Модарон инсонҳои қимат ва азизу муътабаранд

№30 (4136) 07.03.2020

нав Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон 2020 (1)Суҳбат бо раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон

- Нахуст Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, дар шахси Шумо ба занону модарони ҷумҳурӣ саломативу хушбахтӣ орзумандем.

- Ташаккур. Ман ҳам аз фурсат истифода бурда, модарону бонувони азизи кишварро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, барояшон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

- Мақоми занонро дар арсаи сиёсат чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Занони даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо дар сиёсат, балки дар ҳама соҳа мақоми шоистаро соҳибанд. Бахусус, нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташвиқу тарғиби пойдории оилаи солим ва ҷомеаи солим, иштироки онҳо дар мураттаб ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ҳалкунанда мебошад. Ҳукумати мамлакат ҳам ҷиҳати дастгирии занон тадбирҳои зиёде меандешад. Маҳз дастгирӣ ва ғамхориҳои Давлату Ҳукумати кишвар аст, ки ҳоло шумораи умумии занон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба 4407 нафар ё 23,3 дарсад расидааст. Алҳол аз ҷумлаи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда 1047 нафар (18,5 фоиз) кору фаъолият доранд. Аз ҷумла, ба сифати муовини Сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазир (ду нафар), раиси кумита (се нафар), раиси шаҳр (ду нафар) ифои вазифа менамоянд. Ҳамчунин, дар ҳама вазорату идора яке аз муовинон зан аст. Дастгирӣ ва тадбирҳои мунтазами роҳбарияти олии кишвар буд, ки ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ низ номзадии шумораи зиёди бонувон пешниҳод гардид.

Дар марҳилаи кунунии пешрафти мамлакат ба фаъолияти занон дар бахшҳои иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Ҳамин аст, ки ҳоло шумораи заноне, ки дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ фаъолият доранд, 67 фоиз, фарҳанг — 51 ва маориф ва илм беш аз 70 фоизро ташкил медиҳад.

Шумораи олимон аз ҳисоби занон сол то сол зиёд шуда истодааст. Айни замон 116 нафар доктор ва 1124 нафар номзади илм мебошанд. Аз ин шумора 15 нафар доктор ва 133 нафар номзади илмҳои дақиқанд.

Илова бар ин, бо ибтикори созандаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 бо мақсади ҷалби ҷавондухтарон ба ҳама зинаи таҳсилот ва ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҷомеа Квотаи президентӣ таъсис дода шуд. Ҳоло беш аз 3520 нафар духтар дар муассисаҳои олии дохили кишвар ва 677 нафар дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил менамоянд.

Дар соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорӣ низ саҳми занону духтарон назаррас аст. Аз шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар ҷумҳурӣ 172 668 ададро ташкил медиҳанд, 32203 ададашро занон роҳбарӣ мекунанд.

- Чун шумо қаблан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон будед, мегуфтед, ки ҳуқуқу манфиатҳои занонро дар ҷумҳурӣ алҳол кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳимоя мекунанд?

- Масъалаи таъмини ҳуқуқи занону модарон ҳаргиз аз мадди назари Ҳукумати мамлакат дур намондааст ва минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Бо мақсади боло бурдани мавқеи занон ва нақши онҳо дар татбиқи сиёсат ва идоракунии давлатӣ, ки аз сиёсати созанда ва некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, дар солҳои соҳибистиқлолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҳия ва тасдиқ гардиданд. Чунончӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 қабул гардид, ки дар заминаи он ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба самти фаъолияти занону бонувон, таъмини баробарии гендерӣ дар кишвар чанд қонун, барномаву стратегия ва консепсия ба тасвиб расид. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2014-2023» ва «Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расиданд, ки иштирок ва фаъолияти назарраси занону бонувонро дар ҳама соҳаи хоҷагии халқи мамлакат таъмин менамоянд. Дар баробари ин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», «Конвенсия оид ба рафъи тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ва «Протоколи иловагӣ ба он», «Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ», «Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», «Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо», «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак», «Протоколи иловагӣ ба Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба фаъолияти бонизоми занону бонувон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо равона гардидаанд.

- Доир ба масъалаи татбиқи сиёсати баробарии гендерӣ чӣ назар доред?

- Хурсандиовар аст, ки дар кишвар низоми муайяни татбиқи сиёсати гендерӣ ташаккул ёфтааст ва ин имконият медиҳад, ки занон дар баробари мардон дар ҳама соҳаи ҳаёти ҷомеа иштироки бевосита дошта бошанд. Ҳоло ба назар мерасад, ки ҳузури онҳо дар идоракунии ҷомеа афзуда истодааст ва ин далели возеҳи татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар ­масъалаи баробарии гендерӣ маҳсуб мешавад. Бамаврид аст хотиррасон кунем, ки Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди сиёсати гендерӣ ба он хотир ибрози ақида намуданд, ки таъсиси ниҳоди махсуси давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ дар кишвар иқдоми муҳими замон аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2019) зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» чораҳои зарурӣ андешида, шумораи бештари занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ пешбарӣ менамояд.

- Дар интиҳо мехоҳам, андешаатонро доир ба шахси аз ҳама қимат барои инсон – Модар ва олиҳаи зиндагӣ — Зан баён доред, то ки рӯҳияи идона доштани суҳбат фаромӯш нашавад.

- Дар ҳақиқат, модарон инсонҳои қимат ва азизу муътабаранд. Ҷолибу дилписанд аст, агар табиатро бо чашми модар бубинем, зеро дар чашмони модарон танҳо меҳрубонӣ, навозиш ва раҳму шафқат намудор аст, ки аз қалбҳои бузургашон бармеояд. Модарон сифатҳои офарандагӣ, бахшандагӣ ва ҳимматбаландӣ доранд, ки бешак, сифатҳои Илоҳианд. Худфидоӣ низ хоси модарон аст.

Инчунин, зани соҳибмаърифату соҳибҳунар дар пешбурди ҳадафҳои ҷомеа саҳмгузор аст ва дар раванди созандагӣ бо шавқу майли тамом ширкат меварзад. Ӯ ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбиятгар, тамаддунсозу посдоранда ва офарандаву интиқолдиҳанда ҷуръати бештар дорад. Бо итминони комил гуфта метавонам, ки бонувон минбаъд ҳам дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзанда гузошта, дар болоравии сатҳи зиндагии мардум беш аз пеш талош мекунанд.

М. Усмонов, «Садои мардум»