Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

Мулоҳизаҳои хабарнигор актуалӣ аст

№74(3375) 29.05.2015

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Б. Каримзода «Дар сохтмони роҳҳо риояи талаботи экологӣ ҳатмист»- ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 29 январи соли 2015 таҳти №13 (3314) ба табъ расидааст, ҳамаҷониба баррасӣ намуд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки саҳми роҳҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар ниҳоят муҳим аст, зеро 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Ҳамин аст, ки роҳбарияти олии кишвар бо муҳайё гардидани имкониятҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани мамлакат, ки дар ҳалли он роҳҳои автомобилгард мавқеи асосиро касб мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар бахши ҳифзи муҳити зист ҳангоми баррасии мавод оид ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва татбиқи лоиҳаҳои зикршуда барои риояи талабот дар бахши ҳифзи муҳити зист ҳамаҷониба ҷидду ҷаҳд менамояд.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаҳои то имрӯз ба Кумита воридшуда асосан ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта тааллуқ дошта, онҳо таъмири асосӣ ва навсозӣ карда мешаванд.

Мутахассисони Кумита ҳангоми баррасии лоиҳаҳо оид ба таҷдиду азнавсозии роҳҳо, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда мешаванд, ба таъсири эҳтимолии онҳо ба муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои то ҳадди имкон паст кардани таъсири номатлуб пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмӣ медиҳанд. Тибқи талаботи қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист яке аз ҷузъҳои лоиҳаҳои пешниҳодшаванда «Нақшаи идоракунии ҳифзи муҳит»-и зисти лоиҳа ба шумор рафта, дар он дараҷаи таъсир ба компонентҳои муҳити зист ва роҳҳои бартараф ва ё то ҳадди имкон паст кардани ин таъсирот пешбинӣ мешаванд. Ҳамчунин дар лоиҳаҳо барои иҷрои чорабиниҳо дар самти солимгардонии муҳити зист, барқарор намудани олами набототи зарардида маблағҳои махсус пешбинӣ мегарданд.

Мулоҳизаҳои дар мақола дарҷгардида актуалӣ буда, мутахассисони Кумита барои амалӣ гардидани онҳо ҳангоми баррасии лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои автомобилгард ва раванди татбиқи ин иншоот мусоидат хоҳанд кард.

Х. Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон