Тақвим

Моҳи ҷашнҳои Конститутсия, Парчам ва Президент

№134 (4084) 05.11.2019

Дар моҳи охири фасли тирамоҳ мо — сокинони мамлакат ҷашнҳои бузург — рӯзҳои Конститутсия, Парчам ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.

Расо 25 сол қабл, 16 ноябри соли 1994, дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолияти кишвар маҳсуб меёбад, қабул гардид.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин гуфтаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Конститутсияи кишвари мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, ба панҷгонаи конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон шомил аст. Соли равон Рӯзи Конститутсия аҳамияти хоса касб намуд. Ба ифтихори ҷашни 25 — солагии он бо ибтикори  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид. Тибқи қонуни мазкур беш аз 20 ҳазор шахсе, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо менамоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод шуданд.

16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид ва дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар асоси интихобот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.

15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид намуданд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қабул гардид.

Ҷашни дигари муҳим дар ин моҳ  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки яке аз рамзҳои Истиқлолияти давлатии кишвар маҳсуб ёфта, 24 ноябри соли 1992 қабул гардидааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  соли 2009-ум 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун иди расмӣ таҷлил мегардад.

Мавлуди Паёмбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) , ки рӯзи 12-уми моҳи сеюми Рабеъ — ул — аввал (10 ноябр) ҷашн гирифта мешавад, ҷашни дигари моҳ аст.  Бояд гуфт, ки ин ҷашн бори нахуст 300 сол пас аз реҳлати Ҷаноби Расули акрам (с) қайд карда шудааст.

Дар моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ, ҳамчунин, рӯзҳои театри тоҷик (7ноябр) ва  милитсия (10 ноябр) таҷлил мегарданд.

Дар тақвими ҷаҳонӣ низ ҷашнҳо зиёданд. Дар рӯзи нахустини моҳи ноябр Рӯзи байналмилалии веган қайд мегардад. Вожаи «веган» шакли кӯтоҳшудаи «вегетариан» — торикуллаҳм аст. Веганиҳо одамоне мебошанд, ки куштору забҳи ҷонваронро гуноҳ медонанд ва аз истеъмоли гӯшт, тухм ва шири ҷонварон даст кашидаанд.

2 ноябр Рӯзи умумиҷаҳонии мардҳо ҷашн гирифта мешавад. Вале ҳадаф аз ин рӯз  туҳфа ва хурсандиҳо кардан нест. Ҳадаф басо ҷиддӣ ва илмист. Ташаббускорони ин ҷашн чунин мешуморанд, ки мағзи мардон ҳамеша зери фишори тестостерон қарор дорад, ки боиси асабоният ва баъзан ситамкории эшон мегардад. Дар ин замина, мардҳо бештар ба бемориҳои дил, сактаи мағзӣ ва бемориҳои дигари вазнин гирифтор мешаванд. Ташаббускорони таҷлили рӯзи мардҳо пешниҳод намуданд, ки барои худдорӣ аз ҷабру ситам ва «бидуни истифодаи қувва ва зӯроварӣ дигаргун сохтани ҷаҳон» мардро ҳавасманд кардан зарур аст. Ин пешниҳод аз ҷониби роҳбарияти шуъбаи  Созмони Милали Муттаҳид дар Вена ва магистрати ин шаҳр пазируфта, ҷоизаи марди беҳтарин низ таъсис дода шуд. Рамзи ҷоиза муҷассамаи «Мутафаккир» — и Роден интихоб гардид.

Ҷоизаҳо  то соли 2006 супорида мешуданд. Онро собиқ Президенти Лаҳистон Лех Валенса, ҳунармандон Пол Маккартни, Лучано Паваротти, Майкл Ҷексон, нухбагон Тед Тёрнер, Ричард Брэнсон, актёрҳо Майкл Дуглас, Ален Делон, Морган Фримен ва Папаи Рим Иоанн Павели II соҳиб гардидаанд.

Чанд рӯзи моҳи ноябр моро ба ахлоқу одоби хуш, салом додан, шафқату некукорӣ, таҳаммулпазирӣ ва барҳам задани хушунат талқин менамоянд. Ташаббускорони Рӯзи умумиҷаҳонии салом (21 ноябр) зарур будани муоширатро таъкид намуда мегӯянд, ки ҳар гуна гуфтугӯро бояд бо салом оғоз намуд. Ҳадаф аз рӯзҳои умумиҷаҳонии некукорӣ (13 ноябр) ва шафқат (28 ноябр) аз номашон маълум аст. Ҷашни дуюм бо пешниҳоди шоир, журналист ва ходими ҷамъиятии Хиндустон Притиш Нанди қабул шудааст. 16 ноябри соли 1995 давлатҳои узви ЮНЕСКО Эъломияи принсипҳои таҳаммулпазириро қабул намуда буданд ва пас аз як сол ин рӯз ҳамчун Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ таҷлил гардид. Ҷашн гирифтани рӯзҳои байналмилалии нобиноён (13 ноябр) ва кӯдакони норасид (17 ноябр) низ рамзӣ буда, аз мо даъват менамоянд, ки бештар ғамхор бошем.

Ҷашнҳои  алоқаманди соҳаи тандурустӣ — рӯзҳои умумиҷаҳонии мубориза бо пневмания-илтиҳоби шуш (12 ноябр), диабети қанд (14 ноябр), бемориҳои музмини шуш (20 ноябр), Рӯзи байналмилалии логопед (14 ноябр) ва Рӯзи даст кашидан аз тамоку (21 ноябр) низ ба мафҳумҳои шафқат ва ғамхорӣ робитаи бевосита доранд. Рӯзи байналмилалии мубориза барои барҳам задани хушунат дар муносибат бо занҳо (25 ноябр) мардҳоро ба ғамхор будан нисбат ба бонувон ҳидоят менамояд.

Ноябрро моҳи ҷавонон низ номидан мумкин аст. Дар ин моҳ Рӯзи умумиҷаҳонии ҷавонон (10 ноябр), Рӯзи байналмилалии донишҷӯён (17 ноябр) ва Рӯзи писарон (22 ноябр) ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин, муҳосибон (10 ноябр), кормандони телевизион (21 ноябр) ва куҳнадӯзон (26 ноябр) иди касбиашонро таҷлил менамоянд.

Ду ҷашни аҷиби дигар низ дар ин моҳ қайд карда мешавад: 11 ноябр — Рӯзи умумиҷаҳонии «шопинг» (харид кардан) ва 29 ноябр — Рӯзи умумиҷаҳонии даст кашидан аз бозорӣ кардан. Яке муқобили дигар. Барои шумо кадоме аз ин ҷашнҳо писанд аст, ҳамонро метавонед интихоб намоед. Бигзор дар ин моҳ комёбӣ ҳамсафари доимии шумо бошад.

 

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»