Муҳоҷирони меҳнатӣ муштоқи мулоқот бо вакилонанд

№92 (4042) 30.07.2019

МУТМусоҳиба бо раиси Ташкилоти ҷамъиятии зодагони Тоҷикистон «Умед», муовини раиси «Ассамблеяи халқҳои Россия» Мутрибшо Мирзоев

Мутрибшо Мирзоев 15 сентябри соли 1960 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳаш, соли 1981 таҳсилро дар омӯзишгоҳи №20-и шаҳри Горкий (ҳоло Нижний Новгород), сипас дар техникуми авиатсионии шаҳри Горкий идома медиҳад. Вай, ҳамчунин хатмкардаи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия мебошад.

Соли 2008 Мутрибшо Мирзоев раиси Ташкилоти ҷамъиятии зодагони Тоҷикистон «Умед» интихоб ва то ҳол ин вазифаро ба дӯш дорад. Ҳамзамон, узви Шӯрои назди губернатори Нижегород оид ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, узви Шӯрои машваратӣ оид ба сиёсати муҳоҷирати Раёсати федералии муҳоҷирати Россия дар вилояти Нижегород мебошад.

- Мутрибшо Юсуфшоевич, чӣ боис гардид, ки шумо баъди хатми мактаби миёна ба Россия омадед ва то ҳол дар ин ҷо зиндагӣ мекунед?

- Вақте дар Тоҷикистон мактаби миёнаро хатм кардам, фаҳмидам, ки ҷавононро Ҳукумати Тоҷикистон ба Россия барои таҳсил дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ равон мекунад. Он вақт Тоҷикистону Россия дар ҳайати кишвари абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Ҳамин тавр, номнавис шудам ва як гурӯҳ ҷавонон таҳти роҳбарии котиби ҳамонвақтаи Кумитаи комсомоли ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров (ҳоло Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба шаҳри Горкий омадем. Яъне, ин марди шариф роҳбалади ман дар шоҳроҳи зиндагӣ гардид, ки аз он кас хеле миннатдорам. Хуллас, ман дар шаҳри Горкий ихтисоси харротӣ ва самолётсозиро аз худ карда, то соли 1993 дар Корхонаи авиатсионии ба номи С. Орҷоникидзе ба ҳайси коргар ва устои сехи механикӣ кор кардам. Баъдан фаъолияти меҳнатиам солҳои 1995-2009 дар Палатаи савдо ва саноати «Галина», ширкатҳои «Зареченское» ва «Шервуд» идома ёфт. Ҳамин тавр, шаҳрванди Россия шудам. Оиладорам, бо ҳамсарам Олга Александровна Мирзоева соҳиби ду фарзанд ҳастем. 40 сол боз дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунам, вале қалбам, ҳушу ёдам ҳамеша бо Тоҷикистон аст.

- Дар Нижний Новгород чанд нафар зодагони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва бештар бо кадом масъалаҳо ба шумо муроҷиат менамоянд?

- Дар вилоят беш аз 20 ҳазор тоҷикис­тонӣ ҳастанд. Масъалаҳое, ки муроҷиат мекунанд, гуногунанд. Масалан, барои таҳияи ҳуҷҷатҳо мушкилӣ мекашанд, кор мекобанд, дар ҷойи корашон бо онҳо муомилаи дуруст намекунанд ва ҳаққи заҳматашонро намедиҳанд. Ва ё ҳангоми ба Тоҷикистон баргаштан масъалаи дарёфти чипта барояшон мушкил аст. Инро ба назар гирифта, нуқтаи чиптафурӯшӣ ташкил кардем. Яке аз масъалаҳои мушкил депортатсияи ҳамватанон аст. Ин бояд дар сатҳи ҳукуматҳо ҳал шавад.

- Дар бораи Ташкилоти ҷамъиятии «Умед» чӣ назар доред?

- Нахуст мехоҳам қайд кунам, ки аз таъсиси он даҳ сол пур шуд. Дар ин муддат корҳои зиёд анҷом додем. Ташкилоти моро дар мақомоти давлатии вилоти Нижний Новгород медонанд. Чунки бо ҳама сохторҳои давлатию ғайридавлатии вилоят ҳамкорӣ дорем, дар маъракаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ иштирок менамоем. Бо ёрии онҳо ва ташкилоти миллии фарҳангии халқҳои дигари муқими Россия чорабинӣ мегузаронем. Ҳар сол Ҷашни байналмилалии Наврӯзро ботантана қайд мекунем, барои фарзандони намояндагони Тоҷикистон тамошои сирк, театру кино, консертҳоро ташкил карда, ба хона-интернатҳо ёрӣ мерасонем, чун анъанаи хуби тоҷикон ҳар сол дар фасли баҳор ҳашари ниҳолшинонӣ ташкил мекунем. Мавриди зикр аст дар гузаронидани чорабиниҳо ба мо ҳамватанонамон, махсусан соҳибкорон, ёрии калон мерасонанд.

- Боз чӣ пешниҳод ва ё гуфтание доред?

- Гуфтаниҳо зиёд аст, ман шахсан мехостам бароям чунин имконият даст диҳаду баъзе гапҳоро гӯям. Ташаккур ба шумо, ки моро хабар гирифтед ва аз ҳоламон пурсон шудед. Ин ҷо, яъне кишвари паҳновару бузурги Россия, қоидаю қонун ва тартиботи худро дорад. Менталитети мардуми худамон, расму одат, эътиқодамон фарқ мекунад. Хуб мебуд, ҳангоми ба муҳоҷирати меҳнатӣ омадан ин чизҳоро ба назар гиранд. Ман бисёр мехоҳам, ки ҳамватанон саводи хуб дошта бошанд, ҳуқуқҳои хешро донанд, забондон бошанд, то худро ҳимоя карда тавонанд, муомила кунанд ва корашон пеш равад. Бисёр ҷавонон аз Тоҷикистон дар техникуму мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд. Ҳангоми вохӯрӣ бо онҳо мушоҳида мекунам, ки ­бисёре аз онҳо дониши хуб надоранд, бинобар ин азоб мекашанд. Биёянд бачаҳои воқеан босавод, ба онҳо ҳаматарафа кумак мекунем. Зеро бо донишкадаю донишгоҳ ва техникуму коллеҷҳо ҳамкории хуб дорем.

Як хоҳиши дигар дорам аз вакилони мардумӣ, ки ба вилояти Нижний Новгород биёянд. Муҳоҷирон ва ҳамаи мо муштоқи дидор ва мулоқот бо онҳоем. Ҳамватанонамон бо заҳмати зиёд дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм мегузоранд, ба оилаю хешу табор маблағ мефиристанд. Ин хизмати кам нест. Аммо баъзан наметавонанд мушкилоташонро худашон ҳал намоянд, дар ҳалли баъзе аз масъалаҳо ташкилоти мо низ оҷиз аст. Барои тақвияти ин суханон мехоҳам ёдрас шавам, ки мунтазам аз Озарбойҷон ва Арманистон ходимони давлатӣ, вакилони мардумӣ, шоирону журналистон, санъаткорон меоянд. Онҳо бо ҳамватанонашон вохӯриҳо ташкил мекунанд, воситаҳои ахбори омма барнома пахш мекунанд, дар рӯзномаҳо мақолаҳо ба нашр мерасанд. Ба ростӣ, мо ҳавас мекунем ва орзу дорем, ки масъулони муҳтарами кишвар ва вакилони арҷманди мардумӣ, адибону журналис­тон, ҳунарпешагон биёянд ва дар расонаҳои хабарӣ Тоҷикистони азиз, мардуми сулҳпарвару заҳматкашамон бисёртар муаррифӣ шаванд.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Душанбе — Нижний Новгород – Душанбе