Модарон зидди силоҳ ва маводи мухаддир

№ 08.11.2018

Дар толори бинои МИМҲД-и шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Бонувон — ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ҳамоиши модарон баргузор шуд, ки дар он иштирокдорон мавқеи қотеонаи хешро бар зидди силоҳ ва маводи мухаддир, амалҳои дигари ҷиноӣ, ки боиси эҷоди ноамнӣ дар минтақа шудааст, иброз доштанд.

Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода гуфт, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои истиқлолият дар мамлакат пешравиҳои зиёд ба амал омаданд. Аз ҷумла, бонувони тоҷик дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии кишвар ҷойгоҳи сазовор пайдо намуданд.

Дар солҳои 2013 — 2018 аз манбаъҳои маблағгузорӣ барои тараққиёти вилоят ва таъмини зиндагии шоистаи мардум зиёда аз 4 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Яъне, ВМКБ ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти олии кишвар қарор дошт ва дорад. Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат аст, ки сокинони вилоят бо шукргузорӣ ба ҳаёти осоишта ва созанда машғуланд. Вале, вақтҳои охир амалҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ боиси ноором гардидани авзоъ дар шаҳри Хоруғ гардиданд, ки хеле нигаронкунанда аст.

- Дар чунин шароит бетарафӣ баробар ба бешарафист ва ҳамоиши имрӯза баёнгари он аст, ки занони Бадахшон чун неруи муташаккили сиёсӣ ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва бар зидди силоҳу мухаддирот ва ҷинояткорӣ ҳастанд, — афзуд Н. Амирбекзода.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД- и вилоят Подшоҳхоним Абдураҳмонова мавҷудияти силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, паҳншавии нашъамандӣ ва бемории вируси норасоии масунияти одамро омили асосии эҷоди хатар ва нооромӣ дар ҷомеа арзёбӣ намуда, зикр кард, ки Пешвои миллат барҳақ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ зарурати пурзӯр намудани мубориза бо амалҳои зиштро таъкид намуданд. Ӯ афзуд, ки маҳз раҳмдилии модарон нисбат ба фарзандон боиси густариши аъмоли ҷиноӣ дар маркази вилоят шудааст. Бетарафӣ ба он оварда расонд, ки аз ҷониби фарзандону бародаронамон бо истифодаи силоҳ ҳодисаҳои куштори одамони бегуноҳ рух доданд. Шумораи ҷавонони нашъаманд бошад, дар Хоруғ рӯз ба рӯз меафзояд. Ба хотири манфиати шахсӣ гурӯҳҳои махсус аз шароити мусоид истифода мебаранд ва амниятро на танҳо дар ВМКБ, балки дар Тоҷикистон зери хатар мегузоранд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Арамбегим Маҳтобшоҳзода низ аз таваҷҷуҳи нокифояи волидон ба тарбияи фарзандон ва заъфи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори нигаронӣ намуд. Номбурда гурӯҳҳоеро, ки дар даст силоҳ доранд ва ё бо мухаддирот сарукор мегиранд, муҷиби асосии бадбахтӣ дар ҷомеа ҳисобида, занону модаронро даъват намуд, ки дар мубориза барои бартараф намудани аъмоли ҷиноӣ муттаҳид бошанд. Вай таъкид кард, ки айни ҳол вобаста ба вазъи Хоруғ ҳар гуна овозаҳои беасос паҳн мегарданд ва сокинони шаҳр бояд ба дурӯғпароканиҳои ашхоси манфиатҷӯ ва низоъандоз бовар накунанд. Тақдири худро ба дасти дигарон насупоранд. Мо бояд барои пойдории зиндагии осоишта ва сулҳу амният якҷоя кӯшиш кунем.

Муовини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Қиматгул Алибердиева иброз дошт, ки рафтори нохалафонаи гурӯҳҳои ҷиноӣ борҳо боиси ба гирдоб кашидани сокинони шаҳр гардидааст, вале ман бовар дорам, ки бо талоши неруҳои солими ҷомеа, ки занон бахши бузурги он ҳастанд, халъи силоҳ дар Бадахшон пурра амалӣ мешавад ва вазъи баамаломада бо роҳи мусолиматомез ба эътидол меояд.

Дар анҷом иштирокчиён чун ҳалқаҳои як занҷир даст ба даст гирифта, бо нидоҳои «Нест бод силоҳ! Нест бод маводи мухаддир! Хоруғи бе силоҳ ва бе маводи мухаддир! Зинда бод сулҳ!» ҳамраъйиашонро ба сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва бар зидди амалҳои зишти ҷиноӣ иброз доштанд.

Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»