Муҳоҷирон «бачаи ӯгай» нестанд…

№37 (3183) 15.04.2014

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имконоти мавҷуда дар заминаи ривоҷи ҳамкориҳои  ҳасана бо мамолики хориҷ  барои муҳоҷирони меҳнатӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Далели ин гуфтаҳо санаи дуюми апрели соли равон аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин  имзо  гардидани Қонуни  федеролӣ  дар бораи  тасвиби Протоколи  иловагӣ ба Созишномаи  моҳи  марти соли 2013 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия  имзогардида маҳсуб  меёбад.  Дар заминаи ин иқдом, аз ин пас муҳоҷирони тоҷик имкон пайдо менамоянд, ки барои муҳлати то се сол дар ҳудуди Федератсияи Россия иҷозатномаи  кор дастрас намоянд. Гуфтан бамаврид аст, ки пештар ин муҳлат ҳамагӣ як солро дар бар мегирифт. Ин омил шароит фароҳам меорад, ки  вазъи будубоши муҳоҷирон дар кишвари фавқуззикр беҳбуд ёфта, ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо бояду шояд ҳимоя гардад.

Ёдовар мешавем, ки  Протоколи мазкур моҳи марти соли равон аз ҷониби ҳар ду палатаи парлумони Федератсияи Россия қабул ва ҷонибдорӣ гардида буд ва акнун,  баъди имзои В.Путин, мавриди амал  қарор гирифт.  Дар асоси як созишномаи дигар аз ин пештар муҳоҷирони  тоҷик ҳамчунин имкон пайдо намуда буданд, ки  ҳаққи сукунат барои 15 рӯз бидуни сабти ном дар Федератсияи Россияро пайдо намоянд.  Дар ҳамин росто, худи ҳамон рӯз, яъне, дуюми апрели соли равон, парлумони Ҷумҳурии Беларус низ  лоиҳаи қонунеро ба тасвиб расонид, ки  дар асоси он шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва баръакс,  бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Ин санад ба мақомоти марбутаи кишварҳои фавқуззикр  заминаи қонунӣ фароҳам меорад, ки  фаъолияти хешро дар самти  таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор  ҳамоҳанг созанд.  Далелу арқоми мавҷуда шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба беҳбуд бахшидани вазъи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ «бачаи ӯгай» ( ҳамон тавре ки баъзе ба ном коршиносон мегӯянд) набуданду нестанд ва намешаванд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»