«Мы возьмём эту войну»

№57 (4163) 09.05.2020

IMG_0004Воқеан, соли 1941, вақте ки рӯҳияи аҳримании фашизм боло гирифта, мехост зимоми дунёро ба дасти худ дарорад, баробари дигар сокинони муборизи олам, тоҷикон низ бо шуҷоату мардонагӣ ва ба хотири ҳифзи шарафу номус ба ҷанг рафтанд. Иштироки онҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шумораашон беш аз 300 ҳазор нафарро ташкил медод, сабақи зиндагӣ, намунаи ибрат ва матонату қаҳрамонист. Ҳар яке аз иштирокчиён, бешак, қиссаву хотироти талху ширине аз он рӯзҳо доранд, ки омӯзандаанд. Афсӯс, қисми зиёди онҳое, ки аз ҷанг зинда баргаштанд, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Онҳое ҳам, ки дар қайди ҳаётанд, пиру барҷомонда шудаанд, бархеашон, мутаассифона, ҳатто маҷоли гуфтор ва гаштугузор надоранд, хотираҳо ба ёдашон намеояд. Ба ҳар ҳол муҳим он аст, ки онҳо дар ҷанги хуношом ҳамчун муборизони ҷасур алайҳи душмани инсоният ширкат доштанд ва сина сипар карда, ба муқобили душман ҷангиданд. Онҳо душманро шикаст дода, ба мардум шаҳди ғолибият чашонда, шодиву хурсандӣ бахшиданд.

Яке аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Отақул Бустонов аст. Номбурда, замоне ки барои иштирок дар ҷанг даъватнома гирифт, 31 сол дошт. Ӯро моҳи ноябри соли 1941, ҳамроҳи ду гурӯҳи дигар иборат аз 40 нафар, ба ҷанг фиристоданд. Айёме ки ба ҷанг мерафт, ҷавони қоматбаланди тануманд буд. Ҳайати ҷангии онҳо, ки аз сарбозону афсарони таҷрибадида иборат буд, дар сафи пеши ҷабҳа қарор дошт. Набардҳои шадид ва хунинро Отақул Бустонов дар Сталинград пушти сар кардааст. Соли 1942, замоне ки фашистон ба шаҳри Сталинград ҳамла оварданд, гурӯҳи онҳо ба он ҷо сафарбар шуд. Муҳорибаи Сталингард қариб 7 моҳ идома кард ва ниҳоят, бо шикас­ти фашистон хотима ёфт. Пас аз он гурӯҳи Отақул Бустонов дар озод кардани шаҳрҳои Украина иштирок намуд.

Ӯ рутбаи лейтенанти калон дошт ва сарвари гурӯҳ маҳсуб мешуд. Ӯро вазифадор карда буданд, ки ҳеҷ як сарбозро барои иҷрои ягон амалиёт танҳо сафарбар накунад. Ҳамла ба ҷониби душман низ набояд берун аз нақшаи ҷангӣ сурат бигирад. Вагарна барои ҷони ҳар як сарбоз ҷавобгар аст.

IMG_0001 Чун шаҳрҳои Украинаро низ яке паси ҳамдигар озод карданд, алалхусус, шаҳри Киевро, ба Отақул Бустонов ва ҳамсафонаш аз номи Сталин Сипоснома тақдим карда, онҳоро якмоҳа ба рухсатӣ фиристоданд. Умуман, барои мубориза ва нишон додани қаҳрамонӣ алайҳи фашизм ӯ ду маротиба бо Сипосномаи Иосиф Сталин қадрдонӣ шудааст.

Отақул Бустонов ду маротиба ҷароҳат бардоштааст. Бори аввал аз зарбаи оҳанпорае дар натиҷаи таркиши норинҷак аз буни гӯши чапаш сахт маҷруҳ шуда, шунавоиаш осеб дид. Дафъаи дуюм, ки дар натиҷаи ҷароҳати вазнин аз баданаш хуни зиёд рафт, ду моҳ дар беморхона бистарӣ гардид.

Талхии ҷангро ӯ борҳо ҳангоми аз даст додани ёрони ҳамсафаш чашидаву то ҳол дар рӯҳу равонаш ҳис мекунад. Махсусан, аз даст додани Сергей ном сарбози гурӯҳашро ҳангоми озод намудани Полша бисёр бо дарду андуҳ қабул намуд. Сергей, ки яке аз сарбозони ботаҷриба буд, ҳамеша мехост дар сафи пеши ҷабҳа қарор бигирад ва ба душман зарбаҳои нишонрасу муҳлик бизанад. Он рӯз як гурӯҳ фашистон ба муҳосира афтода буданд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ таслим шудан намехостанд. Ҳарчанд ба онҳо пешниҳод карданд, ки агар бо ихтиёр силоҳ ба замин гузоранд, Ҳукумати Шӯравӣ кафолати зинда монданашонро медиҳад, қабул накарданд. Низомиёни шӯравӣ ду-се соат интизор шуда бошанд ҳам, натиҷа нашуд. Ниҳоят, қарор доданд, ки ба ҳуҷум гузаранд. Тавре Отақул Бустонов ба ёд меорад: «Баробари «Ба пеш!» гуфта фармон додани ӯ ҳайати ҷангӣ ба ҳамла гузашт. Сергей, чун одат, дар сафи пеш медавиду бисёр нишонрас тир мекушод. Вале як вақт садои таркиши норинҷак баланд шуду ӯ ба замин афтод». Чун Отақул Бустонов ба наздаш мерасад, мебинад, ки аллакай Сергей аз ду пой маҳрум шудааст. Аз дидани ҳолати Сергей чашмонаш пуроб шуданд. Ӯ мегирист, Сергей бошад, бо овози канда-канда ва ба зӯр шунаво ба командири гурӯҳаш лейтенанти калон Отақул Бустонов мегуфт: «Мы победим!.. Мы возьмём эту войну!..».

Ва ҳамин тавр ҳам шуд: Онҳо ғалаба карданд, бар душмани инсоният — фашизми хунхор пирӯз шуданд. Вале дар бадали ҷони ҳазорҳо нафар чун Сергей, Абдулло, Эргашу Каримҳо…

 

P.S.:

 Отақул Бустонов соли 2018 ба муносибати 75-солагии муҳорибаи Сталинград бо сипос­номаи махсуси Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сарфароз гардонида шуд. Ӯ 12 майи соли равон ба синни 108 медарояд.

 

М. УСМОН,

«Садои мардум»