Мирзовалиён Ҳамзабек: «Адолат муҳимтар аз аҳду паймон аст»

№42 (3992) 16.04.2019

Изображение 082 — копияҲамзабек Мирзовалиёнро бо чанд нафар ғарқи суҳбат дидам. Чун якдигарро  дер боз надида будем, хеле хушҳол шудем. Баъд ӯ хоҳиш намуд, ки ба ҳуҷраи кориаш дароем. Маълум гардид, ки айни ҳол дар вазифаи раиси минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолият дошта, узви Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Суҳбат низ дар бобати фаъолияти адвокатиаш  сурат гирифт.

- Дар ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ саҳми адвокат,  ки ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар мурофиаҳои судӣ мебошад, ниҳоят муҳим аст. Бигӯед, ки барои ин касбро  интихоб  кардан кӣ ё чӣ  боис шуд?

- Адвокат нафарест, ки барои пойдории адолат фаъолият мекунад. Ин касби қадима ва пуршараф аст. Амаки падарам Муродбек Алиев корманди прокуратура буданд. Солҳои зиёд дар вазифаҳои прокурори ноҳияҳои Рӯдакӣ, Данғара ва вилояти Кӯлоб кор карданд. Аз ҳамон вақт дар дили ман ба ин касб меҳр пайдо шуд. Падарам Ҳаким  Мирзовалиев муаллим буданд ва мехостанд, ки ман соҳаи  дигарро интихоб кунам. Аз ин хотир дар ибтидо факултети таърихро хатм кардам, вале чун дилам ба соҳаи ҳуқуқшиносӣ моил буд, хонда ҳуқуқшинос шудам. Адвокатиро соли 2000-ум, дар ширкати байналмилалӣ – ҳуқуқии «Контракт» шурӯъ намудам. Баъдан, Созмони «Адвокатҳои ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ташкил ва адвокатҳои зиёдро сарҷамъ намудам. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ, дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» саҳм гузоштам. Он соли 2015 қабул шуд. Ҳамон сол аввалин Анҷумани Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва қариб 300 адвокат аз шаҳри Душанбе бандаро якдилона раиси мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе интихоб намуданд.

- Барои фаъолияти озоди адвокатҳо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳаманд?

- Бо шарофати сиёсати бунёд­коронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар орому осуда аст, ки ин барои фаъолияти озод аз ҳама муҳим мебошад. Заминаи ҳуқуқӣ низ фароҳам аст ва ягон мушкил вуҷуд надорад. Танҳо дар шаҳри Душанбе 13 коллегияи адвокатҳо, 2 машваратхонаи ҳуқуқӣ ва наздик ба  65 дафтари адвокатҳо мавҷуд аст, ки дар онҳо қариб  300 адвокати касбӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, 91 адвокат-коромӯз дар коллегияҳои адвокатӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд.

Аз ҷониби адвокатҳои мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соли 2018 ба 11 990 нафар маслиҳат дода шудааст, ки ин нишондод нисбат ба як  соли пеш 5780  адад зиёд мебошад. Аз ин шумора 11 130 нафар маслиҳати ройгон гирифтаанд.  Айни замон сафи адвокатҳо дар шаҳри Душанбе вобаста ба гузаштан аз имтиҳони тахассусӣ дар ҳоли афзоиш аст.

- Сатҳи дониши ҳуқуқии мардум аз назари шумо дар кадом поя қарор дорад?

- Нисбат ба солҳои пеш маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар боло рафтааст, аммо дар ин бобат корҳои фаҳмондадиҳӣ — омӯзиширо боз ҳам вусъат додан лозим аст. Дар кишварҳои хориҷӣ адвокат дар ҳар соҳа паҳлуи мардум аст. Оилаҳо ва ширкатҳо адвокатҳои худро доранд. Онҳо пеш аз ҳалли ин ё он мушкил аввал бо адвокат маслиҳат мекунанд. Дар мо ҳам бояд эътимоди мардум ба адвокат барқарор карда шавад.

- Сифатҳои хоси адвокат кадомҳоянд?

- Адвокат қонунҳоро бояд мӯшикофона омӯзад ва таҳлил намояд. Вай бояд равоншинос, сухандон, забондон, ботамкин, кунҷкоб, дурбин ва дар роҳи ҳақ устувор бошад. Пайваста омӯзад ва ҳамқадами замон бошад.

- Барои адвокат таъмини адолат муҳим аст ё ҳимояи манфиатҳои нафари зери ҳимояаш?

- Вақте адвокат бо зерҳимояаш аҳд мебандад, мефаҳмонад, ки ба ӯ ёрии ҳуқуқии касбии баландихтисос мерасонад.  Адвокат ҳақ надорад, ки аз ҳимоя даст кашад. Новобаста аз дараҷаи ҷиноят, миллат, забон, ранги пӯст адвокат вазифадор аст, ки зерҳимояашро дифоъ намояд. Ин вазифаи муқаддаси ӯст. Аммо, ба ҳар сурат адл ва адолат муҳимтар аз ҳар аҳду паймон аст.

- Кадом воқеа ё парванда дар хотиратон нақш бастааст?

- Парвандаи аввалин. Чанд нафарро ҳимоя мекардам ва ҳама аз толори суд озод шуданд. Шодии онҳоро ҳадду канор набуд. Итминон пайдо кардам, ки адолат ҳаст ва агар кӯшиш намоед, он ғалаба хоҳад кард.

- Агар бори дигар имконияти интихоб пеш ояд, боз адвокат мешавед?

- Шояд коргардон мешудам, зеро пас аз хатми мактаби миёна ба ин пеша низ шавқи зиёд дош­там ва чанде дар киностудияи «Тоҷикфилм» фаъолият намудам. Бо Бахтиёр Худойназаров ҳангоми банаворгирии филми «Братан» кор кардам. Он филм соҳиби 11 мукофоти байналмилалӣ шуд. Бо коргардон Бақо Содиқ филми «Ҷосус» ва коргардони Шветсия Маҳдӣ Умед филми «Тунел»-ро ба навор гирифтем. Баъди воқеаҳои солҳои 1992-1997 ба касби адвокатӣ рӯ овардам. Аммо ҳоло ҳам бо баъзе коргардонҳо ва эҷодкорон ҳамкорӣ мекунам, филмнома менависам. Фориғ аз кор, баъзан шеър эҷод мекунам. Ба оҳангҳои ҳофизи ҷавон Парвиз Назаров суруд менависам. Хуллас, кӯшиш мекунам бо ин восита рӯҳу равонамро ором намоям.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»