Муқовимат бо шиканҷа тақвият меёбад

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

Дар моддаи 18 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  чунин оварда шудааст: «Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад».

Бо  мақсади ба Конвенсияи зидди шиканҷа мувофиқ намудани Кодекси ҷиноятии кишвар 16 апрели соли 2012 ба Кодекси мазкур моддаи нави 1431  бо номи «шиканҷа»    ворид карда шуд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷаро нисбати иштирокчиёни мурофиа манъ намуда, далелҳои бо роҳи  зӯрӣ,  таҳдид, азобу шиканҷа, рафтори бераҳмона ва ё усулҳои дигари ғайриқонунӣ  ба даст овардашударо беэътибор эълон менамояд.

Қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, тартиби дар ҳабс нигоҳ доштан ва  иҷрои ҷазои ҷиноятӣ низ истифодаи азобу шиканҷаро манъ менамоянд.

Қонунгузории амалкунанда  кафолатҳои риояи ҳуқуқи шахсро ба озодӣ аз шиканҷа, аз ҷумла  фаҳмонидани ҳуқуқҳои ӯ  дар лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ, ҳуқуқи даст кашидан аз додани нишондод, дастрасӣ ба ҳимоятгар, дар бораи дастгиркунӣ хабардор намудани хешовандон,  дар муҳлати на дертар аз 72 соат гирифтани иҷозати суд барои ҳабси пешакӣ, шикоят кардан ба суд вобаста ба муҳлат ва шароити нигаҳдорӣ дар ҳабс   пешбинӣ менамояд.

Соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» қабул гардид, ки он амнияти иштирокчиёни мурофиа, аз ҷумла шахсони аз  шиканҷа зарардидаро, ки вобаста ба иштирокашон дар мурофиаи судӣ мумкин аст таҳти  фишору зӯроварӣ қарор  гиранд, таъмин менамояд.

Бо мақсади таъмини шароит барои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар пешгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои шиканҷа соли гузашта ҷавобгарии ҷиноятӣ барои туҳмат ва таҳқир  бекор карда шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии аксар санадҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи зидди шиканҷа мебошад.

Оид ба иҷрои уҳдадориҳои  байналмилалӣ мунтазам ҳисоботҳои миллӣ пешниҳод карда мешаванд.

Аз ҷумла моҳи ноябри соли 2012 дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ Маърӯзаи дуюми миллии Тоҷикистон оид ба шиканҷа баррасӣ гардид.

Моҳи майи соли 2012  бошад, бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маърӯзачии вежаи СММ оид ба масъалаҳои шиканҷа ҷаноби Хуан Мендез ба ҷумҳурӣ ташриф овард.

Маърӯзачии вежа  як қатор муассисаи  ислоҳӣ ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҳбусонро аз рӯйи интихоби худ аз назар гузаронида, бо худи маҳбусон, хешовандони онҳо, адвокатҳо, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин роҳбарони аксар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар вохӯриҳо баргузор намуд.

Дар фарҷоми сафар Хуан Мендез аз ҷониби Президенти кишвар ба ҳузур пазируфта шуд, ки оид ба тақвияти минбаъдаи муқовимат бо шиканҷа мубодилаи афкор намуданд.

Кумитаи зидди шиканҷа ва Маърӯзачии вежа оид ба масъалаҳои шиканҷа  иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи пешгирии шиканҷа мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Дар баробари ин, аз ҷониби ин ниҳодҳо ба Ҳукумати кишвар як қатор тавсияҳо оид ба тақвияти минбаъдаи муқовимат бо шиканҷа пешниҳод карда шуданд, ки айни ҳол мавриди иҷро қарор доранд.

Дар ҷумҳурӣ ниҳодҳои барои риояи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла пешгирии шиканҷа ваколатдор таъсис ёфтаанд, ки бомуваффақият амал мекунанд. Аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ арзу шикоятҳои шаҳрвандонро оид ба шиканҷа баррасӣ намуда, дар ҳоли зарурат ба ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва дигар муассисаҳои пӯшида ташриф меорад.

Вазифаи ошкор, пешгирӣ намудан ва тафтиши ҳолатҳои истифодаи азобу шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи мақомоти прокуратура гузошта шудааст.

Ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои истифодаи шиканҷа мақомоти прокуратура мунтазам дар ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон ва муассисаҳои ислоҳӣ санҷишҳо мегузаронад.

Таҳлили маълумотҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа ва ҳолатҳои воқеии даст задан ба чунин кирдор сол аз сол кам шуда истодаанд.

Чунончӣ, ба мақомоти прокуратура дар соли  2010 –ум 48,   соли 2011-ум 26  ва  дар соли 2012 бошад, 22 арзу шикоят оид ба шиканҷа дохил шудааст, ки дар натиҷаи баррасии онҳо  соли 2010 -ум 13, соли 2011- ум 12 ва дар соли 2012  бошад,   9 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар баробари ин, баъзе шаҳрвандон аз таҳаммулнопазирии ҷомеа нисбати шиканҷа истифода намуда, тавассути арзу шикоятҳои бардурӯғ оиди нисбаташон истифода шудани шиканҷа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ  фишор оварданӣ мешаванд.

Чунончӣ, 20 феврали соли 2013  дар рӯзномаи  «Фараж»  мақолаи шаҳрванд Ризоев Маҳмурод таҳти унвони «Президент! Писари маро мекушанд» ба нашр расид. Дар он номбурда зикр кардааст, ки дар Муассисаи ислоҳии 3/3 шаҳри Хуҷанд писари ӯ С.М.Ризоев ва дигар маҳкумшудагон мавриди латукӯби шадид қарор гирифтаанд.

Бояд зикр кард, ки Ризоев Сунатулло Махмуродович бо ҳукми Суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 15 январи соли 2009 барои расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида гардидааст, ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Маҳкумшуда Ризоев дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 шаҳри Душанбе адои ҷазо карда, дар ин муддат барои риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса, нисбаташ чор маротиба  муҷозоти интизомӣ дар намуди танбеҳ ва ворид намудан ба бинои ҷаримавӣ татбиқ карда шудааст.

Мувофиқи хулосаи масъулини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2012 Ризоев С.М. ҳангоми адои ҷазо барои ислоҳ шудан кӯшиш накарда, дар атрофи худ маҳкумшудагони хислати манфӣ ва якчанд маротиба доғи судидоштаро муттаҳид намудааст. Ин ҳолатҳо ба суст гардонидани тартибу низом ва ноором сохтани  вазъи фаврии муассиса оварда, ба ислоҳшавии маҳкумшудагони дигар таъсири манфӣ мерасонад.

Бо назардошти ин асосҳо, маҳкумшуда Ризоев С.М. аз рӯйи хулосаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар баробари маҳкумшудагони дигар ба муассисаи ислоҳии ҳудуди вилояти Суғд интиқол дода шудааст.

Вобаста ба ваҷҳи мақола оиди он ки дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/3 Ризоев С.М. ва дигарон мавриди латукӯб қарор гирифтаанд, қаблан аз рӯйи аризаи волидони онҳо, аз ҷумла М.Одинаев, М.Юлдошева, У.Холмуродова ва Б.Тошев бо иштироки коршиносони судӣ-тиббӣ санҷиш гузаронида шуд, вале ягон осори латукӯб дар бадани фарзандони онҳо ба назар нарасид. Бинобар ин, асосҳои масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст.

Баъд аз он ки шикояти хешу наздикони ин маҳкумшудагон тасдиқи худро наёфтанд, ҳамчун нишони эътироз барои аз Муассисаи ислоҳии шаҳри Душанбе ба муассисаи ислоҳии 3/3 шаҳри Хуҷанд интиқол шуданашон, як гурӯҳ маҳкумшудагон зери роҳбарии маҳкумшудагон С.Б.Тошев ва С.М.Ризоев нақшаи тайёр намудани маводи бадномкунандаи кормандони муассисаро дар бораи латукӯб ва шиканҷа таҳрезӣ намудаанд.

Бо мақсади амалӣ сохтани ин нақшаҳои худ маҳкумшудагон тани худро луч карда, бо дасту шланги резинӣ ба бадани ҳамдигар зада, якдигарро пӯчида, изҳои сохтаи сиёҳу кабудро ҳосил намудаанд. Сипас, яке аз онҳо ҳамчун рӯзноманигор амал намуда, бадани сиёҳу кабудшудаи маҳкумшудагони дигарро ба воситаи телефони мобилӣ сабти навор карда, дар ин асно бо онҳо саволу ҷавоб намудааст, ки гӯё онҳо аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ латукӯб шуда бошанд.

Навори мазкур бо роҳу воситаҳои номаълум аз муассисаи ислоҳӣ бароварда шуда, 12 декабри соли 2012 дар расонаи интернетию хабарии «ozodi.tj» пахш ва боиси муроҷиати хешованди яке аз маҳкумшудагон- Хоҷамуродов Ф. ба рӯзномаи «Azia-Plus» шудааст.

Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки маҳкумшудагон зери таъсиррасонӣ ва маҷбуркунии Тошев С.Б. ва Ризоев С.М., тани худро зада, сиёҳу кабуд карда, тариқи воситаҳои ахбори омма хабари бардурӯғро  паҳн намудаанд.

Оид ба ин ҳодиса 4 феврали соли 2013 нисбати маҳкумшудагон Тошев С.Б. ва Ризоев С.М. бо моддаи 332 қисми 2 (кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346 қисми 2 (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ваҷҳҳои дар мақола овардашуда оиди дар бадани С.М.Ризоев мавҷуд будани ҷароҳатҳо ва навиштаҷоти номи сардори муассисаи ислоҳӣ Арабов санҷида шуд ва муайян гардид, ки баъди оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятии зикршуда 4 феврали соли 2013 маҳкумшуда С.М.Ризоев қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаро риоя накарда, ба талаби қонунии кормандони муассиса ба қисми навбатдорӣ ҳозир нашудааст. Бинобар ин, тибқи талаботи моддаҳои 120-121 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандаи тартиботи дохилӣ бо қарори сардори муассиса ба муҳлати 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ ворид карда шудааст.

Баъд аз ин, санаи 6 феврали соли 2013 тахминан соати 1530 дақиқа назоратчии тавқифгоҳи ҷаримавӣ ошкор кардааст, ки С.М. Ризоев дар ҳуҷраи рақами 2 қарор дошта, бадани худро бо чизе харошида, ҷароҳат расонида истодааст.  Кормандони шуъбаи фаврӣ ва низомии муассиса   ба он ҷо ҳозир шуда, муайян кардаанд, ки С.М.Ризоев бо сангмайдаи аз девор канда гирифтааш дар қафаси синааш бо роҳи соиш дода харошидан (на буридан) изҳои ба навиштаҷот монанд кашидааст. Ин кирдорҳои ӯ фавран пешгирӣ карда шуда, аз ҷониби табиби муассисаи ислоҳӣ ҷойи харошидаҳо бо маҳлули ёд безарар гардонида шудааст. Оиди ин кирдораш С.М.Ризоев аз додани баёнот даст кашида, дар рафти суҳбат иброз намудааст, ки бо сабаби зиқ шудан баданашро бо сангча харошидааст.

Аз рӯйи ин ҳолат бо қарори муфаттиш ташхиси судӣ-тиббӣ таъин гардид. Коршиноси судӣ -тиббӣ муайян намудааст, ки дар қисми   қафаси синаи С.М.Ризоев харошҳо мавҷуд аст, вале онҳо ба ҷароҳати расонидани зарар ба саломатӣ ҳамбастагӣ надорад.           Ин ҳолатҳо тасдиқ менамоянд, ки ҷароҳатҳои маҳкумшуда С.М. Ризоев ба кормандони муассисаи ислоҳӣ ягон алоқамандӣ надоранд.

Ҳамин тавр, ваҷҳҳои дар мақола овардаи муаллиф оид ба шиканҷа додани фарзандаш-маҳкумшуда С.М.Ризоев ва гунаҳгор сохтани вай бо мақсади даст кашидан аз нишондоди қаблиаш, вобаста ба ҷой доштани шиканҷа дар марги Ҳамза Икромзода, асоси воқеӣ надорад.

Айни ҳол, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати С.М. Ризоев ва С.Б.Тошев идома дорад.

Маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон