интихоби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон — Сарвари давлат буд. Ба бахти миллат 19 ноябри соли 1992 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Бояд зикр кард, ки ин рӯйдоди неки таърихӣ қадами қатъӣ ба сӯи эҳё ва тақвияти Ваҳдати миллӣ гардид ва расо баъди панҷ соли талошҳои шабонарӯзӣ бо роҳбарии фарзонафарзанди миллат, сулҳи деринтизор фаро расид. 27 июни соли 1997  ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъият, боиси эҳёи маънавию  иқтисодии кишвар, масъулияти умум барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшон аст.

Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи пайвастаи заминагузории ғояҳо ва тадбирҳо буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати хеле кӯтоҳ тавонист, ки ба марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ба  дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ваҳдати миллӣ омилҳои зиёди таҳкимбахш дорад. Амалияи он дар ҳаёти давлат ва ҷамъият кайҳост, ки самараи хеле хуби арзишманд ба бор овардааст ва боиси рушди сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар кишвар гардидааст. Дар баробари ин, зикр кардан бамаврид аст, ки бо шарофати қабул гардидани ин ҳуҷҷати муҳиму тақдирсоз дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз он ҷумла, дар мақомоти судӣ дигаргуниҳои зиёд роҳандозӣ шуд. Санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ пайваста мавриди омӯзиш, баррасию такмил қарор гирифта, судҳо мустақилияти бештарро соҳиб гардиданд.

Файзу баракат ва шарофати ваҳдати миллӣ дар ҳама соҳа ба чашм мерасад. Дастовардҳои бузург дар бахши иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, гул — гулшукуфоии шаҳру деҳоти кишвар, беш аз пеш таҳкиму мустаҳкам гардидани сулҳу субот таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари он мебошад.

Дар остонаи 22 — юмин солгарди ин ҳодисаи бузурги таърихӣ гуфтанӣ ҳастем, ки аз ҳарвақта дида, дар давраи кунунии пуртазоди сиёсӣ бештар ба ваҳдати комил ниёз дорем. Ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлолият, сулҳу суботи кишвар ва дар атрофи Пешвои миллат боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, зиракию ҳушёрии баланди сиёсӣ нишон додан, масъулияти шаҳрвандӣ ва ватандории ҳар фарди солимфикр бояд бошад. Иҷрои софдилонаи рисолату вазифаҳои базиммадошта, дар рӯҳияи садоқати баланд доштан ба Ватан аз омилҳое мебошанд, ки ваҳдати миллиро боз ҳам комилтар мегардонанд ва намегузоранд, ки дигарбора хоинону душманони миллат зиндагии орому осудаҳолонаи мардумро халалдор созанд.

Ба қавли шоир:

Миллат аз Ваҳдат бигардад бахтёр,

Бахшад он моро фақат файзу барор.

Абдуллозода Музаффар Ҷаъфар, раиси Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,

Самариддин Тураев, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе