Акси садо

Мо низ ҷонибдорем

№11 (3961) 26.01.2019

Дар шумораи № 148-уми рӯзномаи «Садои мардум» аз 11 декабри соли 2018 мақолаи рӯзноманигор М. Қулов таҳти унвони «Зеристгоҳи барқӣ зарур аст» чоп шудааст, ки зарурати бунёди зеристгоҳи барқиро дар деҳоти «Урметан», ҷиҳати бо барқ таъмин намудани аҳолии он ва деҳаҳои Куму Хайрободи деҳоти «Дар-Дар» ба миён гузоштааст.

Дар ҳақиқат, мавзӯи ба миёнгузошта саривақтӣ мебошад, зеро бо сабаби тӯлонӣ будани хатти мавҷуда талафоти барқ зиёд шуда, шиддатнокӣ паст аст. Бо ҳамин сабаб, дар деҳаҳо асбобҳои рӯзгор дар сатҳи зарурӣ кор намекунанд.

Мо — сокинони деҳаҳои Кум ва Хайробод низ пешниҳоди мазкурро дастгирӣ менамоем ва умед дорем, ки дар партави дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ШХСК «Барқи Тоҷик» ва дигар ташкилотҳои дахлдор дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамоянд.

 

П. Ҷӯраев, А. Соатов, А. Гулов, Ҳ. Бадалов.

ҷамъ, беш аз 100 имзо