Муносибати солим асоси ҳифзи оила аст

№121 (4071) 10.10.2019

Оилаи вайронДар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 6065 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 411 ҳолат бештар мебошад. Ба ибораи дигар, тайи шаш моҳи соли 2019 ҳар рӯз 33 оила (33,5) вайрон шудааст. Мутаассифона, шумораи оилаҳои вайроншуда сол ба сол бештар мегардад.

Суоле ба миён меояд, ки чаро оилаҳо зуд вайрон мешаванд? Барои ба роҳ мондани муносибати солим, ки хишти асосӣ дар устувории оила номида мешавад, чӣ бояд кард?

Роҷеъ ба ин масъала бо сардори шуъбаи ҳуқуқи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Умарова суҳбат намудем.

- Табиист, ки вайроншавии оила мушкили зиёди иҷтимоиро дар пай дорад. Ба назари шумо сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳо дар чист?

- Тайи солҳои Истиқлолият, бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва дарки муҳимияти оила дар пешрафти давлат, таҳкими заминаҳои ташаккул ва дастгирии он ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардид ва аз ҷониби Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт кори зиёд ба анҷом расонида шуд.

Дар моддаи 33 — и Конститутсия омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст».

Ҳар як боби Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манфиати оила равона шудааст, самти алоҳидаи муносибатҳоро фаро мегирад. Дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, на танҳо нисбат ба занон, балки ба ҳама ашхоси дорои уҳдадории оилавибуда имтиёз муқаррар шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи оилаву оиладорӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд ва дар вохӯриҳо, баромадҳо ва паёмҳои худ оид ба ин масъала махсус изҳори андеша мекунанд. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби Президенти кишвар соли 2015 «Соли оила» эълон гардид. Ҳамон сол Консепсияи рушди оила низ тасдиқ шуд. Аз ҷониби мақомоту идораҳои дахлдор дар ин робита ба таври мунтазам чорабиниҳо, вохӯриҳо, суҳбатҳои гирди миз конференсияву семинарҳо доир гаштанд. Мутаассифона, новобаста ба чораҳои андешидашаванда, пошхӯрии оилаҳо яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа боқӣ мемонад.

Омӯзиши омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мушкили пош­хӯрии оилаҳо алҳол ҷаҳонро фаро гирифтааст. Баъзе аз коршиносон ба он ақидаанд, ки бекоршавии ақди никоҳ, махсусан, аз даврае суръат гирифт, ки насли охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-ум, яъне, солҳои охири шӯравӣ ба синни издивоҷ расид. Ин насл дар даврони душвор, шароити номусоиди зиндагӣ тарбия ёфт, ки ба мафкураву рафтору кирдори онҳо бетаъсир намонд.

Сабабҳои дигари бекоршавии ақди никоҳ дахолати ҷониби сеюм, зӯроварии хонаводагӣ, гирифтори беморӣ будани яке аз тарафҳо (ба монанди нашъамандӣ, майзадагӣ, бемориҳои рӯҳӣ, ВНМО ва ғайра), инчунин, ҷойи кори доимӣ надоштани шавҳар, мушкилиҳои молиявӣ, хиёнати яке аз ҳамсарон, муҳлати тӯлонӣ аз ҳам ҷудо будани ҳамсарон, бефарзандӣ ва надоштани ҷойи зисти доимӣ мебошад. Сабур ва таҳаммулпазир набудани ҷавонон низ аз сабабҳои афзоиши ҷудошавии оилаҳо ба шумор меравад.

Ҷудошавии оилаҳо зуҳуротест, ки мушкилиҳои дигар, ба монанди нопурра ва номукаммал мондани тарбияи кӯдакон, аз назари яке аз волидон дур шудан, дар кӯча тарбия ёфтани онҳо, хатари ҳамроҳ гардиданашон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, аз таҳсил дурӣ ­ҷустани ноболиғон ва ғайраро дар пай дорад. Баъди бекоршавии ақди никоҳ, баъзан, ба корҳои ношоям даст задани занон низ мушоҳида мешавад. Илова бар ин, ҳар оилае, ки вайрон шудааст, ба ҳисоби миёна агар ду фарзанд дошта бошад, пас, танҳо дар шаш моҳи соли равон 12 ҳазору 130 кӯдак аз тарбияи ё падар ё модар маҳрум, 6065 зан бешавҳар мондаанд.

- Дахолати тарафи сеюмро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Пеш аз ҳама, мо фарзандро бояд аз хурдсолӣ тавре тарбия намоем, ки иродаи мустаҳкам, қобилияти қарор қабул кардан, лаёқати дар тарозуи ақл ва адолат баркашидани неку бади зиндагиро дошта бошад. Вақте ки барои писарамон ба хостгорӣ меравем, бояд бовар дошта бошем, ки фарзандамон дар ҳақиқат ба ҳаёти мустақилона омода аст. Чун духтарамонро ба шавҳар медиҳем, бояд донем, ки ӯ аз иҷрои вазифаҳояш ҳамчун ҳамсар ва модари оянда мебарояд ё не?

Қабл аз оиладор кардани фарзанд зарур аст, ки ба қабули фарзанди нав ба оила (келин ё домод) худро омода созем. Шахсони сеюм, агар лаёқати оштӣ дорондани зану шавҳарро надошта бошанд, бояд лоақал аз дахолат ва вайрон кардани оилаи фарзанд, оилаи хоҳару бародар ё рафиқу ҳамсоя худдорӣ кунанд. Бигузор зану шавҳар хулоса бароранд ва худашон қарор қабул кунанд, ки якҷоя зиндагӣ кардан мехоҳанд ё не?

- Агар дар оила муносибати солим ҳукмрон бошад, эҳтимоли ҷудошавӣ хеле кам аст. Муносибати солимро чӣ гуна ба роҳ бояд монд?

- Воқеан, барои пойдории оила мавҷудияти муносибати солим миёни ҳамсарон ҳатмист. Муносибати солим бошад, худ аз худ тавлид намешавад, онро низ месозанд, ба мисли сохтмончӣ, ки хишт рӯи хишт гузошта, бино месозад.

Барои он ки дар оянда фарзанд бо аҳли оилааш муносибати солим дошта бошад, бояд аз хурдӣ бо чунин муносибат иҳота гардад. Аз хурдӣ агар кӯдак бо меҳрубонӣ, муомилаи хуб, дӯстдории падару модар ба воя расад, танҳо ҳамин муносибатро ба ҳамсару фарзандон раво хоҳад дид.

Агар падару модар бо ҳам муносибати хуб надошта бошанд, эҳтироми ҳамдигарро надонанд, дағалгуфтору бадрафтор бошанд, фарзанд гумон мекунад, ки ҳамин рафтору гуфтору кирдор дуруст аст ва оянда муносибати оилавиро дар ҳамин замина ташкил медиҳад.

Аз ин хотир, бояд бо амалҳои нек намунаи ибрати фарзандон бошем, гуфтаамон бо кардаамон мувофиқат намояд.

- Миёни ҷуфтҳои аз ҳам ҷудошуда онҳое кам нестанд, ки ба қавле, бо ишқу муҳаббат издивоҷ кардаанд. Оё муҳаббат кафолати хушбахтии оила шуда метавонад?

- Муҳаббат асоси хушбахтӣ ва хушбахтӣ асоси муҳаббати мустаҳкам дар оила аст. Ишқ на ҳамеша кафолати хушбахтӣ шуда метавонад. Ишқ ба зоҳир майл дорад ва дар бештар маврид аз нигоҳи аввал ба вуҷуд меояд. Ҳол он ки ҳар ду тараф хислатҳои ҳамдигарро намедонанд, бо одатҳои якдигар ошно нестанд, танҳо ба сурат, чашму абрӯ, қаду қомати зебо ошиқ шудаанд.

Ин нафарон танҳо баъди зиндагии якҷоя бо одат, хислат ва рафтору гуфтори ҳамдигар ошно мешаванд, ки дар натиҷа, ба вуҷуд омадани ду ҳолат ногузир аст: Ё хислатҳои шахсии ду тараф ба ҳам мувофиқ омада, ишқи онҳо сол ба сол ба муҳаб­бати мустаҳкам мубаддал мегардад ё баръакс, «ишқ» аз байн меравад ва боиси нофаҳмиву хонавайронӣ мешавад.

Ҳаёти оиладорӣ раванди мураккаб аст. Оиларо устувору солим нигоҳ доштан заҳмат металабад. Аз ин рӯ, ҳар як аъзои оиларо лозим аст, вазифаи худро дуруст иҷро намояд. Дар байни зану шавҳар бояд дурӯғ ҷой надошта бошад, онҳо дар ҳама ҳолат ба ҳамдигар боварӣ карда, ҳамдигарро бояд бахшида тавонанд. Ҳам тарафҳои мусбату ҳам тарафҳои манфии якдигарро баробар қабул кунанд. Танҳо дар ин сурат эҳтимоли ноумед шудани ҳамсарон ва рӯ ба ҷудошавӣ овардани онҳо аз байн меравад.

М. УСМОН, «Садои мардум»