Нақш ва мавқеи технологияҳои инноватсионӣ дар тибби муосир

№ 28.11.2018

Таҳти чунин унвон 23-юми ноябри соли 2018 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Конференсияи 66-уми солонаи илмӣ — амалӣ «Нақш ва мавқеи технологияҳои инноватсионӣ дар тибби муосир» доир гардид.

Ректори донишгоҳ Маҳмадшо Гулзода қайд кард, ки муассисаи таълимии мо дар омода намудани мутахассисони соҳибмаълумоти соҳаи тандурустӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар мавқеи сазовор дорад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои шинохта, мактабҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмии худ боиси ифтихори миллати тоҷик гардидааст.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Олимзода Насим қайд намуд, ки  натиҷаҳои  бадастомада ва корҳои илмии анҷомдодаи олимони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи хос пайдо  кардааст. Иштироки васеи  олимон аз кишварҳои Олмон, Италия, Ҳоланд, Шветсария, Эстония, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар ҷамъомади имрӯза гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Дар конференсия дастовардҳои олимони маъруфи тоҷик ва 11 давлати хориҷӣ оид ба технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ пешкаши иштирокчиён гардонда шуд.

Дар поёни ҷамъомад дар назди  иштирокчиён дастаи ҳаваскорони  «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо барномаи рангини консертӣ баромад карданд.

Абдухолиқ Мирзозода, «Садои мардум»