Пайгирии мушкилот

Муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи маъмулист, на «абзор» барои «сиёҳкунӣ»-и Ҳукумат

№15 (3316) 02.02.2015

Мушоҳида мешавад, ки баъзе ашхос ва гурӯҳҳои алоҳида, бинобар наёфтани ҷурми дигар, мавҷудияти муҳоҷирати меҳнатиро ҳамчун василаи ғайриқаноатбахш арзёбӣ намудани фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ истифода  менамоянд

Ҳамагон бояд дарк намоем, ки дар ҷаҳони муосир муҳоҷирати меҳнатӣ  падидаи  маъмулӣ маҳсуб ёфта, ҳатто дар давлатҳои пешрафтаи олам низ роиҷ аст. Барои мисол, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Халқии Хитой низ, ки ду кишвари абарқудрати ҷаҳони муосир маҳсуб меёбанд, муҳоҷирати меҳнатӣ раванди доимист. Яъне, шаҳрвандони ин кишварҳо дар дигар давлатҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва ин равандро чун падидаи маъмулӣ эътироф ва қабул кардаанд. Мутаассифона, дар кишвари мо сарфи назар аз иқдомоти басомонрасида, баъзе коршиносони ба ном мустақил ва гурӯҳҳои алоҳида  мавҷудият ва густариши муҳоҷирати меҳнатиро таври муғризона ва дар заминаи далелу арқоми аз ҳақиқати воқеӣ  фарсахҳо дур ба риштаи таҳлил кашида, бо ин рафтори худ аҳли ҷомеаро то андозае гумроҳ менамоянд. Табиист, ки дар ҷаҳони муосир ягон кишвари олам, ҳатто давлатҳои мутараққӣ қодир нестанд, ки кулли шаҳрвандони худро бо ҷойи кори муносиб ва ба тамоми талабот ҷавобгӯй таъмин намоянд. Аз ҷониби дигар, раванди ҷаҳонишавӣ имкон фароҳам овардааст, ки  инсон сарфи назар аз миллат ва нажод дар дилхоҳ гӯшаи олам кору зиндагӣ намояд. Дар ҷаҳони имрӯза муҳоҷирати меҳнатӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ мубаддал гашта, мутобиқи маълумот ва дурнамои Созмони Милали Муттаҳид шумораи муҳоҷирон, ки то соли 2010 ҳамагӣ 214 миллион нафарро ташкил медод, дар соли 2050 ба 405 млн. нафар мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Бинобар афзоиши бемайлони аҳолӣ дар ҷумҳурӣ, ки  ҳамасола зиёда аз ду фоизро ташкил медиҳад,  бозори меҳнати дохилӣ талаботи ҳамаи қувваҳои кориро қонеъ карда наметавонад.  Аз ин рӯ,  қисме аз қувваҳои кории ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатии муваққатӣ  мераванд. Имрӯзҳо  аз поймол шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷ, алалхусус дар Федератсияи Россия бонги изтироб мезананд. Вале хеле кам мегӯянд, ки  аксари маврид  маҳз огоҳии комил надоштани шаҳрвандон аз қонунгузории кишвари будубош, дидаву дониста риоя накардани талаботи мавҷуда ва надонистани забони давлатии кишваре, ки ба он ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, боиси мавриди чораандешӣ қарор гирифтани  муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад. Мисолҳои зиёд мавҷуданд, ки агар шаҳрванд  талаботи зикргаштаро таври бояду шояд риоя намояду забони давлатии он мамлакатро балад бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ мувоҷеҳи мушкилот нахоҳад гашт.  Риоя накардани қонунгузории кишвари будубош  боиси рух додани ҳолатҳои зиёди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони мо дар Федератсияи Россия гардидааст. Мутобиқи маълумоти мақомоти дахлдори Федератсияи Россия зиёда аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории Федератсияи Россия муайян шудаанд, ки баъди бозгашт ба Ватан дубора ворид гардидани онҳо ба Федератсияи Россия ба муддати аз се то панҷ сол манъ шудааст. Мавриди зикр аст, ки чунин ҳолат танҳо хоси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, муҳоҷирони меҳнатии дигар давлатҳо низ дар чунин рӯйхати мақомоти Федератсияи Россия ворид карда шудаанд.

Дар ҳамин радиф, бояд эътироф намоем, ки дар саргаҳи таъмину ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ на шахсиятҳои ба ном «дилсӯз», балки  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ба имзо расидани силсилаи фармонҳои Роҳбари мамлакат ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон далели возеҳи гуфтаҳои болост. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он будем, ки зимни сафарҳои Сардори давлат ба Федератсияи Россия ва кишварҳои дигар  як силсила ҳуҷҷатҳо ба имзо расиданд, ки онҳо марҳилаи сифатан  навро дар ин ҷода ҳусни оғоз бахшиданд.  Қобили зикр аст, ки бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ва ҳамкории бевосита бо онҳо тибқи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хадамоти муҳоҷират» дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохторҳои маҳаллии хадамоти муҳоҷират таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар  дода шудаанд, ки фаъолияти онҳо низ ба касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ ва забономӯзии онҳо нигаронида шудааст.Бояд зикр намуд, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Беларус дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ созишномаҳои байниҳукуматӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ин давлатҳо фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ба имзо расонидааст.

Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки  зиёда аз 90 фоизи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони  ҷумҳурӣ  ба Федератсияи Россия рост меояд. Бо дарназардошти ин ва бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон – шаҳрвандони кишварамон  дар ҳудуди Федератсияи Россия соли 2013 ду санади муҳими ҳуқуқӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо ҷониби Федератсияи Россия ба тасвиб расиданд, ки барои беҳсозии фаъолият дар ин самт заминаи асосӣ гузоштанд.Тибқи ин санадҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия ба муддати 15 рӯз аз бақайдгирӣ озод буда, муҳлати иҷозати кор ва будубоши онҳо аз як то се сол тамдид карда шуд. Илова бар ин, айни замон бо мақсади иҷрои Протоколи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 январи соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, лоиҳаҳои Созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва дар бораи ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират, бо дарназардошти мубодилаи иттилоот омода шудаанд, ки дар марҳилаи мувофиқа ва такмил қарор доранд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, солҳои охир бо мақсади батанзимдарории  муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия  дар қонунгузории ин кишвар  нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ин давлат фаъолияти муваққатии меҳнатӣ менамоянд,  як қатор талаботи нав ҷорӣ гардида истодааст. Бо дарназардошти он ки тибқи талаботи  қонунгузории Федератсияи Россия аз аввали соли 2015 муҳоҷирони меҳнатӣ бояд қабл аз гирифтани иҷозатномаи кор ё патент, сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россияро дошта бошанд, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳои мушаххас таҳия ва амалӣ шуда истодааст.Масалан, соли  сипаригашта дар 42  барномаи таълимии муассисаҳои таълимии системаи вазорат барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ ва нақшаҳои таълимии забони русӣ якмоҳа, думоҳа ва семоҳа, таҳия ва тасдиқ шуданд, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Зикр намудан зарур аст, ки барномаи таълимие, ки омода шудааст, бо барномаи таълимии Федератсияи Россия, ки барои дониши базавии муҳоҷирон омода гардидааст, мутобиқ мебошад. Барномаи таълимии мазкур, алҳол дар 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Норак, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Ёвон, Турсунзода, Варзоб, Ҳисор, Рӯдакӣ таври озмоишӣ барои муҳоҷирон амалӣ шуда истодааст. Ба ғайр аз Федератсияи  Россия дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар бо мақсади дар сатҳи байналмилалӣ  қарор  додани муҳоҷирати  меҳнатӣ давоми солҳои охир якчанд лоиҳаи созишномаҳо  бо давлатҳои хориҷи дуру наздик таҳия гардида, қисмате ба имзо расида, қисмати боқимонда дар марҳилаи баимзорасӣ қарор доранд.

Воситаҳои ахбори омма, ки  аз баъзе мушкилоти ҷузъии ин бахш ҳангома месозанд, мутаассифона оид ба иқдомоти амалишуда ва чораандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамватанонамон дар хориҷи кишвар «муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд».

Маълумот бобати теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ низ яксон нест. Барои мисол, баъзе коршиносони ба ном «мустақил» онро 1,5 – 2 миллион нафар арзёбӣ менамоянд. Зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон банда  оид ба ин масъала бо савол ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Тағойзода   Сумангул Саид муроҷиат намудам. Мавсуф дар посухи савол зикр намуд, ки мутобиқи натиҷаҳои баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони кишварамон ба хориҷи кишвар давоми соли 2014 аз ҷумҳурӣ 834058  шаҳрвандони кишварамон ба хориҷа сафар намуданд, ки аз ин 670860 нафарашонро  муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд.  Муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар ин муддат ба Федератсияи Россия -660947 нафар, Қазоқистон -7429,  Қирғизистон-1301 ва дигар давлатҳои  хориҷи дуру наздик 1121 нафар   сафар карданд.  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бисёриҳо зимни шарҳи масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ миёни ворид шудан ба ин ё он кишвар ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан фарқият намегузоранд.

Барои мисол, соли гузашта ба ҳудуди Федератсияи Россия зиёда аз  1 миллиону 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд. Вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки ҳамаи ин нафаронро муҳоҷирони меҳнатӣ арзёбӣ намоем. Зеро қисмати зиёде аз ин ашхос тариқи транзит ва бо мақсади анҷоми сафарҳои хизматӣ, дидори ёру дӯстон ва сайру саёҳат ба Федератсияи Россия сафар мекунанд,-муътақид аст Тағойзода Сумангул Саид.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки чунин хулосаҳои ғайримантиқӣ дар робита ба ҳаҷми маблағҳои аз хориҷи кишвар интиқолмегардида низ аз ҷониби як идда коршиносон баён мегардад. Мутаассифона, зимни ибрози андешаҳо кулли маблағҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолгашта мутааллиқи муҳоҷирони меҳнатӣ дониста мешавад. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ назаррас будани ҳаҷми маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатиамонро инкор карданӣ нестем, вале танҳо хоси муҳоҷирони меҳнатӣ  донистани  интиқоли маблағ мантиқан дуруст нест, зеро бо сабаби қариб аз  тамоми номгӯйи  андозҳо озод будани интиқоли маблағ аз ҷониби шахсони воқеӣ, соҳибкорону тоҷирон низ аз он васеъ истифода менамоянд.

Коршиносони масоили бонкӣ низ ин андешаро  тасдиқ  намуда,  минҷумла зикр  карданд, ки қисмати аъзами маблағҳои аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда  аз маблағҳои доираи соҳибкорони тоҷику хориҷӣ таркиб ёфтааст. Бонки марказии Федератсияи Россия  бо нишон додани ҳаҷми маблағҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолгардида ба муҳоҷирон тааллуқ доштани онҳоро низ махсус таъкид накардааст ва ягон далелу арқоми оморӣ, ки маҳз  аз ҷониби  муҳоҷирони меҳнатӣ интиқол шудани кулли  маблағҳоро собит намояд, мавҷуд нест. Ба доираи соҳибкорону дигар ашхос мутааллиқ будани як қисмати ин маблағҳо асос дорад, зеро ҳамарӯза тавассути бонкҳо ин қабил шахсон низ аз  хизматрасонии интиқоли маблағ истифода менамоянд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳаҷми ин гуна интиқолҳо аз он  маблағе, ки муҳоҷирони меҳнатӣ равон  менамоянд, бамаротиб зиёд аст. Дар ҳамин росто, қисми дигари иқтисодшиносон  бо ибрози  андешаашон бобати «аз маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ таркиб ёфтани 45 фоизи Маҷмӯи  Маҳсулоти Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардумро  гумроҳ мекунанд, зеро маблағҳое, ки аз ҷониби муҳоҷирон ба хонаводаашон интиқол  мегардад,  пайвандонашон онро асосан бо мақсадҳои истеъмолӣ истифода мебаранд, на баҳри афзун намудани Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ.

Мутаассифона, айни замон ҳисоби аниқи ҳаҷми  маблағҳои аз ҷониби муҳоҷирони  меҳнатӣ интиқолгардида мавҷуд нест. Маҳз ҳамин омил боис гаштааст, ки баъзе  коршиносон, бо истифода аз  нишондиҳандаҳои маҷмӯии интиқоли маблағҳо  ба ҷумҳурӣ, андешаҳои аз ҳақиқати воқеӣ дурбударо иброз намоянд. Сабаби асосии бамаротиб афзудани интиқоли маблағ тавассути бонкҳо аз хориҷа ба кишварамонро  масъулин аз андозбандӣ озод намудани чунин  маблағҳо медонанд. Бино ба гуфти коршиносон, солҳои  аввали соҳибистиқлолӣ аз чунин маблағҳо ҳудуди 30 фоиз андозҳои гуногун ситонида мешуд.

Дар маҷмӯъ, танҳо хоси  муҳоҷирони меҳнатӣ донистани  интиқоли маблағ аз ҷониби як идда коршиносон  далели бехабарии эшон аз  махсусиятҳои низоми бонкӣ ё дидаву дониста гумроҳ намудани ҳамватанон аст. Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз тадбирҳои амалишуда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ то ҳанӯз мушкилот мавҷуд аст. Барои мисол, то ҳанӯз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар Федератсияи Россия мақоми Намояндагиро соҳиб нест. Табиист, ки ин омил имкон намедиҳад, ки рисолати он дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ  гардад. Шарҳи ин масъаларо низ зимни нишасти матбуотии зикршуда аз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат Тағойзода Сумангул Саид пурсон шудам.

Бино ба гуфти мавсуф, айни замон лоиҳаи ҳуҷҷати дахлдор бобати додани мақоми Намояндагӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таҳия шуда, дар марҳилаи мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия қарор дорад. Сарфи назар аз ин омил, фаъолияти  намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Сафорат ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, таъмини онҳо бо ҷойи кор ва ҳал намудани дигар масъалаҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ равона карда шудааст. Кормандони намояндагӣ дар ҳашт шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия бо коллективҳои муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии муҳоҷирон ҳамкории мунтазам дошта, барои ҳалли мушкилоти онҳо пайваста мусоидат менамоянд.

-Бо дахолати кормандони Намояндагӣ дар ин муддат зиёда аз 24 миллион  рубли русӣ музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён барқарор ва пардохт карда шуд. Бо ташаббуси Намояндагӣ дар давоми  соли гузашта 71 қарорҳои судҳои ноҳиявии Федератсияи Россия нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуда,  манъи  воридшавии 30 нафар шаҳрвандони кишварамон ба Федератсияи Россия кушода ва  68 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ  карда шуданд. Бо мусоидати кормандони ин ниҳод соли 2014 зиёда аз 1975 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои Федератсияи Россия бо кор таъмин гардиданд. Ҳамчунин Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират мунтазам маълумоти  таҳлилиро дар бораи вазъи  бозори меҳнат, талабот ба касбу ихтисосҳо ва ҷойҳои кории холиро дар Федератсияи Россия ба сохторҳои дахлдори вазорат пешниҳод менамояд,- гуфт вазир.

Дар маҷмӯъ, омӯзиши масъалаи фавқуззикр маълум сохт, ки дар ҷаҳони муосир муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи маъмулӣ маҳсуб ёфта, истифодаи он аз ҷониби ашхос ва гурӯҳҳои алоҳида ҳамчун «абзор» -и «сиёҳкунӣ» -и Ҳукумат мақоли халқии «дарди кампир ғӯза» -ро ба ёд  оварда, бинобар наёфтани айби дигар «думи сагатон каҷ» -гуфтанро шабеҳ аст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»