Молу маҳсулоти Беларус талабгори зиёд дорад

№51 (3197) 20.05.2014

Сенздаҳуми майи соли равон дар толори  меҳмонхонаи «Тоҷикистон» муаррифии иқтидори  саноат ва сармоягузории Ҷумҳурии Беларус ва вохӯрии доираҳои тиҷоратии Беларус ва Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон  ташкил шуд.  Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон  Асаналӣ Карамалиев ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук аз муносибатҳои дуҷонибаи дӯстонаи кишварҳои Тоҷикистону Беларус ёдовар шуда, зикр карданд, ки молу маҳсулоти истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон васеъ истифода мешавад. Роҳбари ҳайати соҳибкорони Беларус Татяна Дубова  изҳор дошт, ки молу маҳсулоти истеҳсоли кишвараш дар қаламрави ИДМ талабгори зиёд дошта, ба Тоҷикистон аслан техникаҳо барои  хоҷагии қишлоқ ва сохтмони НБО-ҳо, инчунин мебел, содирот мешавад. Номбурда ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳозирин муаррифӣ намуд ва роҳбарони корхонаҳои Ҷумҳурии Беларус доир ба  фаъолияти фабрикаву заводҳояшон  маълумот доданд.

Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода, ки ҳамзамон роҳбари тоҷикистонии Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Беларус мебошад,  аз маҳбубияти хоси тракторҳо, автомобилҳои боркаши «БелАЗ» ва мебели истеҳсоли Беларус дар Тоҷикистон таъкид намуд. Бино ба гуфти номбурда, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус алюминий, пахта ва мева содирот мешавад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»